Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Ба истифода додани ҶСК «Ариана Металл Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»


САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок намуданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар майдони 4 гектар доман густурдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 120 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.
Соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ба гуфти коршиносони масоили иқтисодӣ ин омил боиси пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.
Дар ин корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад ва ба таъкиди мутахассисон дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешавад.
Сарвари давалат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти имконияти содиротии кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарият ва коргарону мутахассисони корхона дастур доданд, ки вақти тавлиди маҳсулот пеш аз ҳама ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда молу маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот хоҳад шуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд. Бо таваҷҷуҳ ба рушди корхона, сармоягузорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар самти ворид намудани хатҳои технологии нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар оянда низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 12 субъект фаъолият мекунад.
Аз оғози фаъолияти минтақа беш аз 70 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, зиёда аз 500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содирот 80 миллион сомониро ташкил додааст.



Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд


САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Муҳтарам намояндагони аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд!
Устодону омӯзгорони гиромӣ ва фарзандони азиз!
Дар ҷараёни сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадани ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ далели таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватанамон мебошад.
Зеро маҳз соҳаи маориф барои таълиму тарбияи шоистаи фарзандони мардуми куҳанбунёдамон, омода намудани кадрҳои болаёқату соҳибмаърифат, худшиносу худогоҳ, созандаву ободкор ва муҳимтар аз ҳама, насли давомдиҳандаи кору пайкори халқи шарафмандамон мақоми аввалиндараҷа дорад.
Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мешаванд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги миллатамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву ойини ватандорӣ мегиранд ва маҳз ба шарофати мактабу маориф минбаъд дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.
Муассисаи нави таълимие, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, дар заминаи муассисаи таълимие бунёд гардидааст, ки ҳанӯз як аср муқаддам, яъне соли 1918 ҳамчун мактаби таҷрибавии меҳнатӣ таъсис ёфта, баъдан, соли 1924 дар он барои 570 нафар хонанда бинои алоҳида бунёд карда шуда буд.
Муассисаи мазкур аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таълимие мебошад, ки нахустин хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, наслеро ба воя расонидааст, ки минбаъд дар таъсису ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.
Шахсиятҳои маъруф, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва олимони номдор, аз қабили академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Солеҳ Раҷабов, Ҷаббор Расулов, нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва чандин нафар олимону табибони машҳур дастпарварони ҳамин мактаб мебошанд.
Шонздаҳ сол пеш бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба низоми нави таҳсилот мутобиқ гардонидани сифати таълиму тарбия ба муассисаи таълимӣ мақоми гимназияро дода, номи яке аз маорифпарварони шинохтаи халқамон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба он гузошта шуд ва ин боргоҳи илму маърифат имрӯз аз рӯи равияҳои гуманитарӣ фаъолият мекунад.
Бо дарназардошти он, ки бинои пешинаи муассиса зиёда аз навад сол хизмат карда буд ва ҳамзамон бо ин, шумораи хонандагон низ сол ба сол зиёд мегардид, зарурати бунёд кардани бинои наву замонавӣ ба миён омад.
Аз ин лиҳоз, моҳи январи соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат сохтмони бинои нави гимназия оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳтарин бо беҳтарин шароити таълиму тарбия ба анҷом расонида шуд.
Ба ин муносибат, яъне ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани гимназияи навбунёд ҳамаи омӯзгорону хонандагон, аҳли маорифи шаҳр, падару модарон ва сокинони шаҳри Хуҷандро табрик гуфта, ба меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки барои дар муддати бисёр кӯтоҳу бо сифати баланди меъморӣ бунёд кардани он заҳмат кашидаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Муассиса аз се ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва дорои 31 синфхона, аз ҷумла утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ, технологияҳои иттилоотӣ, лингофонӣ, китобхона, маҷлисгоҳу ошхона, яъне шароити сатҳи дараҷаи олӣ мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки доим таъкид менамоям, дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технология баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ба роҳ мондани усулҳои пешрафтаи таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир дар вилояти Суғд ба ин масъала эътибори зарурӣ дода мешавад.
Маҳз дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф ва муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаву озмунҳои гуногуни дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақому ҷоизаҳои ифтихорӣ мегарданд.
Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2017-2018 139 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, ки ин натиҷаи хуб мебошад.
Ҳамчунин, дар олимпиадаҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ баргузор гардидаанд, шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят фаъолона иштирок карда, беш аз 200 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихориву ҷоизаҳо шудаанд.
Бо вуҷуди ин, дар вилоят имкониятҳо барои боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дарёфту тарбия кардани истеъдодҳои ҷавони лаёқатманд хеле зиёданд.
Дар ин самт, зарур аст, ки роҳбарони соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро тақвият бахшида, онҳоро бо мутахассисони кордону ташкилотчӣ ва шароити хуби корӣ таъмин намоянд.
Дигар масъалаи ҳалталаби соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сари вақт ва мақсаднок амалӣ намудани талаботи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо утоқҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ба шумор меравад.
Тибқи маълумот то имрӯз дар ҳудуди вилоят дар доираи барномаи зикршуда ҳамагӣ 20 муассисаи таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки чунин вазъ барои азхудкунии донишҳои назариявӣ ва амалӣ нокифоя мебошад.
Ҳангоми баррасӣ ва қабули барномаи мазкур дастур дода будам, ки барои татбиқи босифати барнома собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимие, ки ҳоло аъзои Ҳукумат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони муваффақ ва умуман, дорои имкониятҳои молиявӣ мебошанд, ҷалб карда шаванд.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда татбиқи барномаи зикршударо дар муҳлати муқарраршуда таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат шароити муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд торафт беҳтар шуда истодааст.
Дар ин раванд, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои 3400 нафар хонанда ба маблағи умумии 325 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Тибқи нақша то охири соли равон дар вилоят боз 47 иншооти нави соҳаи маориф бо муҳайё сохтани 7 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида мешавад.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, хотирнишон месозам, ки дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи вилоят кор дар самти ҷалби бахши хусусӣ ва тоҷирону шахсони саховатманд ба бунёди муассисаҳои таълимӣ боз ҳам тақвият мехоҳад.
Ҳангоми сафарҳои қаблӣ ба вилоят таъкид карда будам, ки иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, ки тибқи он дар вилоят бунёди 280 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Зеро ҳоло дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 44 муассисаи томактабӣ ва 24 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба эҳтиёҷоти аҳолӣ ба чунин муассисаҳо хеле кам мебошад.
Мувофиқи маълумот дар вилоят аз 46 бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ дар 33 муассиса то ҳанӯз корҳои сохтмон оғоз нагардидаанд ва муассисаҳои таълимии вилоят, дар маҷмӯъ, ба 406 синфхонаи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.
Илова ба масъалаҳои зикршуда, ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои таълиму тарбия зарур аст, ки дар самти таъмини фароғати наврасону ҷавонон низ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Ҳарчанд ки дар вилоят истироҳатгоҳҳои “Бистсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Шоҳин” ҳамчун муассисаҳои намунавӣ барои хонандагони мактабҳо фаъолият доранд, вале бо дарназардошти талаботи мунтазам афзоянда бояд истироҳатгоҳҳои дигар шаҳру ноҳияҳо низ таъмиру навсозӣ гардида, фаъолияти онҳо дар ҳамаи фасли сол ба роҳ монда шавад.
Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ин самт ҳамкориро бо бахши хусусӣ тақвият бахшида, барои иҷрои саривақтии барномаи зикршуда ва таъмини истироҳату фароғати хонандагон чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таълимии таъмирталабу садамавӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат бахшида шаванд.
Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки маҳз баланд бардоштани савияи донишу маърифат, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар зеҳни наврасону ҷавонон ташаккул додани ҷаҳонбинии васеъ ва ҳушёрии сиёсӣ метавонад ба пешгирӣ кардани гароиши онҳо ба ҳар гуна мафкураи бегона ва зуҳуроти нангин, аз қабили терроризму ифротгароӣ мусоидат намояд.
Дар шароити пурихтилофи ҷаҳони имрӯза, ки ҳар лаҳза дар ҳоли дигаргуншавӣ қарор дорад, ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани ҷавонон, дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба миллату давлат, хизмати содиқона ба халқ ва иззату эҳтиром нисбат ба падару модарон ва калонсолон тарбия кардани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо – калонсолон, аз ҷумла аҳли маориф мебошад.
Вобаста ба ин, аҳли маориф ва устодону омӯзгорон вазифадоранд, ки дар ҳамкории доимӣ бо падару модарон дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ташаббускору пешсаф бошанд.
Итминон дорам, ки ҳайати омӯзгорони ин муассисаи нав бо истифода аз шароити муосири таълим минбаъд ба масъалаҳои вобаста ба омӯзонидани илму дониш, густариши ҷаҳонбинӣ ва одобу ахлоқи шогирдон эътибори ҷиддӣ дода, дар роҳи ба воя расонидани онҳо ҳамчун насли ояндасози кишвар заҳмати софдилонаи худро дареғ намедоранд.
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки гимназияи нав ба номи яке аз нависандагони маҳбуби тоҷик Раҳим Ҷалил гузошта шавад.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шумо, омӯзгорону шогирдони азиз ва аҳли маорифи шаҳри Хуҷандро ба муносибати ифтитоҳи гимназияи навбунёд табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва ба хонандагони ин боргоҳи илму маърифат таҳсили хубу аъло орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!



Ифтитоҳи Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд


САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи таълимӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои муҳассилин шароити беҳтарину арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосиру синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ муҳайё мебошад, шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Гимназия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 68 синфхона, аз ҷумла 30 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои физикаю биология муҷаҳҳаз бо навтарин аёниятҳои таълимӣ, синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ, утоқҳои корӣ, хонаи муаллимон ва дигар шароити кориву таълимии муосир бунёд шудааст. Дар таҳхонаи Гимназия 13 синфхона, 1 анбор ва 5 ҳуҷраи техникӣ мавҷуд аст.
Ҳамзамон дар ин боргоҳи илму маърифат дар баробари азхуд кардани илмҳои муосир ҷиҳати соҳибкасб намудани хонандагон синфхонаи ҳунаромӯзӣ таъсис дода шудааст. Дар ин синфхона муҳасилин бо истифода аз шароити муҳайёшуда, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ ва дӯзандагиро аз худ менамоянд.
Муассисаи таълимии мазкур ҳамчунин дорои ошхона барои 120 нафар, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст, китобхона дорои 15 ҳазор китоби дарсӣ ва 5 ҳазор китоби бадеӣ мебошад.
Акнун бо бунёди ин муассисаи таълимӣ 70 нафар омӯзгор ва 10 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Гимназия аз руи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ фаъолият карда, дар он ба омӯзиши фанҳои забону адабиёт, забонҳои русию англисӣ ва таъриху ҳуқуқ диққати махсус дода мешавад.
Дар ниҳояти боздид аз гимназия бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаи таълимӣ ба номи Раҳим Ҷалил гузошта шуд.
Аз ин иқдоми созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону хонандагон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба соҳаи мактабу маориф кӯшиш ба харҷ медиҳанд то насли наврасро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ба камол расонанд.
Баъди ифтитоҳи гимназия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони бахши маорифи вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, оид ба дастовардҳои ин бахши ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша карданд.

Ифтитоҳи бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони “Суғд” дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд.
Намоиши барномаҳои телевизиони “Суғд” дар формати нав бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири иттилоърасонӣ ва пешниҳоди барномаҳо дар студияҳои сабту пахши намоишҳо дидан намуда, бо ҳайати эҷодию кормандони техникии телевизион ва радио суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Зимни шиносоӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии телевизион ва радио моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, дар муҳлати 5 моҳ аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Бино аз ду ошёна ва 24 утоқи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад.
Айни ҳол дар шароити имрӯзаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд 100 нафар ва дар маркази техникии он бошад, 58 нафар фаъолият доранд. Гузаштан ба формати HD талаботи замон аст.
Бо дарназардошти ин ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти наворбардорӣ, тасвирбардорӣ, танзимгарӣ, сабти овоз ва ғайра дар телевизиони вилояти “Суғд” нав карда шуда, студияҳои мутобиқ ба талаботи замон ташкил гардидааст. Аз ин пас коргарону мутахассисони идора бо истифода аз шароити муҳайёшуда барномаҳои телевизиониро бо сифати баланду ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ сабт ва пахш хоҳанд намуд.
Дар ошёнаи якуми телевизион студияи вертуалӣ, декоратсияҳо барои барномаҳои “Ахбор”, “Шамими субҳ”, барномаи мустақими фарҳангию фароғатии “Шоми дидор” ва декоратсияи замонавӣ барои ШОУ-барномаҳои сиёсӣ мутобиқ ба талаботи давру замон сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосири равшандиҳанда насб гардидааст.
Бинои телевизион ва радиои “Суғд” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 моҳ бунёду таъмири пурра гардидаст.
Дар замони муосир нақши васоити ахбори омма дар инъикоси ҳаёти рӯзмарраи мардум ва татбиқи сиёсати давлату ҳукумат хеле назаррас мебошад.
Телевизиони вилояти Суғд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ барномаҳоро омода ва давоми 18 соат пахш мекунад.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин