Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

АРСАИ НОМУСУ НАНГ

Истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии онро чанде баъд тамоми ҷаҳон шоҳид хоҳад гардид. Ин намунаву самара бунёди НОБ-и Роғун аст, ки заминаи бунёд кардани он аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бо сабабҳои зиёду монеаҳои гуногун анҷоми он тўл кашид ва ахиран чанд сол қабл корҳои сохтмонии он аз нав босуръат оғоз гардид. Ин пеш аз ҳама матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдўстии Пешвои миллатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Онро арсаи номус ва қаҳрамонии Пешвои миллат метавон номид. Чунки алорағми ҳама монеаҳо кори он аз сар гирифта шуд. Акнун ин сохтмон муъҷизаосо мебошад ва хеле ҳам заруру манфиатбахш аст, ки агар хусусиятҳову асрори ин сохтмонро аҳли эҷоду зиё аз наздик бубинанд. Ҳақиқату рисолати ин сохтмони асрро дарҷ кардану сабт кардан вазифаи аҳли қаламу эҷод аст. Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои миллат ба ин сохтмони аср сафарҳои доимии аҳли эҷоду ҳунар - адибону публитсистон, журналистону коршиносон ва аҳли фарҳангу санъат ҷараёни мунтазам дорад. Чанде қабл дар радифи дигар зиёиёну эҷодкорони кишвар сафари гуруҳи устодону донишҷўёни ДМТ низ ба мавзеи ин сохтмон сурат гирифт.
Сафари мо ба чанд қитъаи сохтмони нерўгоҳ ҳамагӣ якрўза буд. Мақсаду ҳадафи мо аз наздик дидани меҳнату диловариҳои сохтмончиён ба ҳисоб мерафт. Маълум аст, ки инҷо ҷамъияти бузурги меҳнатӣ бо шумори қариб 19 ҳазор нафар шабу рўз дар паи коранд ва наметавон дар як фурсати кутоҳ он ҳамаро дид. Дастовези мо барои ин нерўгоҳ кулбори маънавӣ буд. Садҳо китобу маҷаллаву рўзномаҳо ба китобхонаи ин нерўгоҳ ҳадя гардид. Ҳамзамон дастаи ҳунарии "Наврўз"-и донишгоҳ табъи сохтмончиёнро болида гардонид. Дастовезу ҳадяи НОБ-и Роғун бошад, барои мо ин як олам бардошту ҷаҳонбиниҳои фаромушнашаванда мебошад. Аз назораҳову мушоҳидаҳо як чиз аён аст, ки бо бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шўҳрати беназир пайдо мекунад ва зиндагии мо бо ҷилои нури он тағири куллӣ хоҳад ёфт. Шоҳид гаштан аз рафти корҳои бунёдкорӣ дар ин сохтмони аср ба ҳар як бинанда таассуроти бепоён мебахшад. Ин сохтмон моҳияти байналмилалӣ дорад. Тоҷикистон кори хайреро анҷом доданист, ки бо шарофати он хонаҳои ҳамсояҳои дуру наздик мунаввар мешавад. Дар майдони заҳмати ин сохтмони пурмуъҷиза имрўз эрониву афғон, тоҷику ўзбек, русу итолиёвӣ ва намояндагони дигар миллатҳо паҳлўи ҳам меҳнат менамоянд. Инҷо олами пурэъҷози меҳнату заҳматро дида фаҳмидан мумкин аст, ки ҷомеаи башарӣ бо майли тамом ҷонибдорӣ аз анҷоми ин сохтмонро дорад. Зарурати онро ҳама қоил мебошанд. Сарфи назар аз монеасозиҳои сунъӣ Бонки умумиҷаҳонӣ холисона дурусту безарар будани НОБ-и Роғунро собит намуд. Кишвари ҳамсояи Ўзбекистон бо баракати роҳбарии Ш.Мирзиёев эътироф намуд, ки ин нерўгоҳ ба манфиати ҳамагон аст. Бузургтарин созмони байналмилалӣ - СММ аз ин НОБ-и бунёдшаванда огаҳ аст ва ба он назари мусбат дорад. Бо бовариву эътимод ва бидуни ҳамагуна шак бояд иқрор гашт, ки амалӣ гаштани он рўзи зафар барои халқи тоҷик наздик аст.
Ҳикмати "Шунидан кай бувад монанди дидан"-ро аз мушоҳидаҳои бевосита аз қитъаҳои ин сохтмон дарк кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат ин сохтмони аср аст ва онро афсонаи замон метавон номид. Дидан аз нақбҳову дарғот ва дигар минтақаҳои сохтмон гуруҳи ҳамсафаронро ба ваҷд меовард. Дар инҷо садоқату муҳаббату қаҳрамонӣ идома дорад ва бо ин ҳама рўди саркаши Вахш тобеи инсон гашта истодааст. Садҳо достон ҳам кифоя нест, ки диловариву матонати сохтмончиёнро бо тамоми паҳлўҳо фаро гирифт. Ба шогирдони эҷодкор тавсия дода мешуд, ки бубинанду нависанд ва оянда робитаи худро боз ҳам ба ин нерўгоҳ қавитар намоянд. Моро нақбҳои пурмуъҷиза мафтуну тасхир менамуд. Заҳмату матонате дар кандани онҳо сарф гаштааст, ки ҳар як бинандаро ба ҳайрату таааҷҷуб меоварад. Шумори онҳо хеле зиёд аст ва агар дар маҷмўъ ҳамаи онҳо паи ҳам гузошта шаванд, даҳҳо километр тўл мекашанд. Ин ҳама дастоварҳои меҳнатӣ осон сурат намегиранд ва дар баробари монеаҳои сунъие, ки дар ҷараёни корҳо дар давоми солҳо ба амал омадаанд, сохмончиёну коргарон ба даҳҳо мушкилоти дохили сохтмон рў ба рў мешаванд. Дар минтақаҳои хатарнок кор кардани онҳо сазовори таҳсину офарин аст. Масалан дар дохили нақбҳо бо зинаҳои махсус болову поён шудан, техникаҳоро дар мавзеъҳои хатарнок идора кардан, кафшергарӣ дар сақфи нақбҳо ва амсоли он амали саҳлу сода нест. Аммо ин арсаи номус ҳама чизро сарфи назар менамояд. Ҳар як бинандаи аз кори ин сохтмон дурбуда низ мехоҳад, ки дар бунёди ин неругоҳ нақше дошта бошад. Яке аз ҳамроҳон вақте аз ҷараёни корҳо дар минтақаҳои сохтмон дидан мекард, нимшухиву нимҷиддӣ ба эҳсоси махсус мегуфт: "Бовар кунед, ки ба чанд сомоние ки саҳмия харидорӣ кардаам, ин ҳама заҳмату қахрамониҳои сохтмончиёнро ба чашми худ дида, онро ба арвоҳи гузаштаҳоям бахшидам". Ин далели он аст, ки ҳақиқати воқеиро ҳеҷ гоҳ наметавон инкор кард.
Бевосита аён буд, ки ин майдони матонату диловарӣ бинандагони ҷавони эҷодкорро ҷалб менамояд. Натанҳо онҳо, балки устодони факултаҳои филологияву журналистика низ мехостанд, ки ба умқи ҳар як мушоҳидаи худ фурў раванд. Саволҳо медоданд, факту рақамҳоро ҷустуҷу мекарданд, такрор ба такрор аз як манзара дидан мекарданд. Ин гувоҳи он аст, ки муъҷизаҳои сохтмон онҳоро ҷалб намудааст. Дар толори мошинҳо вақте агрегату трансформаторҳои гуногуни омодашавандаро мебинед, дил аз фараҳ лабрез мешавад. Фурсат барои фаро гирифтани тамоми аҷзои он комил набуд ва ҳама талош ба он менамуд, ки дар навбати аввал барои худ чизҳоеро фаҳмида гирад, ки чун як муаммо дар пеши назар қарор мегирифтанд. Ҳамагон баҳри ояндаи сунъиро тасаввур менамудем, ки он дар оғуши куҳҳои осмонбўс чигуна зебову дилтасхиркунанда хоҳад буд. Боваркарданист, ки он дар оянда барои тамоми сайёҳони ҷаҳон ҷолиб мегардад. Табиати зебои Тоҷикистон бо дасти инсон зеботар хоҳад гашт. Зеро ин НОБ ва тамоми аҷзои он дар ҷаҳон беназир аст. Ҳамзамон ин баҳри оянда захирагоҳи эҳтиётии об барои тамоми мардумони Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Аз ҷониби маҷмааи СММ эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" дар солҳои 2018-2028 барои аҳли башар як рукни муҳими созандагии ҳаёт ба ҳисоб меравад, ки он ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон аст. Эҳтиром ба об ва истифодаи оқилонаи он имрўз ба як масъалаи калидии ҳаёт табдил ёфта истодааст. Мафҳуми иқтисоди сабз ҷомеаи башарро водор намуда истодааст, ки обро чун як манбаи беҳбуду пешрафти ҳаёт истифода намояд. Маълум аст, ки аз иқтидори гидроэнергетикии кишварамон, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда шудааст, ки имрўз ҳамагӣ 3-4 фисади он мавриди истифода қарор дорад. Боз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ қоил гашт, ки дар Тоҷикистон барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон захираву манбаъҳо кифояанд. Аз ҷумла феълан зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар кишварамон истеҳсолшаванда ба ин бахш марбут буда, барои дар шакли пурра истифода кардани он татбиқи лоиҳаҳои зиёде муҳиму ногузир аст. Ба истифода додани НОБ-и Роғун шароит ба миён меорад, ки ин ҳама захираҳову имконоти истифодашаванда пурратар шаванд, ки он танҳо манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Тарҳ ва лоиҳаи ин нерўгоҳ аз замони шўравӣ маълум буд. Аз рўи нақшаҳо дар заминаи он бояд чанд корхонаи бузурги дигар, ҳатто бузургтар аз Корхонаи арзизи ноҳияи Турсунзода бунёд мегардиданд. Яқин аст, ки ин имкон боз пайдо хоҳад гардид. Ҷои инкор нест, ки дар оянда Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил меёбад, ки даҳхо кишвар аз он суд хоҳанд дид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дипломатияи обро торафт рушд бахшида, худ ҳамчун намуна манфиатҳои бевоситаву безарари обро собит намуда истодааст.
Аз азал тақдири тоҷикон ба нур вобастагӣ дорад. Тоҷикистон ду неругоҳи обии барқиро хоҳад дошт, ки яке НОБ-и Норак, ки чанд даҳсола боз дар хидмати мардум аст ва дуюмӣ НОБ-и Роғун хоҳад буд. Номҳои Роғуну Норак ба рушноӣ иртибот доранд. Норак ба як маънои худ аз нуру рушноӣ маънӣ меафшонад. Роғун низ дар тафсили маъно ба рушноиву нур иртибот мегирад. Устод Айнӣ калимаи роғро рушноӣ тафсир менамояд. Ҳам Норак ва ҳам Роғун бо чӣ ҳикмате кадом замоне номҳову мантиқи рушноиро ба худ гирифтаанд. Яъне аз замони номаълуме рисолати нурбахшӣ барои миллати тоҷик чун як қарз муқарар гардидааст. Норак зиёда аз чил сол боз нур мебахшад ва инак нуре, ки аз роғҳои куҳҳои Роғун ба миён меояд, натанҳо Тоҷикистон, балки як минтақаи ҷаҳонро нурафшонӣ хоҳад кард. НОБ-и Роғунро бояд ба чашми дил дид. Дар як сафар танҳо таассуроти сарироҳиро метавон соҳиб гашт. Роҳбарияти ДМТ дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо Раёсати ин нерўгоҳ кушиш хоҳад намуд, ки мутахассисони ҷавону эҷодкорро ба онҷо ба кор фиристад. Зеро солҳо лозим аст, ки як нафар эҷодкор ба умқи асрори ин сохтмон фурў равад. Қаҳрамонони асили ин коргоҳҳоро дарёбаду шиносад. Ҳар як эҷодкор то дар ин майдони нанг заҳмат накашад, нафаси сохтмонро эҳсос карда наметавонад. Барои инъикоси сохтмонҳо дар гузашта эҷодкорон солҳо ҳамроҳи сохтмончиён қарор мегирифтанд, ки асаре мондагор пайдо шавад. Асарҳои муҳташами иҷтимоие ки дар бораи сохтмону бунёдкориҳо навишта шудаанд, ин натиҷаи диду мушоҳидаҳои муаллифону адибонест, ки ҳамроҳи сохтмончиён кор кардаанд. Ба ин бовар дорем, ки инъикоси рўҳи ин сохтмони аср, дар оянда ба қуллаҳои баланд мерасад. Он дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт меёбад. Ин ҳуруфи заррин ба майдон омадани асарҳои асили адибону эҷодкоронест, ки қалами буррову муваффақ доранд. Бовар аст, ки дар даргоҳи ДМТ ингуна қаламкашон ҳастанд ва чун ҷавонони соҳибқалам дар корзори ин сохтмон камол меёбанд, ин гувоҳи пайдо шудани нигоришҳои мондагор мешавад.
Он чиз, ки мо устодону шогирдон дар ин сафари худ дидем, ба мо он хулосаро мебахшад, ки НОБ-и Роғун олами номусу нанг аст. Ин номусу нанг номи миллати моро дар ҷаҳон бори дигар овозадор мегардонад. Давлати муқтадири шўравӣ бо буҷаву сарвати тавонояш ин неругоҳро сохта натавонист ва акнун бо матонату заковати Пешвои миллат ва халқи дар атрофи ин Пешво муттаҳид ин сохтмони беназир анҷом хоҳад ёфт. Ин нерўгоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад. Нангу номуси як миллат ва Пешвои он, ки маҳбуби ҷаҳониёнанд. Рўзе ин нерўгоҳ ба гувоҳи қатъии ин номусу нанг табдил меёбад. Ин кори хайр ва бузургест, ки даҳсолаҳо наслҳои имрўзу оянда аз он суд хоҳанд бардошт. Чӣ фараҳбахш рўз аст, он рўз, ки вақте мешунавем: "НОБ-и Роғун ба кор даромад" ва он рўз наздик аст.
Имомзода М.С.,
ректори ДМТ, академик

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин