Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвозро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Иншооти мазкур сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 1160 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани иншооти мазкур бо барқ як трансформатори иқтидораш 250кВ, дизел-генератори иқтидораш 30кВт насб карда шудааст.

Ҳамчунин дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳҳо сафолакпуш ва назди иншоот чароғон гардидааст.

Баъди ифтитоҳи бинои мақомот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи куҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин