Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Ифтитоҳи Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.

Боғи мазкур, ки дар майдони қариб 3 гектар доман густурдааст, идомаи тадбирҳои созандаву пайгиронаи шаҳрдорӣ буда, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» воқеан ба як макони истироҳату фароғат табдил дода шуд. Мақсад аз бунёди он фароҳам овардани шароити арзанда барои меҳмонону сокинони пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар ҷараёни бунёд то 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, дар Боғи ба номи Аҳмади Дониш зиёда аз 11 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 12 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудаанд.

Барои чароғонкунии боғ 225 адад сутунпояи аз 4 то 9-метра ва шумораи зиёди дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд, ки ҳудуди ин иншооти фарҳангӣ-фароғатиро шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо менамоянд.

Ҳамзамон корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо як завқи баланд амалӣ гардида, дар ин ҷо бо ҳидояти Пешвои миллат наздики 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, ки бештари онро аз хориҷи кишвар овардаанд, шинонида шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди Боғи ба номи Аҳмади Дониш ҷойи бозии кӯдакону наврасон бунёд карда шудааст, ки дорои аттраксионҳо ва бозичаҳои худҳаракаткунанда мебошад. Масоҳати умумии ин қитъа 1238 метри мураббаъ буда, таҷҳизоти он асосан аз Туркия ва Италия ворид карда шудаанд.

Боғи наве, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Аҳмади Дониш гузошта шуд.

Аҳмади Дониш яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқӣ гузоштааст.
http://www.president.tj/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин