Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов


Дар доираи сафари кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони хусусии “Нурафшон” - ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, маҷмуъи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бино бошад, барои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистон 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон, ҳавзи оббозӣ, ошхона барои 50 нафар, катҳои хоб барои 200 нафар ва дигар иншоот мавҷудаст.
Машғулиятҳо бошанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд. Шумораи кормандон беш аз 40 нафарро дар бар гирифта, аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Корҳои сохтмонии бино моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида буд. Дар кӯдакистон барои таълиму тарбияи кӯдакон тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат дар доираи омодагӣ ба ҷашни умумимилли - “30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохта шудааст, шоистаи таҳсин хонданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла кӯдакистонҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит сохта шудаанд, ки айни замон дар онҳо беш аз 3 ҳазору 580 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Кӯдакистони хусусии “Нурафшон” айни замон яке аз марказҳои калонтарини таълимиву тарбиявии кӯдакон дар ноҳия маҳсуб меёбад ва он дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии кӯдакон саҳми арзанда мегузорад.



ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов


Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарози дорад.
Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами далатии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хиост” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Майдони “Парчами давлатӣ” дар 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшандиҳанда насб карда шудааст, ки барои сайругашти сокинон макони мувофиқу дилфиреб аст.
Акнун дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзи давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.
ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ


Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагию қолинбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов


22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.
Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корхонаи мазкур аз ҷонби соҳибкори ватанӣ Исмоил Самадов бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагию қолинбофӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ наздики 30 нафар занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба дӯхти сару либоси ягона барои мактабҳо, корхонаву муассисаҳо, рахти хоб ва либосҳои миллӣ машғуланд.
Сехи дӯзандагӣ дорои 20 адад мошинаи дарздӯзӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад.
Дар коргоҳи қолинбофӣ низ дастгоҳҳои муосири қолинбофӣ, таҷҳизот барои печонидани ресмон ва дигар таҷҳизот васлу насб карда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи қолинбофӣ қариб 150 метри мураббаъ дар як шабонарӯз мебошад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки айни замон дар коргоҳи қолинбофӣ 10 намуди қолин истеҳсол гардида, ашёи хом, аз ҷумла ришта аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” харидорӣ мегардад.
Сифати қолинҳои коргоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгу буда, мувофиқ ба талаботи бозор истеҳсол карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳи мазкур суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, коргаронро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуданд.
Роҳбарияти коргоҳи мазкур уҳдадор шуданд, ки оянда дар доираи имкониятҳои мавҷуда иқтидори истеҳсолиро зиёд ва шумораи ҷойҳои нави кориро бештар намоянд.
Ҳамзамон масъулини коргоҳ мағозаи фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз қабили қолинҳои гуногунранг, сару либоси ягонаи мактабӣ, либосҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои арусӣ, ки тибқи талаботи мизоҷон бо як завқи баланд омода гардидааст, ба роҳ мондаанд.
Бунёди коргоҳи мазкур, ки дар идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба “30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба амал омадааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши созанда гузошта, фаъол кардани ин гуна иншоот самараи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад.




Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов


22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои марказ 2 ошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, иммунизатсия, хуҷраи хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, 10 ҳуҷраи табиби оилавӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.
Сохтмони бинои муосири маркази саломатӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расид.
Дар баробари бунёди Маркази саломатӣ он бо 85 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳҳои хунуккунӣ, аз ҷумла яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷуздон ва ғайра таъмин карда шуданд.
Ғайр аз ин дар доираи лоиҳаи бунёди маркази саломатӣ 31 номгуйи мебелҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра дастрас гардид.
Маркази саломати асосан барои маҷмуи хизматрасонии тиббӣ мусоидат карда, дар он 10 нафар табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шуданд.
Бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” бунёд шуд.



Рушди соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов


Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.
Дар деҳоти Гулхонаи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Хоҷагии деҳқонии “Фазлиддин” ташриф оварданд.
Аъзои хоҷагӣ дар ихтиёри худ 7 гектар замин дошта, дар он парвариши пахта, боғот ва зироатҳои ғалладонагиро ба роҳ мондаанд.
Аз майдони умумии боғоти хоҷагӣ дар 2 гектараш дарахтони хурмо парвариш меёбад.
Президенти мамлакат бо деҳқонони хоҷагӣ оид ба парвариши ин навъи мева суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба тарзи дурусти корбарӣ, захира ва содироти маҳсулоти боғ ба бозорҳои дохил ва хориҷ ҳидоят карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат доданд, ки барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳо аз сардхонаҳои замонавӣ васеъ истифода баранд. Ҳам ҳосил талаф намеёбад ва ҳам хоҷагӣ аз ҳосили руёнидаи худ даромади зиёд мегирад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замини серҳосил мардум ба парвариши боғҳои дарахтони хурмо, анор, зардолу, шафтолу ва олуи сиёҳ машғуланд, ки аксари ҳосил аз онҳо ба содирот нигаронида шудааст.
Худи ҳамин рӯз дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи даромадноки моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар як кули махсус беш аз 10 ҳазор моҳии навъҳои “карп”, “пешонапаҳни сафеду ало” ва “амури сафед” - ро сар доданд.
Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардид. Дар кулҳои моҳипарварии вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.
Даромад аз фуруши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.
Баъди сар додани моҳиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисон барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаи сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.



Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов


Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар муддати се соли охир, яъне баъди мулоқоти мову шумо дар маросими ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг ба шарофати заҳмати аҳлонаи сокинони он хеле ободу зебо ва пешрафта гардидааст.
Алалхусус, дар давоми солҳои охир бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар натиҷаи фаъолияти софдилонаи мардуми сарбаланду заҳматдӯсти ноҳия амалҳои ободониву бунёдкорӣ хеле вусъат пайдо кардаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 45 километр роҳҳои дохили ноҳия пурра таъмир гардида, чор корхонаи истеҳсолӣ ва 18 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Инчунин, хатти оби нӯшокии ҳудуди шаҳраки Меҳробод аз таъмир бароварда, кӯчаҳои он ва деҳоти Ғӯлакандоз пурра чароғон карда шудаанд. Барои анҷом додани корҳои зикргардида зиёда аз 21 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.
Иншооту биноҳои навбунёде, ки имрӯз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, аз ҷумла қитъаи шоҳроҳи “Деҳмой- Маданият”, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдакистон барои 240 нафар, коргоҳи истеҳсолии “30-солагии истиқлолияти давлатӣ" ва маркази саломатии муосир, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, намунаи корҳои ободониву созандагие мебошанд, ки ба хеле обод шудани ноҳия мусоидат намудаанд.
Илова бар ин, мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2016-2020 татбиқи 82 лоиҳа ба маблағи 485 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи барнома аз солҳои 2016 то имрӯз бояд 60 лоиҳа ба маблағи умумии 157 миллион сомонӣ амалӣ мегардид.
Вале дар давраи зикршуда корҳо ҳамагӣ дар ҳаҷми 23 миллион сомонӣ кор иҷро шудааст ва зарур аст, ки доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд. Зеро то анҷоми барномаи рушди ноҳия ҳамагӣ ду сол вақт мондааст.
Соли 2017 дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 169 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб якуним баробар зиёд аст.
Чунин раванд соли ҷорӣ низ идома пайдо карда, дар нуҳ моҳ маҳсулоти саноатӣ ба маблағи умумии 16 миллион сомонӣ зиёд истеҳсол карда шудааст.
Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки дар соҳаи саноати ноҳия як қатор мушкилоту масъалаҳое ҷой доранд, ки бидуни бартарафсозии онҳо рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таъмин кардан душвор мебошад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорон фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияро тақвият бахшида, истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, иншооту биноҳо ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳоро таъмин намоянд.
Азбаски нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ноҳия, дар навбати аввал, аз фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон вобастагӣ доранд, бинобар ин, роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки ҳамаи имкониятҳоро барои таъмин намудани фаъолияти мунтазаму босамари самтҳои зикршуда равона созанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки бо дарназардошти фаровонии нахи пахта, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом барои масолеҳи сохтмон ба ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, аз ҷумла оид ба коркарди маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои иловагии кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, тибқи таҳлилҳо солҳои охир бомаром рушд ёфта истодааст.
Тибқи маълумот то моҳи октябри соли ҷорӣ дар ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 500 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат оид ба афзун намудани майдони кишти зироатҳои сердаромаду воридотивазкунанда, аз ҷумла пахта, картошка ва сабзавот дар ноҳия чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Зарур аст, ки чунин раванди мусбат идома дода шавад ва масъулони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати таъмин намудани фаровонии ҳарчи бештари бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва содироти маҳсулот, аз ҷумла бо роҳи ташкили гармхонаҳо зиёд кардани парвариши сабзавот, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зеро дар ноҳия барои боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кор имконияту захираҳо зиёданд.
Дар ноҳия бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дигар навъҳои косибиву кори хонагӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кор як силсила иқдомоти хуб амалӣ карда шудааст.
Вале таъкид месозам, ки дар ноҳия ҳанӯз шумораи қувваи қобили меҳнати бекор зиёд буда, аксари чунин шахсон барои машғул шудан бо кори доимӣ ба такмили ихтисос ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарону масъулон вазифадоранд, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои кори нав ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинон чораҳои таъсирбахш андешад.
Ҳозирини арҷманд!
Чанд сол пеш бо мақсади осон намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинони деҳот мо дастур дода будем, ки дар ноҳия як маркази замонавии тиббӣ бунёд карда шавад.
Дар зарфи ду сол сохтмони бинои ин муассисаи тиббӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба анҷом расида, имрӯз ба истифода супорида шуд.
Дар 21 ҳуҷраву озмоишгоҳҳои маркази саломатӣ тамоми шароити ҳозиразамони хизматрасонӣ ба аҳолӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар муассиса барои 34 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, ба туфайли ба фаъолият оғоз кардани муассисаи имрӯза сокинони деҳоти атроф аз сарфи маблағ ва вақти зиёдатӣ барои рафтан ба маркази ноҳияву вилоят озод шуданд.
Бо истифода аз фурсат, сокинони ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи нави тандурустӣ табрик гуфта, ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёд ва муҷаҳҳазгардонии иншооти мазкур саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Чун сухан дар бораи соҳаи тандурустӣ рафт, мехоҳам таъкид намоям, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд торафт мустаҳкам гардида, бунёди инфрасохтори соҳа сол ба сол вусъат гирифта истодааст.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Конибодом, Деваштич, Айнӣ, Мастчоҳ ва Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмону азнавсозии даҳҳо беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлат ва бо маблағгузори соҳибкорону тоҷирон, инчунин, аҳолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 267 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Моҳи сентябри соли равон ҳангоми мулоқот ба муносибати Рӯзи дониш бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар бисёр масъалаву мушкилоти ҳалталаби соҳа, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳоро муфассал баён доштам ва такроран таъкид намудам, ки саломатии миллат бойигарии давлат мебошад.
Дар ҳамон мулоқот, ҳамчунин, хотирнишон сохтам, ки солҳои охир масъалаи воридот ва муомилоти дорувории қалбакӣ, пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст.
Яъне заҳмати табибон ҳамон вақт натиҷа мебахшад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад.
Бинобар ин, аз ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ ва кормандони соҳаи тандурустии вилоят талаб карда мешавад, ки барои пешгирӣ кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, сохторҳои дахлдорро бори дигар вазифадор менамоям, ки дар ин самт чораҳои иловагиро амалӣ созанд.
Ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат ва солимгардонии беморон яке аз роҳҳои кам кардани воридоти доруворӣ аз хориҷи кишвар ва баланд бардоштани самаранокии муолиҷа мебошад.
Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешад.
Бовар дорам, ки ҷаҳду талош ва заҳмати ҳазорон нафар табибони вилоят барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани нишондиҳандаҳои мусоиди вазъи саломатии сокинон, алалхусус, модарону кӯдакон, коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Ҳозирини гиромӣ!
Моро дар пеш ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ, яъне сисолагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон интизор аст. Барои мардуми тоҷик ин сана бисёр муқаддасу азиз мебошад.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани ин ҷашни фархундаи миллӣ, рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар ва боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини маҳбубамон заҳмати содиқонаи хешро дареғ намедоранд.
Тавре аз маълумот бармеояд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди ба имзо расидани Амри Президент дар ин бобат бунёд намудани 300 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб то имрӯз, аллакай, 34 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бунёд гардидани даҳҳо иншооту биноҳои наве, ки дар се соли оянда ба роҳ монда мешавад, бешубҳа, ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия ҳусни тоза зам намуда, дар ҳалли мушкилоти зиёди сокинон мусоидат мекунад.
Таъкид менамоям, ки нақшаи тасдиқшуда ниҳоӣ нест ва соҳибкорону тоҷирон, дигар шахсони ҳимматбаланди ноҳия метавонанд боз кӯдакистону мактабҳои нав, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ бунёд намоянд, роҳу пулҳои маҳалҳои аҳолинишинро таъмиру навсозӣ кунанд ва бо ҳамин восита барои ҳамдиёрони худ садҳо ҷойи иловагии кор муҳайё созанд.
Дар ин раванд, муҳим аст, ки ҳар як оила саҳм гузошта, ободиро аз хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худ оғоз намояд.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Ҷаббор Расулов чун ҳарвақта сиёсати Ҳукумати мамлакатро самимона дастгирӣ намуда, дар роҳи ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз дар оянда низ аҳлона заҳмат мекашанд ва ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Дар ин роҳи пуршараф ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳия зиндагии орому осуда ва барору комёбӣ орзумандам.
Доим сарбаланду саодатманд бошед, ҳамватанони азиз!



http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин