Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ШОҲКОРЕ БАРОИ ТАЪРИХ

Кўҳро, вақте дар доманаш истодаӣ, намедонӣ, ки хурд аст ё бузург. Азамату ҳашаматашро замоне пай мебарӣ, ки онро аз дуродур, дар радифи дигар пастию баландиҳо бубинӣ. Ва ҳамин тавр, ҳар андоза дуртар мешавӣ, кўҳ ба назорат ҳамон қадар азиматар ҷилва мекунад.
Воқеаҳои таърихӣ низ ба ҳамин суратанд. Одамон дар гармогарми ҳаводис, вақте даргири ҳалли масъалаи муҳими рўзашон ҳастанд. Аз аҳмияти он барои оянда тасаввуроти равшане надоранд, намедонанд, ки кори онҳо барои таърих чӣ қиммате хоҳад дошт.
Воқеан ҳам он, касоне, ки моҳи декабри соли 1992 худро бо ҳазору як мушкил хавфу хатар аз замин ва ҳаво ба шаҳри Хуҷанд, ба иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ расонда буданд, вакилони Шўрои Олӣ, аъзои ҳукумат, вазирон, раисони вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо интизори муъҷиза набуданд.
Мамлакат ба гирдоби беҳокимиятиву нофармонӣ ғутавар, ҳукумат, парламент ба бозичаи дасти намоишгарон табдил ёфта буданд. Хостанд, вакилони Шўрои Олиро гаравгон гирифтанд, хостанд, истеъфои маҷбурии Президенти қонуни интихобшударо ба даст оварданд. Горди президентии оҷилан таъсисёфта, ки ҳифзи давлату ҳукумат ба зимааш буд, ноуҳдабароӣ карда, яроқҳояшро ба намоишгарон, мухолифони ҳукумат таслим намуд. ҳамин тавр, давлат дар муқобили ғосибони қудрат, ки бо таҳрики доираҳои манфиатдори хориҷи намоишҳои эътирозии мардумро ба силоҳи авомфиребонаи хеш табдил дода буданд, дар муқобили дастаҳои мусаллаҳ шудаистодаи онҳо беҳимоят монд-Милитсияву амният ҳам ё худро аз ин амалҳои мудҳишу ҷинояткорона канор кашиданд, ё дар муқобилат бо онҳо коре карда натавонистанд. Кишвар дигар кишвари воҳид набуд. Дар ин ё он гўша задухўрдҳо ба амал меомаданд. Дар минтақаи Қурғонтеппа ҷанг двом дошт, хонаҳо ба коми оташ мерафтанд, мардум кушта мешуданд, садҳо ҳазор нафар аз мамлакат фирор карда, рў ба ҳиҷрат оварданд. Минтақаи Кўлоб бошад, гирифтори ҳалқабанди иқтисодӣ, мардум аз гуруснагӣ азият мекашиданд, мемурданд, ба бемориҳои гуногун мубтало мешуданд. Шаҳру навоҳӣ, ҳатто деҳу маҳаллаҳои алоҳида барои хеш дастаҳои муҳофизатӣ доштанд. Иқтисоди кишвар бошад, ба ҳадди поинтарини рушдаш расид, аксари корхонаҳо фаъолият надоштанд, заминҳо кишт намешуданд. Кушишҳои сулҳу созиш бошанд, бенатиҷа анҷом меёфтанд. Иҷлосияҳои Шўрои Олӣ дар он замон ба ҷамъомадҳое монанд буданд, ки баҳсҳои беохирашон дар бораи вазъи ҷумҳурӣ ё ба натиҷае намеоварданд, ё қарорҳои қабулкардаашон иҷронашудаю рўйи қоғаз мемонданд.
Дар чунин шароит кӣ гуфта метавонист, ки иҷлосияи Хуҷанд ҳам мисли дигар иҷлосияҳои қаблӣ намешаванд? Ҳукумати қонун барқарор мегардад? Давлат замони қудратро ба даст мегирад? Роҳи қатъӣ ва бебозгашти сулҳ пеш гирифта мешавад? Тоҷикистон аз парокандагӣ наҷот меёбад? Вазъи он рўзҳоро дида, гуфтан маҳол буд, ки касе ба чунин фардои нек бовар дошта бошад, гарчанде ин гуна орзуҳои ширин дар дил буд. Аммо муъҷиза воқеъ шуд. Иҷлосияи Хуҷанд воқеан ҳам ба роҳи наҷот ибтидо гузошт ва сароғози гардишӣ куллӣ дар ҳаёти кишвар гардид. Имрўз, ки аз баргузори он иҷлосияи сарнавиштсоз 25-сол сипарӣ мешавад, мо дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишварамон, беҳбуди вазъи зиндагии мардум ва авзои печидаи ҷаҳони муосирро дида, бо дили пур метавонем ин иҷлосияро оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти мамлакат биномем. Дар ҳақиқат, ҳамааш аз иҷлосияи XVI шуруъ шуда буд.
Ин дигаргунии куллӣ, ин муъҷиза бо номи Пешвои миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо он сиёсате, ки Ҷаноби Олӣ давоми 25 соли роҳбарӣ ба кишвар дар ҳама ҷодаҳои собит қадамона амалиаш мегардонанд, сахт вобаста аст. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон дар он иҷлосия Раиси Шўрои Олӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб шуданд. Бо райъи аксари мутлақи вакилони Шўрои Олӣ. Бо вуҷуде на ҳама умри муддавоми ҳукумати нав бовар доштанд, тарси беҳокимиятӣ, тарси вазъи мавҷуд ҳамаро музтар мекард. Руҳияи мазкур махсусан вақте ошкор шуд, ки навбати интихоби сарварони вазоратхонаҳо омад. Шахсони пазируфташуда пешбарии номзадиашонро ба вазирӣ рад мекарданд, бо баҳонаҳои сохта аз ин кор даст мекашиданд.
Муҳимтарин сухане, ки иштирокдорони иҷлосияи XVI тамоми мардуми Тоҷикистон аз забони Сарвари ҷавони кишвар баъди интихобашон ба ин мақоми олӣ шуданду он ҷавоби дилхоҳ ба саволҳои гуфтаву нагуфтаи ҳамагон гардид, ҳарфи сулҳ буд. «Ман ба шумо сулҳ меоварам!» нидое буд, ки дар дили миллионҳо нафар мардум шуълаи умедро барафрўхт. Ҳаёт аз ҳамон рўзҳои аввал нишон дод, ки ин гапи хасакиву ҳавоӣ, ваъдаи навбатии дурўғини авомфиребона набудааст. Он қавли ҷавонмард будааст. Мо сонитар ба баёни он мепардозем, ки давлати навини Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна дар роҳи амалӣ сохтани ин нияти нек, ҳалли масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон собит қадамонаву қотеъона талош кардааст. Аммо ҳоло дар бораи дигарҷанбаъҳои аҳмияти таърихии иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар ҳаёти кишвар. Сулҳ, муҳимтарин масъала буд, аммо иҷлосия масъалаҳои дигареро низ баррасӣ кард, ки барои давлати ҷавон аз масъалаи сулҳ арзиши камтар надоштанд. Аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими иҷлосия, масалан, тавре ишора рафт, ташаккул додани ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо буд, ки муваффақона ҳал гардид. Пас аз анҷоми кори иҷлосия ҳамаи мақомоти муҳими ҳокимият дар Душанбе фаъолияташонро оғоз намуданд, кори идораву иншооти ҳаётан зарур дар навбати аввал ба роҳ монда шуд. Иҷлосия рамзҳои муҳими давлатдорӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллиро қабул намуд ва ҳамин тариқ мустақимияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон ифодаи расмӣ пайдо кард. Муқаддасоти мазкури миллӣ имрўз мояи ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор мераванд.
Артиш яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар ҷаҳони пуртазоду пурмуноқишаи имрўз кишваре, ки артиши таълимдидаю муҷаҳҳаз надорад, худро ҳеҷ гоҳ эмин ва осудаю ором ҳис карда наметавонад. Маҳз набудани артиш буд, ки бадхоҳони миллати тоҷик, душманони оромию осудагии Тоҷикистонро дар марҳалаи аввали иҷрои ин қадар амалҳои ғайри инсонию мудҳиш ва харобкорона таҳрик дод, кишварро ба гирдоби анги бародаркуши дохилӣ кашид. Бинобар ҳамин, қарори Раёсати Шўрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 декабри соли 1992 қабул шуд, дар ҷумлаи нахустин санадҳои муҳими давлатист, ки он шабу рўзҳо ба тасвиб расида буданд. Аллакай пас аз ду моҳ, рўзи 23 феврали соли 1993 дар майдони «Исмоили Сомонӣ»-и пойтахт баргузор шудани паради ҳарбии намояндагони қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба муносибати Иди Қувваҳо Мусалаҳ баёнгари он аст, ки корҳо дар он айёми пуртаҳлука бо чӣ суръате ҷараён доштанд. Артиши миллӣ он давра ҳам худашро месохт, ҳам дар набардҳо бо мухолифони мусаллаҳ аз тамомияти арзиву истиқлолияти арзиву истиқлолияти кишвар дифоъ мекард. Ба зудӣ аз иҷлосияи XVI дере нагузашта Қувваҳои аллакай назорати тамоми қаламрави кишварро дар ихтиёр доштанд. Давоми солҳои минбаъдаи истиқлолият Артиши миллии мо зимни амалҳои бобарори ҳарбӣ муқобили дастаҳои исёнгари Маҳмуд Худойбердиев, Раҳмон Сангинов, абдуҳалим Назарзода, дар рафти машқҳои сершумори муштарак бо ҳамтоёни хориҷиашон аз кишварҳои ИДМ борҳо собит карданд, ки онҳо то ба як қувваи ҷиддии ҳарбӣ каол ёфтанду вазифаи сангину пурифтихори бардўшашон қарордоштаро сарбаландона ба ҷо оварда метавонанд. Ин, албатта, натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз нахустин рўзҳои таъсиси артиш нисбати таълим ва тарбияи низомиён, таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъминоти қўшунҳо зоҳир мегардид.
Тавре дар боло ишора рафт, муҳимтарин масъалае, ки иҷлосияи XVI, Сарвари тозаинтихоби Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштанд, барқарории сулҳу субот буд. Суханони пурсўзи Сарвари давлатамон дар мавриди он, ки «То вақте як гурезаи тоҷик дар ғурбат аст, ман худамро ором эҳсос намекунам «Маҳз дар ҳамин иҷлосия садо дода буданд.
Ва ҳамин тавр ҳам карданд, иҷрои қавлашон камар бастанд. Фавран баъди иҷлосия ҳайате аз вакилон ба ҳидояти Сарвари давлат Панҷи Поён, назди фирориён рафтанд. Ҳоли тараҳҳумовари онҳоро диданд, даъваташон карданд, ки ба ҷойҳои муқимии зисташон баргарданд. Барои амнияту зиндагии оромашон кафолати шахсӣ доданд. Сонитар боз ба минтақаҳои ҷанг задаи вилояти онвақтаи Қурғонтеппа сафар доштанд, харобаҳои бозмондаи ҷанг, хонаҳои сухтаю валангор, аҳволи мардумро диданд
Ин гуна сафарҳо, диду боздидҳо бисёр буданд ва ҳар як нишон аз шуҷоату мардонагӣ ва ғамхориҳои сарвари давлат доранд. Маълум аст, ки на ҳамаи ин дидорҳои бевосита ткардани инҷу бехатар буданд. Инро касоне зикр карданд, ки Пешвои миллатамонро дар ин ё он сафар ҳамроҳӣ намудаанд. Аз он ёд овардаанд, ки чӣ тавр Сарвари давлат либоси саҳроии низомӣ дар бар барои озод кардани сарбозони асирафтодаи тоҷик ба минтақаи амалиётҳои ҷангӣ, ба Тавилдара (Ҳоло Сангвор) парвоз намуд, ба ҷангиёни Инот бевосита гуфтушунид кард ва сарбозонро аз асорат озод сохт.
Ҳар як аз ин сафарҳо натиҷаҳои амалӣ низ дар пай доштанд. Бо қарорҳои ҳукумат ҷойи хонаҳои хароба биноҳои нав қомат рост кардан два ба соҳибонашон ройгон дода шуданд, ба фирориёни бозгашта, ҳамчунин, дар қадамҳои аввал кўмакҳои молиявӣ ҷудо мегардид. Барои кишваре, ки мувоҷеҳи буҳрони сартосарӣ буд, иҷрои ҳамаи ин корҳо осон даст намедод, вале сулҳу созиш тақозо дошт, то ҳар кори ғайриимконро имконпазир бигардонӣ, тақозои сулҳу оромӣ буд, ба зуди, пас аз иҷлосияи XVI фармонҳои Сарвари давлат дар бораи авфи гуноҳи шахсоне, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, дар бораи ихтиёрӣ супоридан ва мусодираи яроқу аслиҳаи дар ихтиёри аҳолӣ ғайриқонунӣ қарордошта ба имзо расиданду мавриди амал қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, ҳамин тақозои сулҳу оромӣ дар кишвар буд, ки аз соли 1994 гуфтушунидҳои миёни намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон (ИНОТ) шуруъ шуданд. Ин музокираҳо то соли 1997 идома ёфтанд, ки раванди чандон саҳлу осоне набуд. Онҳо ҳашт даврро дар бар гирифта дар мамлакатҳои мухталиф баргузор мешуданду борҳо аз пайи истодагарии тарафҳо ба бунбаст ҳам рў ба рў омаданд. Чанде аз ин музокироти бевоситаи Сарвари давлатамон сурат гирифтаанд. Даври ниҳойии он 27 ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид, ки ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима до два кишварро ба маҷрои сулҳу субот боз гардонд. Ҳамин тавр, бо қатъияту собитқадамии Сарвари матину фидокори Тоҷикистон, давлатмарди тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин вазифаи ба миён гузоштаи иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ҷомаи амал пўшид.
Баъди қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, то иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ва дар ҷараёни он давлати нав таъсис дар ҷустуҷўи роҳи пешрафт буд. Конститутсияи пешин, ки аз замони Шўравӣ мерос монда буд, барои давраи нав кор намеомад. Бо назардошти анъанаҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Қонуни асосие таҳияву қабул намуданд лозим буд, ки самтҳои ояндаи рушди давлат, сохтор, ҳадафу вазифаҳои онро муайян созад, хостаҳову ниёзмандиҳои тамоми шабакаҳои чомеаро ба назар гирад. Сарвари давлат дар иҷлосияи XVI аз роҳи пешрафти кишвар ибрози назар карда изҳор карданд, ки ҷонибдори давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимои мебошанд. Дар ин гуна давлат ҳамаи манфиатҳо ба назар гирифта мешаванд ва он суботу пешрафтро таъин хоҳад сохт. Дар Конститутсияи Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ҳамин гуна давлатдорӣ маҳаки асосӣ қарор гирифт. Яъне, ин иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ, ба навъе, самти рушди кишварро низ муайяну мушаххас сохта буд, ки он тавассути қабули Конститусияи давлати соҳибистиқлол аз тарафи умум пазируфта шуд.
Тавре Пешвои миллатамон дар суханрониҳояшон чандинбор таъкид карданд, рушди иқтисодӣ дар кишвари мо аз соли 2000-ум баъди итмоми ҷанг ва бартараф намудани оқибатҳои он шуруъ шудааст. То ин вақт иқдоми назаррас дар ҷодаи иқтисод он буд, ки бо фармонҳои Президенти мамлакат як бор 50 ҳазор гектар ва маротибаи дуюм 25-ҳазор гектар ҳамин бо ихтиёри деҳқонон дода шуданд. Ин иқдомҳои саривақтию хайрхоҳона мардумро дар айёми бурҳонии кишвар аз гуруснагӣ наҷот бахшиданд. Аз соли 2000-ум бошад, кишвар бар пояи рушд расид, нишндодҳои солонаи рушд тамоюли мусбӣ пайдо карданд. Ҳамаи мувафвақияту дастовардҳое, ки давоми 17 соли охиркишварамон дар ҷодаҳои сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт комёб шудааст, натиҷа ва идомаи он корҳоеанд, ки оғозашонро иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ соли 1992-юм гузошта буд. Дар кишвар се самти стратегии рушд муайян ва ҳаракат дар ин самтҳо бомаром пеш рафт, ки онҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизои мебошанд. Дастовардҳои мо дар ин ҷодаҳо беназиранд.
Дар соҳаи неру, энергетика. Давоми ин солҳо дар кишвар нерўгоҳҳои навобии барқии «Помир-1», «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2», маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2 сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки истеҳсоли неруи барқ дар кишвар хеле афзоиш ёбад ва зимистони имсолро нахустин бор тамоми қаламрави кишвар бидуни лимити барқ сипарӣ мекунад. Яъне, истиқлолият дар нерўи барқ, ҳамчунин, дар ангишт алакай воқеият аст. Ба ҷуз ин, соли оянда аввалин агрегати неругоҳи обии барқии Роғун ба истифода дода мешавад, бунёди хатти баландшиддати барқии «CASA-100» ба ҷониби Афғонистону Покистон давом дорад. Дур нест рўзе, ки Тоҷикистон ба содироти густардаи нерўи ба хориҷи кишвар оғоз намояд.
Раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ. Дар кишвар садҳо километр роҳ таҷдиду навсозӣ шуданд, нақбҳо пулҳои нав ба миён омаданд, бунёди хатҳои нави роҳи оҳан минтақаҳои Қурғонтеппаю Кўлоб ва онҳоро ба пойтахти кишвар васл сохтанд. Акнун тамоми минтақаҳои кишвар аз тариқи роҳҳои автомобилгард ҳама фаслҳои солу бе баромадан ба хориҷ бо ҳам пайванданд Роҳи оҳани Туркманистон-Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон, ки сохтанаш дар нақша аст, моро ба ҷануби Осиё хоҳад бурд. Ҳамин тариқ, кишвар аз бунбасти нақлиёт низ раҳо шудааст ва акнун навбати он аст, ки Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил гардад.
Амнияти ғизоӣ. Истеҳсоли ғаллаю картошка дар мамлакат зинаи якмиллиониро фатҳ карда аст. Махсусан бунёди боғи токзорҳо ба маротиб ривоҷ ёфтааст, ки содироти ҳосили онҳо ба хориҷа сол то сол зиёд мешавад. Тавлидоти анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ, гўшту тухм, моҳию асал ва ғайра низ назар ба солҳои қаблӣ хеле пеш рафтааст. Омилҳои мазкур вазъи иҷтимоии мардумро ба таври чашмрас беҳбуд бахшидаанд.
Дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, пешрафтҳои дигари иқтисодӣ имкон доданд, ки мо акнун нияти аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро пеши худ ҳадаф қарор бидиҳем. Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки то соли 2030-ро дар бар мегирад, барои кишвар ояндаи басо дурахшон ва зимнан, воқеаро пешгўйӣ мекунад. Таъкидан мегўем, ин ҳама натиҷаи он роҳест, ки асосашро иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта буд.
Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки агар мардум якдилу якмаром набошанд, агар ҳар нафар аробаи худро бикашад, агар ваҳдати миллӣ набошад ва ё нокомил бошад, он ҷомеаро ба чӣ оқибатҳои ногуворе рў ба рў карда метавонад. Дар иҷлосияи XVI ҳамагон дарк карда буданд, ки яке аз иллатҳои ин ҷанги бемаънӣ ҳамин, бебақоиву ноустувории ваҳдати миллист. Аммо барои ҳалли фарогири масъалаи мазкур алакай дер шуда буд. Охир даҳсолаҳо, шароитҳои созгори иқтисодию иҷтимоӣ лозиманд, то дар ҷомеа фарҳанги сиёсӣ, эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ ташаккул ёбанд. Вале дастёбӣ ба сулҳу созиш, қатъи ҷанг қадами аввал дар роҳи ҳалли масъалаи мазкур буд, ки Пешвои миллатамон дар ҳамон иҷлосия ин вазифаро ба миён гузоштанду иҷрои онро пайгирона то ба нуқтаи ниҳоиаш расониданд.
Ба манзуре, ки суботу оромӣ дар ҷомеа таъмин бошад, мардум манфиатҳои умумимиллиро аз ҳама гуна манфиатҳои дигар маҳаллию гурўҳӣ болотар гузоранд, ба ҷангу хунрезиҳои дохилӣ дигар роҳ дода нашавад, баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ мақсади тақвият додани ваҳдати миллӣ аз вазифаҳои умдаи давлату ҷомеа қарор гирифта. Ана, ҳамин ҳадафҳои наҷибона фикри таъсиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ба миён оварданд, ки ташаббускору бунёдгузораш Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Он имрўз садҳо ҳазор нафар одамони гуногунақидаю гуногунтоифаро атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ, дар роҳи ободию шукуфоии ин Ватан муттаҳид сохтааст ва барои тақвияти ваҳдати миллӣ фаъолияти густардаи таблиғию маърифатиро роҳандозӣ мекунад.
Хулласи калом, иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ибтидои гардиши куллӣ дар ҳаёти кишвар оғози бедорӣ сарманшаи ваҳдати миллие буд, ки то кунун барои халқ ва давлати мо самараҳои зиёде ба армуғон овардаасту меоварад.
Мирзошоҳрух АСРОРӢ,
Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати
миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин