Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ

Агар қариб нисфи масоҳати Тоҷикистонро Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташкил дода бошад, аз нисф зиёди масоҳати вилоят ба ноҳияи Мурғоб тааллуқ дорад. Ин ноҳияи баландкўҳ соли 1932 таъсис ёфта, сокинони он асосан қирғизтабор ва тоҷикони таҳҷоӣ буда, асрҳои аср дар паҳлуи ҳам зиндагии дўстона ва мусолиматомез доранд. Ба ақидаи геологҳо, таги замини ин минтақаи асрорангези ватанамон ганҷи фаровоне ниҳон аст. Он дар дили худ ҳамаи элементҳои системаи даврии Менделеевро ҷо додааст.
Мурзабай Ҷоошбаев - раиси ноҳия зикр кард, ки агарчӣ дар ин минтақа садсолаҳо пеш мардум зиндагӣ мекарданд, қадамҳои аввалин ба ҳаёти пешқадам дар ин ҷо ба солҳои аввали ташкили ноҳия рост меоянд. Роҳи Ўш-Хоруғ, ки мардум онро он замон "роҳи ҳаёт" ном мебурданд, дар ҳамон солҳо сохта шуду ноҳияро, аз як тараф, бо дигар манотиқи кишвар ва аз тарафи дигар, бо Ҷумҳурии Қирғизистон пайваст. Дар ноҳия аввалин мактабу муассисаҳои табобатию фарҳангӣ, ба тамоми ҷамоатҳои деҳот, ки ҳар кадоме аз маркази ноҳия дар масофаи аз 60 то 120 километр воқеъ ҳастанд, роҳҳои мошингард бунёд гардиданд. Аммо чуноне мардони солхўрдаи ноҳия мегўянд, дар замони шўравӣ, ки 60 соли таърихи ноҳия ба ин давра рост меояд, аз роҳбарони баландпояи Тоҷикистони Шўравӣ фақат котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсун Ўлҷабоев соли 1960-ум ба ноҳия омадаасту халос. Дигар ба ин минтақаи дурдасти кишвар ягон роҳбари сатҳи ҷумҳуриявӣ қадам нагузоштаасту нисбат ба ҳалли мушкилоти мардуми меҳнатқарини ин сарзамин таваҷҷуҳе зоҳир накардааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб панҷ маротиба ташриф оварданд ва ҳар як сафари Роҳбари давлат ба ноҳия таърихию тақдирсоз маънидод карда мешавад. Сафари нахустини Пешвои миллат ба ин ноҳияи баландкўҳ соли 1995 ба вуқўъ омада буд. Бо вуҷуди он, ки Мурғоб аз минтақаҳои даргири кишвар фарсахҳо дур буд, вале нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият шароити зиндагии мардуми ноҳияи моро ҳам хеле душвор гардонда буданд. Мардум бар асари роҳбандӣ бо маркази мамлакату дигар минтақаҳои он ба пораи нону ҷуволи ангишту банди ҳезум зор гашта буд. Дар ҳамин ҳол нахустташрифи Пешвои миллат ба ноҳия сурат гирифт, ки он барои мардуми ноҳия хеле хотирмон, таърихӣ ва тақдирсоз гардид. Муҳимтарин таассуроте, ки ин сафари Ҷаноби Олӣ дар дили мардум ҷойгузин кард, ин умед ба фардои нек буд, ки он вақт мардум ба он хеле ниёзмандӣ дошт. Баъди ин ташриф мардум бар он эътимоди комил пайдо кард, ки ин нобасомониҳо муваққатианд ва сулҳу субот дар Тоҷикистон барқарор, зиндагии осоиштаи мардум таъмин мегардад. Зеро онҳо чунин сарвари азизу маҳбуб ва дурандеш доранд.
- Баъди сафари аввали Роҳбари давлат ба ноҳия,- афзуд Мурзабай Ҷоошбаев,- Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия иборат аз 18 банд қабул гардид ва дар доираи амалисозии он сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимию табобатӣ ва як қатор нуқтаҳои хизматрасонӣ дар марказ ва ҷамоатҳои деҳот шурўъ гардид. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия бинои дуошёнаи муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда, биноҳои бонкҳои тиҷоратӣ, тоҷиктелеком, нуқтаҳои нави савдо, қаҳвахонаю ошхона ва меҳмонхонаҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар худи ҷараёни сафари аввалинашон ба Мурғоб Роҳбари давлат муҳимтарин масъалаи онрўзаи сокинони ноҳия - таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву табобатӣ ва хонаҳои мардумро бо сўзишворӣ ҳал кард. Ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, бо супориши Президенти кишвар бо ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуданд. Ноҳия имрўз аз минтақаи Алайи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҳамшафати ноҳияи мост, бе пардохти боҷи давлатӣ ангишти босифат гирифта истодааст.
Дар ҷараёни сафари дувумашон Роҳбари давлат сахтии иқлими Помири Шарқиро ба ҳисоб гирифта, дастур доданд, ки дар самти таъминоти иҷтимоии аҳолии ноҳия тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, бо супориши Сарвари кишвар ҳаҷми нафақа барои сокинони ноҳия 2,5 баробар зиёд карда шуд. Маоши вазифавии коркунони тамоми муассисаҳои ноҳия нисбат ба дигар манотиқи кишвар 50 фоиз зиёд карда шуд. Вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ва маориф хеле беҳтар гардид. Имрўз дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 6 маркази саломатӣ, ҳамчунин марказҳои назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, вируси норасоии масунияти одам, эмкунӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тибби оилавӣ ва ғайра амал мекунанд, ки бештарашон зодаи даврони истиқлолиятанд. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ҳар сол бо мақсади такмили ихтисос кадрҳои маҳаллӣ дар калонтарин беморхонаҳои кишвар, шаҳрҳои Москва ва Санкт - Петербурги Русия ва мамолики дигари пешрафтаи дунё таҳсил мекунанд, ки ин ҳам ба шарофати истиқлолияти миллӣ имконпазир гардидааст. Дар ноҳия 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки таъминоти онҳо бо кадрҳои боихтисос ба шарофати ғамхории падаронаи Пешвои миллат ҷиҳати ташкили квотаҳои махсуси президентӣ (ҳар сол 100 квота) ва 24 квотаҳои президентии муқаррарӣ барои хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Мурғоб сол ба сол беҳтар мегардад. Ба ин хотир, мо ҳамчунин кўшиш менамоем, ки мутахассисонро аз дигар навоҳии кишвар, бахусус ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим, ки ҳамшафат бо ноҳияи мо мебошанд, бо пешниҳоди шароитҳои беҳтари буду бош ва кор дар маҳалҳои дурдаст ба кор ҷалб намоем, ки ин натиҷаи дилхоҳ дода истодааст. Дар сафари сеюмашон Ҷаноби Олӣ ба марҳилаи аввали сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Кулма-Қароқурум ҳусни оғоз бахшиданд. Президенти мамлакат зимни суханронӣ ҳангоми ифтитоҳи ин қисмати Шоҳроҳи Абрешим изҳор доштанд: "Ин роҳ ду қитъаи бузург - Осиё ва Аврупоро ба ҳам пайваст сохта, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо роҳи кўтоҳтарин ба Хитой, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, ба уқёнусу бандарҳои ҷаҳонӣ барояд". Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи Мурғоб-Кулма корҳои ободонӣ дар қаламрави ноҳия вусъати тоза пайдо карданд. Зеро имрўз ноҳияи Мурғоб дигар он минтақаи дурдасту касногузар не, балки як минтақаи сарироҳӣ гардидааст. Аз ин минтақа ҳамарўза мошинҳои пурбор мусофиркаш аз Ҷумҳурии халқии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои поёнии кишвари мо ва баръакс равуо доранд. Агар аз ҳар мошин дар ноҳия ба миқдори гарде чизе монад, дар маҷмўъ ин ҳам як давлати калон мешавад. Тавассути ин роҳ дар деҳоти ноҳия теъдоди зиёди меҳмонхонаю қаҳвахонаҳо, дигар муассисаҳои хизматрасонӣ сохта шуданд, бисёр одамон соҳиби ҷои кор гардиданд. Умуман, бо сохта шудани роҳи мошингарди Мурғоб-Кулма ва пайваст гардидани он бо шоҳроҳи Қароқурум, пайваст гардидан ба шабакаи ҷаҳонии интернет, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот фаъол гардидани шабакаҳои телефонии мобилӣ, истгоҳҳои қабул ва интиқоли барномаҳои телевизионӣ дар ноҳия яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ асосан иҷро гардид. Имрўз проблемаи ҷиддӣ дар тамоми қаламрави ноҳия нарасидан ва дар ҷамоатҳои деҳот умуман мавҷуд набудани нерўи барқ мебошад. Барои аз байн бардоштани мушкилоти бебарқӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намуда, дар сафари навбатиашон Пешвои миллат нахустсанги бинои неругоҳи барқи обии "Оқсу" - ро гузошт. Дар ноҳия азнавсозии нерўгоҳи барқии "Оқсу" ба маблағи 86 миллион сомонӣ ба анҷом расида, проблемаи таъминоти маркази ноҳия ва деҳоти атроф бо барқ ҳалли худро пурра ёфта истодааст. Имсол дар арафаи рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои бахши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 13,5 млн. сомонӣ, бинои ҳифзи муҳити зист бо маблағи 1,9 млн. сомонӣ, ҷамоати деҳоти Мурғоб бо маблағи 850 ҳазор сомонӣ, толори варзишии назди мактаби рақами 9 ба маблағи 1,45 млн. сомонӣ, беморхонаи маркази ноҳия ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ, бинои гумрук бо маблағи 2 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Умуман, ноҳия дар ҳамаи ҷабҳаҳо дар 27 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт дошта, ҳамаи инро мардум ба Пешвои миллат марбут медонанд ва ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати бепоён доштани худро изҳор менамоянд.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин