Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз

Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи Парчам сохта шудааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст.

Дар баробари сохтмони тоҷ, парчам ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи маҷмаа гулу буттаҳои ороишӣ низ шинонида шуда, атрофи он чароғон ва ободу зебо карда шудааст.

Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасти миллӣ сурат гирифтааст.

Пас аз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъиноти гуногун дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Зимни баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ин ноҳияи куҳистони мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки маҳз самараи истиқлолияти давлатӣ, тадбирҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории мардум аз сиёсати созанда боис гардид, ки имрӯз шароити кору зиндагии сокинони ноҳия беҳтар гардид.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин