Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Н.ДАНҒАРА

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Н.ДАНҒАРА

ИФТИТОҲИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Президенти мамлакат зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ соли 2015 оғоз шуда, фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ аз 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар бинои дуюми Коллеҷи тиббӣ 31 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои физика, информатика, фармология, ҷарроҳӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошанд, ки ҷараёни таҳсил дар онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Коллеҷи тиббӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯй ва дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст мебошад.
Толори варзишии Коллеҷи тиббӣ бо 240 ҷой нишаст дорои шароити арзандаи машқу тамрин буда, ошхона барои зиёда аз 200 ҷои нишаст дар хизмати донишҷӯён қарор дорад.
Барои донишҷӯён дар синфхонаҳои Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара имкониятҳои фарохи донишандӯзӣ муҳайё буда, онҳо бо истифода аз шароити арзандаи таълимӣ ба ҳайси мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба камол хоҳанд расид.
Донишҷӯён бо дарки масъулияти баланд аз ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани шароити хуби таҳсил бо ифтихору сарфарозӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара баробари мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави таълимӣ имкониятҳо барои ҷалби донишҷӯён ба таҳсил торафт васеъ мегарданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ намуданд ва онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ ҳидоят карданд.


БА ИСТИФОДА ДОДАНИ НАВБАТИ ДУЮМИ МАҶМААИ НАССОҶИИ ҶСП «ҶУНТАЙ-ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ»
5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои ба кор андохтани навбати дуюми ин маҷмааи нассоҷӣ сармоягузории мустақим сурат гирифта, зиёда аз 200 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар маҷмааи нассоҷӣ аз масъулини дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҷмааи нассоҷӣ имрӯзҳо ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад. Ҳамзамон корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин бо мақсади таъмини Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо ашёи хом дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон корхонаҳои пахтатозакунӣ бунёд карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
Тибқи маълумот, дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ин маҷмааи нассоҷӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ зикр карда шуд, ки корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.
Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.
Пас аз ифтитоҳи навбати дуюми Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» ва гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони ин маҷмааи истеҳсолӣ ва роҳбарону фаъолони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.


СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАРҲАЛАИ ДУЮМИ МАҶМААИ ИСТЕҲСОЛИИ «ҶУНТАЙ ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ»
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки фардо таҷлил мегардад, табрик менамоям.
Ҳукумати кишвар дар ҳуҷҷатҳои стратегии солҳои охир қабулкардаи худ ба бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ афзалият дода, ба ин мақсад тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Мо тасмим гирифтаем, ки бо ҳамин роҳ Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба масири рушди саноативу аграрӣ барорем.
Бо истифода аз ашёи хоми фаровони маҳаллӣ ва мавҷуд будани дигар бартариҳо тараққӣ додани соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, яъне аз нахи пахта васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли ришта, матоъҳои гуногун, либоси тайёр ва навъҳои гуногуни маҳсулоти дӯзандагӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани ин ҳадаф ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон бо ин, соҳаҳои зикршуда дар самти зиёд кардани молҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда аҳаммияти хосса доранд ва бинобар ин, бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ниҳоят муҳим мебошад.
Дар мамлакати мо тайи солҳои тӯлонӣ пахта ҳамчун маҳсулоти кишоварзии анъанавӣ дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот карда мешуд ва бо ҳамин сабаб мо доим таъкид мекардем, ки пахтаи истеҳсолшаванда бо мақсади ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ дар дохили кишвар то ҳадди ниҳоӣ коркард карда шавад.
Бо вуҷуди ин, то солҳои охир ҳамагӣ 10 -12 фоизи нахи пахта дар дохили мамлакат коркард мешуд, ки ин нишондиҳанда тамоман ночиз буд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ки барои коркарди пурраи нахи пахта марҳала ба марҳала кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил карда шаванд.
Ҷамъияти «Ҷунтай Данғара” дар ноҳияи Данғара ба сифати яке аз корхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳз бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ бунёд шуда истодааст.
Соли 2014 ҳангоми гузоштани санги асоси бунёди он ва ифтитоҳи навбати аввали корхона дар моҳи августи соли 2016 аҳаммияти ин маҷмааи истеҳсолиро барои иқтисодиёти кишвар таъкид карда, ба роҳбарон ва шахсони мутасаддӣ дар бобати сари вақт ба кор андохтани дигар коргоҳҳои маҷмаа ва ташкил намудани инфрасохтори зарурии онҳо супоришҳои мушаххас дода будам.
Бояд гуфт, ки ҷадвали бакорандозии маҷмаа 28 ноябри соли 2015 бо қарори Ҳукумати кишвар тасдиқ гардида, дар асоси он навбати аввали корхона, яъне бахши ресандагӣ дар ду марҳала — моҳи июни соли 2017, навбати дуюм – бахши бофандагиву рангуборкунӣ моҳи сентябри соли 2018 ва навбати сеюм – бахши дӯзандагӣ моҳи январи соли 2020 бояд ба истифода дода мешуд.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда сохтмони навбати якуми истеҳсолоти ресандагии корхона моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, тавре ки гуфта шуд, марҳалаи аввали он моҳи августи соли 2016 бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли ришта сохта шуд ва ба фаъолият оғоз кард.
Аммо сохтмони марҳалаи дуюми истеҳсолоти ресандагӣ бо қафомонии зиёд — моҳи июли соли 2017 оғоз гардид ва имрӯз ба истифода супорида шуд.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки қафомонӣ дар корҳои сохтмону васлкунӣ дар бунёди ин маҷмааи бузург ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара вазифадоранд, ки ҳамкориро бо сармоягузорон вусъат бахшида, тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба истифода супоридани силсилаҳои навбатии маҷмааро таъмин намоянд.
Сармоягузорон низ бояд дарк намоянд, ки ҳар як рӯзи қафомонӣ аз ҷадвали тасдиқу мувофиқашуда боиси нигаронии Ҳукумати Тоҷикистон мегардад.
Таъкид менамоям, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон бо ин, барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Аммо аз ҷониби сармоягузорон ҳамаги сеяки замин аз худ гардида, дар он пахта кишт карда мешавад.
Яъне талаботи созишнома иҷро нашуда истодааст, ки чунин ҳолат андешидани тадбирҳои ҷиддиро талаб менамояд.
Бо мақсади сари вақт ҳал намудани масъалаҳои андозбандии таҷҳизоти зарурии воридшаванда барои обёрӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ва азхудкунии заминҳои нав, муҳлати истифодаи замин ва дигар масъалаҳои ҳалталаби марбут ба фаъолияти маҷмааи истеҳсолии нассоҷии “Ҷунтай Данғара” ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, кумитаи андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара зарур аст, ки чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳоло фаъолияти муназзами коргоҳи ресандагии маҷмаа бо ашёи хом, яъне нахи пахта аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа таъмин карда мешавад.
Бо ин мақсад, ҳамчунин, дар кишвар бунёди боз якчанд корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори 80 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.
Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба пурра бо ашёи хом таъмин намудани корхона, азхудкунии заминҳои нав, зиёд кардани майдони кишти пахта ва ба кор андохтани корхонаҳои нави пахтатозакунӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Корхонаи имрӯза дар як сол қариб 15 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард карда, 12 ҳазор тонна ришта истеҳсол мекунад.
Истеҳсолоти ресандагии корхона, дар маҷмӯъ, иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дошта, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.
Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.
Дар Тоҷикистон якчанд корхонаҳои нассоҷӣ фаъолият доранд, ки қисми зиёди маҳсулоти худро содирот мекунанд ва маҳсулоти онҳо аз ҷиҳати сифат ва нарх дар бозорҳои ҷаҳон ба рақобат тобовар мебошанд.
Мақсади мо аз таъсиси чунин маҷмааҳои нассоҷӣ, дар баробари таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ва афзоиш додани содироти маҳсулоти қобили рақобат, инчунин, ҳарчи камтар кардани молҳои ҳаммонанди воридотӣ мебошад.
Зеро танҳо соли 2017 ба кишвар дар ҳаҷми қариб 700 миллион сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ворид карда шудааст, ҳол он ки мо ҳар сол ашёи хоми онро дар намуди нахи пахта дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ содирот мекунем.
Тибқи таҳлилҳо бо вуҷуди захираҳои зиёди ашёи хом фаъолияти корхонаҳои саноати сабук дар вилояти Хатлон қаноатбахш нест.
Ҳафт корхонаи саноатии вилоят, ки иқтидори лоиҳавии коркарди зиёда аз 26 000 тонна нахи пахтаро доранд, соли 2017 ҳамагӣ 6500 тонна ва соли ҷорӣ 10 400 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардаанд.
Чунин вазъ талаб мекунад, ки роҳбарону масъулони соҳа дар ин самт чораҳои ҷиддӣ ва мушаххас андешанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” 109 километр наҳри асосии обтаъминкунӣ, 87 километр шабакаи обрасонии зеризаминӣ, 38 километр шабакаи обҷамъкунӣ ва обпартоҳо сохта, ба истифода дода мешавад.
Баъди пурра татбиқ гардидани лоиҳа, дар маҷмӯъ, 6000 гектар замин обёрӣ карда мешавад, ки албатта, ба афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои кишоварзӣ, молия, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо роҳбарону мутахассисони ноҳияи Данғара доир ба татбиқи самараноки лоиҳаи зикршуда ва ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ба фаъолият оғоз кардани маҷмааи нассоҷӣ боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар заминаи он фаъолияти чандин коргоҳу корхонаҳои дигари соҳа вусъат гирифта, парвариши пахта тараққӣ меёбад ва аз ин ҳисоб низ ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Умуман, рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ, яъне коркарди ниҳоии ашёи хом аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллии мо ба шумор рафта, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо боиси бо молҳои саноатӣ таъмин шудани талаботи аҳолӣ, фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи кор ва афзоиши буҷети давлат мегардад.
Бинобар ин, Ҳукумати кишвар барои рушди ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро андешида, пешрафти истеҳсолоти саноатӣ, алалхусус, соҳаи нассоҷиро минбаъд низ дастгирӣ менамояд.
Итминон дорам, ки сохтмони пурраи маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара” сари вақт, яъне дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расида, ҳамаи иқтидорҳои истеҳсолии он дастоварди арзанда ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки таъмин намудани иҷрои ҷадвали бакорандозии марҳалаҳои навбатии маҷмаа масъулияти баланд ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарону мутасаддиён ва мутахассисони сохторҳои дахлдор, инчунин, муносибати ҷиддии сармоягузоронро тақозо мекунад.
Дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои тасдиқшуда ва пурра ба фаъолият омода кардани ин маҷмааи бузурги истеҳсолӣ ба ҳамаи шумо – роҳбарону масъулон ва муҳандисону кормандони маҷмаа барори кор орзу менамоям.
Доим саломату сарбаланд бошед!


ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ «МУОСИР» ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки барои бунёди корхонаи мазкур моҳи майи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба масъулон дастур дода буданд, ки корхона дар муҳлати якуним сол бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шавад. Инак бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар муддати камтар аз як солу шаш моҳ ин корхонаи бузурги саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи муштараки «Муосир» дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, он аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология дар марҳилаи аввал масъулон азм доранд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди маҳсулот нақшаҳои мушаххас амалӣ созанд.
Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат карданд.
Чунин низоми замонавӣ дар ҳудуди иншооти истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст ва тавассути марказҳои ягонаи идораи рақамӣ раванди истеҳсолот дар ҳудуди корхона пайваста назорат карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Федератсияи Россия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мегардад. Айни замон дар корхонаи муштараки «Муосир» 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё мебошад. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 60 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Барои мутахассисону дигар коргарон шароити мукаммали фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Дар корхонаи муштараки «Муосир» баробари сокинони маҳаллӣ ҳамчунин аз дигар минтақаҳои мамлакат шаҳрвандон ба кор ҷалб шудаанд ва ба онҳо дар ҳудуди корхона манзили зист муҳайё мебошад. Дар хобгоҳи ин корхонаи азими саноатӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, шароити хуби зиндагонӣ ташкил карда шудааст. Дар ошёнаи якуми ҳамин бино ошхона бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.
Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёри байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои такмил додани маҳорати касбии кормандон дар корхонаи муштараки «Муосир» синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин синфхона кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Ба хотири таъмини амният ва бехатарии кормандон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил гардидаанд. Ҳудуди корхона тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.
Атрофи корхонаи мазкур ва шафати роҳравҳо дар асоси талабот сабзазор карда шуда, дар назди иншооти мавҷуда дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудаанд, ки барои истироҳату фароғати кормандон мусоид аст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст, дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — гузаштан аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 27 ВА МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ПАРКАМЧИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.
Бинои нави Маркази саломатии деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷра барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Айни замон Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Паркамчӣ ягона буда, он бо тамоми шароити зарурии тиббӣ ва мутахасисони кордону ботаҷриба таъмин мебошад.
Пешвои миллат иқдоми сокинони деҳаи мазкурро намунаи ибрат ва амали хайрхоҳонаву ҷавонмардона маънидод намуда, табибону мутахассисонро ба хизмати софдилонаю содиқона барои ҳифзи солимии сокинон ҳидоят намуданд.
Дар шафати Маркази саломатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.
Бинои нави таълимӣ 3 — ошёна буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аввалин мактаб дар деҳаи Паркамчӣ буда, аз соли 1930 то соли 1968 — ум ҳамчун мактаб барои синфҳои ибтидоӣ ва баъдтар то соли 1989 ҳамчун мактаби 7-сола фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаштани мактаб барои бошандагони деҳаи Паркамчӣ туҳфаи арзандае гардид, зеро ба ин восита аз пештара дида имконияти таҳсил дар деҳот фарохтар шуду шароит низ хубтар гашт. Акнун вобаста ба талаботи замон ва рушди соҳаи маориф дар кишвар, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва сокинони ватандӯсти он бинои кӯҳнаи мактаб ба як иншооти замонавӣ табдил дода шуд. Сохтмони бино ҳанӯз моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, дар давоми 7 моҳ пурра бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд шуда, ба симои деҳа зебоии дигар зам кард.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки дар муассиса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, муваффақиятҳо низ назаррасанд.
Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки омӯзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд.
То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дар дастаҷамъӣ барои ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.
Дар ин баробар мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанидиҳӣ, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва ғайра аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи маҳаллӣ сурат гирифтанд.
Сокинони ватандӯсти деҳа барои истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди дигар иншооти муҳимро идома медиҳанд ва барои шукуфоии диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Баъди ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои мактаб ва маркази саломатиро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпешаи ноҳия барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии диёри хеш изҳори сипос карданд.


БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТӢ-ИСТЕҲСОЛИИ «РАҲМОН ФУТУР» ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» шинос шуданд.
Майдони умумии хоҷагӣ дар маҷмӯъ 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд.
Майдони боғоти хоҷагӣ имрӯз тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар он асосан ниҳоли дарахтони меваҳояш ба содирот нигаронидашуда шинонида шудааст.
Аз ин майдон 25 гектараш боғи интенсивӣ мебошад ва дар он 10 намуди ниҳоли дарахтони себ шинонида шудааст. 75 гектари дигарашро ниҳоли дарахтони зардолу, олу, гелос ва нок ташкил медиҳад.
Қаблан дар ин ҷо ангурбоғ буд ва аз он давоми солҳои охир гирифтани ҳосил ғайриимкон гашта, рӯ ба нестшавӣ оварда буд. Дар доираи иҷрои ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 дар ин мавзеъ бунёди боғ оғоз гардид. Ҳоло дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» 90 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.
Барои бунёди боғ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара асосан заминҳои лалмӣ аз ҳисоби талу теппаҳо аз худ карда мешаванд. Заҳмати пайваста ва равнақ додани соҳаи кишоварзӣ имрӯз аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии сокинони ин ноҳияи аграрии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки танҳо соли 2018 дар доираи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020 дар ноҳияи Данғара дар майдони 154 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи меваҳояш содиротӣ дар майдони 100 гектар оғоз гардид. Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангури навъи ҳусайнии сиёҳу сафед шинонида, ба кишоварзон дар самти амалӣ намудани ин иқдоми нек барору комёбӣ орзу карданд.
Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи бонувони ҳунарманд намунаҳои таомҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни нон омодаву пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» аз 10 то 15-тоннагӣ ҳосили бодом, олу ва нок ҷамъоварӣ карда шуд.
Обёрии майдони боғот бо истифода аз ду пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз аллакай аз майдони умумии хоҷагӣ тақрибан 70 фоизи он ба ҳосил даромадааст.
Ҳамчунин ояндаи наздик дар ҳамин ҷо бо мақсади захира кардани ҳосили боғот барои 2 ҳазор тонна мева сардхона сохта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, кишоварзонро барои идомаи заҳмати пайваста, таъмини рушди дучанди соҳа ва ҳамин гуна бунёду нигоҳубини боғҳои намунавӣ ҳидоят намуданд.


СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАКТАБИ РАҚАМИ 27 ДАР ДЕҲАИ ПАРКАМЧИИ ДЕҲОТИ ПУШИНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Ҳозирини муҳтарам!
Тавре ки медонед, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, умуман, аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки мақсад аз он вусъат додани амалҳои созандагиву ободкорӣ ва ба ин васила ба арсаи ташаббусу иқдомҳои бунёдкорӣ табдил додани ҳар як гӯшаи Ватанамон мебошад.
Зеро ҷашни истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ метавонад ба сифати ғояи бузурги миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба ҷодаи ободкориҳои нав ҳидоят намояд.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки ин иқдоми Ҳукумати мамлакат миёни хурду бузурги кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо карда, мардуми ватандӯсти мо тамоми саъю талоши худро ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои дар ин самт қабулгардида равона кардаанд ва ҳоло Тоҷикистони азизамонро воқеан ба арсаи бунёдкорӣ ва майдони заҳмати созанда табдил додаанд.
Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ, яъне то моҳи сентябри соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлат ва аз ҷониби шахсони саховатманду эҳсонкор қариб 20 000 иншоот бунёд мегардад.
Хотирнишон менамоям, ки қисми зиёди корҳои ободонии ба нақша гирифташуда муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим мебошанд.
Дар ин раванди неки ободонии кишварамон мардуми ватандӯсту заҳматкаши ноҳияи Данғара низ то имрӯз корҳои зиёди созандагиро анҷом додаанд.
Дар маркази ноҳия ва деҳоти он то дурдасттарин деҳаҳо сохтмони 222 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ, яъне аз моҳи май то имрӯз аз ҷониби соҳибкорону ҷавонмардони бонангу номуси ноҳия сохтмон ва бунёду азнавсозии 33 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёна, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои ноҳия анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Таъкид месозам, ки ҳамаи корҳои то имрӯз амалишуда ва ободкориҳои дигари ба нақшагирифташуда на аз ҳисоби буҷети давлатӣ, балки бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони баландҳиммат ва худи аҳолӣ иҷро шуда истодаанд.
Ҳоло дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон бунёди 33 муассисаи таҳсилоти умумӣ идома дорад, ки намунаи беҳтарини ҳисси ватандӯстии онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар як муддати кӯтоҳ, яъне дар зарфи шаш моҳ дар маркази ноҳия ва деҳаҳои дурдасти он 5 мактаб, як боғчаи кӯдакон, 3 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 2 ҳаммом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн, як коргоҳи дӯзандагӣ, 2 корхонаи хурди истеҳсолӣ, 3 майдончаи варзиш бунёду ба истифода супорида шуда, 17 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.
Илова бар ин, аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо 100 гектар боғи нав бунёд гардида, барои сокинони маҳаллӣ 100 ҷойи кори нав муҳайё гардидааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар деҳаи Паркамчӣ низ, ки барои 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ашхоси саховатманд ва соҳибкорони ҳимматбаланди ҳамин диёр бунёд гардидааст.
Бояд гуфт, ки мактаби мазкур ҳанӯз соли 1931, яъне қариб 90 сол пеш ҳамчун мактаби сесола сохта шуда, соли 1968 барои 110 нафар хонанда қисман навсозӣ гардида буд.
Муассисаи навбунёди имрӯза аз 20 синфхона, китобхонаву ошхона ва утоқҳои фаннӣ иборат буда, тибқи талаботи меъёрҳои замонавӣ бунёд шудааст ва дар он тамоми шароиту имкониятҳои муосири таҳсил муҳайё карда шудаанд.
Бинобар ин, ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимиро ба кулли хонандагону омӯзгорон ва сокинони заҳматқарини деҳа табрик гуфта, ҳамзамон бо ин, ба соҳибкорон ва шахсони эҳсонкоре, ки барои ободии ноҳия ва деҳоти он саҳм мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.
Итминон дорам, ки бо заҳмати аҳлонаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ нақшаҳои қабулшудаи ободонӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда, аксари мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф хоҳад шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки ишора кардам, ҳангоми бунёди иншооти ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда дар қатори муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо ва иншооти дигар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд ба сохтмони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ равона карда шавад, зеро то ҳанӯз бисёр минтақаҳои дурдасти кишварамон ба муассисаҳои таълимии замонавӣ эҳтиёҷ доранд ва кӯдакону наврасон барои азхудкунии донишҳои муосир ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.
Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамон дар тамоми минтақаҳо ва то дурдасттарин гӯшаҳои кишвар ба таълиму тарбияи шоиста шароиту имконият дошта бошанд ва аз омӯхтани илму дониш бебаҳра намонанд.
Тибқи маълумот дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки самара ва манфиати сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ҳатто аз ҷалби сармоя ба бахши иқтисод бештар ва таъсири он ба рушди ҷомеа ва давлат зиёдтар мебошад.
Мо низ ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ дастгирии соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави таълиму тадрис ва омӯзиши илму дониш ва ба камол расонидани насли босаводу соҳибмаърифатро заминаи боэътимод барои пешрафти давлат мешуморем.
Илова ба корҳое, ки давлат дар ин самт то имрӯз анҷом додааст, ман борҳо шахсонеро, ки шароити хуби молиявӣ доранд, даъват кардам, ки дар зодгоҳи худ муассисаи таълимие бунёд намоянд ё аз рӯи имконият барои таъмири мактабе, ки дар он таҳсил кардаанд, кумаку мусоидати худро дареғ надоранд.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳар шахс ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошад, донишҳои аввалинро аз мактаб ва омӯзгор гирифтааст.
Яъне мактаб ҳамчун даргоҳи муқаддас барои ташаккули шахсият дар ҷомеа ва мавқеи устувор пайдо кардани ӯ нақши асосиву ҳалкунанда дорад.
Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия омили асосии ташаккули ҷаҳонбинии пешрафтаву ҷомеаи солим ва решакан гардидани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон мебошад.
Аз ин хотир, кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо ҷалби фаъолонаи падару модарон аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода карда, барои дарёфти роҳу усулҳои пешқадами таълиму тарбия, ҷалби хонандагон ба омӯхтани илму дониш, забономӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ба воя расонидани насли воқеан босаводу соҳибмаърифат ва ватандӯсту худшинос ҳамеша кӯшиш намоянд.
Бинобар ин, андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ин масъала вазифаи муҳимму аввалиндараҷаи ҳам устодону омӯзгорон ва ҳам падару модарон мебошад.
Барои ташаббусу иқдомҳое, ки имрӯзҳ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин