Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

Боздид аз Боғи миллии Шинҷуку (Shinjuku Gyoen National Garden)

Рӯзи 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Япония дар шаҳри Токио аз Боғи миллии Шинҷуку боздид ба амал оварданд.

Боғи Шинҷуку бо якчанд боғи дигар дар ҳудуди шаҳрҳои Шинҷуку, Сибуя ва Токио ҷойгир аст. Он соли 1906 дар ҷойи бӯстонсаройи Даимё-Наито, ки асрҳои пеш барои истифодаи шахсии император бунёд шуда буд, таъсис ёфт.

Масоҳати умумии боғ 58,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо беш аз 100 ҳазор дарахт, аз ҷумла 1300 навъи сакура парвариш меёбад. Дар фасли шукуфтанҳо боғи Шинҷуку макони дӯстдоштаи сайру сайёҳати сокинону сайёҳон мегардад.

Он ба се қисм - японии анъанавӣ, франсузӣ ва боғи англисӣ тақсим шуда, дар боғи ботаникӣ навъҳои хеле зиёди растаниҳои тропикӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин ҷо навъҳои нодири платан ва дарахтони лола парвариш меёбад.

Дар фасли баҳор олу, магнолияи сафед ва сакураҳо, дар тирамоҳ савсанҳои нилӣ ва дарахтони зайтун гул мекунанд.

Боғи миллии Шинҷуку яке аз боғҳои машҳури Токио ба шумор рафта, онро нигини санъати боғпарварии давраи Мейдзӣ меноманд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамошои боғ таассуроти нек бардошта, ба коргарону масъулони боғ барои парвариши ниҳолҳои нодиру зебо баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат аз гушаву канори олам, аз кишварҳои хориҷ навъҳои гуногуни дарахтони сояафкану ороишӣ барои корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ворид карда мешавад.

Қариб дар ҳама фаслҳои сол кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо гулу буттаҳои рангоранг ва ороишӣ, инчунин дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар, оро дода мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин