Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

Мулоқот бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти мамалкат шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ кишвари мо барои татбиқи ҳадафҳои консепсияи Иттиҳод фаъолона мусоидат намуда, дар рушди ҳамгироии давлатҳо дар доираи иттиҳод нақши назаррас мегузорад.

Ба нақши Тоҷикистон дар давраи раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт ва инфрасохтори соҳа, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва гуманитарӣ баҳои баланд дода, ҷонибҳо саҳми кишвари моро дар таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод дар соҳаи ҳарбӣ, ҳарбӣ –техникӣ, ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Сергей Лебедев ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ИДМ доир ба марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, муқараротҳои Шартнома оид ба минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ИДМ вобаста ба эълон намудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои марбут ба ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
http://www.president.tj/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин