Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ

СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ
(ба истиқболи ба кор андохтани агрегати якуми НБО "Роғун")
Нахуст, ба кор даромадани агрегати якуми иншооти аср - НБО "Роғун"-ро ба мардуми сарфарози тоҷик мубораку фархунда мегўям.
Бунёди НБО "Роғун" орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва имрўз ин орзу, ки ба кўҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи сабз ба бар мекунад. Ин нерўгоҳ парвардаи афкор (идея)-и кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. ҲХДТ сарпарасти маънавии бунёди ин иншооти бузург буда, оғози кори онро басо хушоянд ва пурҷило ба ҳамагон таҳният мегўяд.
Созандагӣ яке аз идеяҳои миллии тоҷикон аст ва сохтмони "Роғун"-ро дар ин замина метавон идомаи мантиқии ин идея номид. Дар бораи "Роғун" хеле зиёд гуфтанду мегўянд, вале ёд меояд, ки расо 14 сол муқаддам, зимни суханронии худ ба ифтихори Рўзи Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба як нукта хоса ишора намуда буданд ва аз ҷумла, таъкид доштанд: "Рўҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо дорои хусусиятҳои хос ва асил аст. Ин нерў бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди васеъ ва созанда мисли гўшгу нохун пайванд ёфтааст. Аз ин ҷиҳат фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иҷтимоишудаи Рустами Достон, Сўҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз - Куруши Кабир, Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо таърихан бунёди нерўманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст".
Дақиқан, дар идома метавон афзуд, ки кунун ин нерў дар симои шахсияти барҷастаи таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми пурраи худро ёфтааст.
Ҳифзи истиқлолият ва аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз ормонҳои волою бузурги Пешвои муаззами миллати мост. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати наку, шараф, номуси мардонагӣ ва дасту дилу нияти пок доштани ин шахсият имрўз мусоидат кардаанд, ки мо, мардуми саодатманди тоҷик, шоҳиди ин ҳодисаи таърихӣ гардида истодаем.
Баъдан, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони Ватан бо назардошти ҷавонмардӣ ва ифтихори миллӣ ин талошҳои роҳбарияти Давлат ва Ҳукуматро дуруст дарк кунанд.
Ҳукумати мамлакат ба сохтмони "Роғун" афзалияти махсус медиҳад. Ин иншоот ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиёт, равнақи иҷтимоъ ва дар маҷмуъ, паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши бориз ва ниҳоят муҳим дорад. Обанбори нерўгоҳ барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои фавқулода мусоидат мекунад. "Роғун" яке аз истеҳсолкунандагони асосии "нерўи сабз" дар минтақа шуда, партовҳои зарарнок ба атмосфераро пешгирӣ мекунад.
Ба чашми сар дидани орзую омоли миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва ба кор оғоз намудани агрегати якуми "НБО "Роғун" ба кулли ҳамватанон муборак бод!

Илҳомҷон ҲАМИДИЁН,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

рейтинг: 
Оставить комментарий
Among these best gambling club amusements, there is something to speak to any gamer. casino
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин