Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ПАЁМИ СОЗАНДА

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст. Ва он ҳар сол ба парлумони кишвар ироа мегардад. Паём ин санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад.
Нахустин Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000-ум ироа гардида, Паёми 22-юми декабри соли 2017 Паёми 19-умин буд.
Дар Паёми навини худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар рўзи ироа гардидани Паёми навини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони ҷумҳурӣ ва мардуми Тоҷикистон бо чанде аз сокинони вилояти Суғд ҳамсўҳбат гардидем, ки андешаҳояшонро доир ба нуктаҳои алоҳидаи он чунин баён доштанд.

Умарзода Зайнура Васлӣ-муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ:
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути назари хирадмандона дурнаморо 22 –юми декабри соли 2017 бо истифода аз салоҳиятҳои конститутсионии хеш пешкаши аҳли ҷомеа сохта, бо боварии комил иқтисодиёту сиёсати ҷоннокгаштаи мамлакатро бо диди оқилона таҳлил намуданд. Чунин иқдом бори дигар ҳувайдо месозад, ки муҳаббати раъият нисбати сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат хеле самимӣ буда, онро ҳар сол бесаброна интизорӣ мекашанд. Зеро сатҳи зиндагии болорафта, тинҷиву ваҳдати зуҳуркарда аз ҳамин иқдомот нумуъ кардаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳуҷҷате шумурдан раво нест, ки он собиткунандаи масоили танҳо имрўз бошад, балки аз рўи андеша ва хирад пай бурдан душвор нест, ки он оинаи раҳнамои солҳост. Аз ин хотир, ба назар мерасад, ки омўзишу мутолиа, хулосабарорӣ ва чун дафтари хотира барои худ қайд сохтану дар кори хеш онро чун нақшаи роҳнамо истифода бурдан қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш онро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд ин рушди нишондиҳандаҳои нерӯи инсонӣ мебошад. Пешвои миллат дар Паёми худ тарбияи насли ҷавон, пешгирии шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиро зери тозиёнаи танқид қарор дода, бори дигар махсус таъкид намуданд, ки террорист, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Аз қадим аҷдодони мо вобаста ба ҳуввияти миллиямон ҳамеша қишри ибратомўзу мушкилкушои нофаҳмиҳо байни насли ҷавонанд ва бояд эшон рисолати инсониву имонии худро баҷо оварда, ба ҳамсояву хешу пайвандон ва сокини маҳаллаи худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, кўшиш кунанд, то наврасон ба касбомўзӣ ва саводомўзӣ бештар диққат диҳанд. Ба ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳвати миллӣ-Пешвои миллат омўзиши ҳунарҳои миллиро хело ҳам ба маврид таъкид карданд. Ва дар ин замина, соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Дар Паёми хеш Президенти кишвар инчунин оиди сарфакорона истифода кардан аз нерўи барқро таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки давоми 25 соли Истиқлолият бори аввал мо имкон ёфтем, ки саросари кишварро дар фасли тирамоҳу зимистон бо барқи доимӣ таъмин созем. Аммо ҳоло ҳам иқтидори зарурии захираи энергетикӣ камӣ мекунад. Аз ин рў, аз ҳар сокини баору номуси кишвар даъват намуданд, ки маблағи истифодаи барқро саривақт пардохт ва истифодаи самараноки онро таъмин созанд.
Чун анъана Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи созандаи миллат унвон карда, махсус иброз доштанд, ки сиёсати мо дар самти тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон мунтазам идома хоҳад ёфт. Яке аз ташаббусҳои олии Ҳукумати мамлакат дар ин ҷода эълон шудани соли 2017 – Соли ҷавонон буд.
Ҳамзамон дар Паёми имсола Сарвари давлат махсус зикр намуданд, ки имрўз бояд соҳаи саноат нисбати соҳаи кишоварзӣ афзалият дошта бошад. Гузариш аз ҷумҳурии агросаноатӣ ба ҷумҳурии саноатию аграрӣ, яъне тавассути инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат, таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, аз як тараф боиси коркарди захираҳои бойи ашёи хоми кишвар гардад, аз тарафи дигар сабабгори зиёд шудани ҷойҳои корӣ гашта, муаммоҳои имрўзаи ҷомеаи мо халли худро пайдо хоҳанд кард.
Хулоса карда гўем, Паёми имсолаи Роҳбари давлат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як дастури раҳнамо мисли солҳои пешин тавонист, ки дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд. Паём барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватандўст метавонад барномаи мукаммали солонааш бошад, то ҳар яки мо бо ҳидоят ва пешниҳоду шароити мусоиди ба роҳ мондаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсадҳои нек қадам сўи фардои дурахшони ватанамон дошта бошем.

Камолиддин Самиев-мудири шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаи МИҲД-и ноҳияи Ашт:
-Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон ва мардуми Тоҷикистон нисбати мақому мартабаи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ суханони нек гуфта шуданд. Аз ин Паём бармеояд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ, роҳбари корхонаву ташкилот ва соҳибкорон бояд ба корҳои хайр, дастгирии ятимону маъюбон, пирони барҷомонда таваҷҷўҳ ва самимият дошта бошанд.
«Вақте ятимеро ё эҳтиёҷмандеро дастгирӣ кардӣ Худованд баракати кората медиҳад ва соҳибэҳтиром мегардӣ»-гуфтанд Ҷаноби Олӣ.
Ҳама вақт хизмат ба мардум ва давлат, корҳои ободкориву созандагӣ, дастгирии эҳтиёҷмандон инсонро азиз ва некном намудааст. Паём раҳнамо ва нақшаи зиндагии ҳар як инсон аст.
Шуъбаи хизматрасонии иџтимоӣ дар хонаи МИҲД-и ноҳияи Ашт айни ҳол ба 170 нафар эҳтиёҷмандон хизмати иҷтимоӣ расонида, баҳри дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, омўзонидани курсҳои дўзандагӣ ва компютериро ба роҳ мондааст. Ва ба ин васила, дар амалӣ намудани сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат ҷидду ҷаҳд менамояд. Баҳри дастгирии маъюбон ва наздик намудани онҳо шуъба пайваста чораҷўӣ намуда, онҳоро ба чорабиниҳои идона ва фарҳангию фароғатӣ даъват менамояд. Ҳамчунин барои дастгирии маъюбон «Маркази хайри эҳсон» соли чорум аст, ки фаъолият намуда, ин қабил шаҳрвандонро бо ғизо ва сарулибос таъмин менамояд. Дар шуъба 27 нафар хизматрасонҳо ба 9-ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, хизмати эҳтиёҷмандонро баҷо меоранд. Аз ҷумла, манзили истиқоматии онҳоро тоза карда, барояшон хўрок тайёр мекунанд. Ҳуҷҷатгузориҳо ва дигар корҳои зарурии эҳтиёҷмандонро ба сомон мерасонанд.

Шўҳрат Саидзода-дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ, шаҳри Хуҷанд:
-Паёми имсолаи Пешвои миллат ба монанди паёмҳои қаблӣ аз масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ иборат буданд. Пеш аз ҳама масъалаи ҷонибдорӣ ёфтани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаи об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид яке аз нуктаҳои асосии Паёмро ташкил медод. Зеро, бо эълон шудани солҳои 2018-2028 -Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон бори дигар дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоён муаррифӣ гардида, соҳиби мавқеи боз ҳам устувор шавад. Воқеан, ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ҷавобгў ба манфиатҳои миллии кишварамон аст. Балки он ҳамчунин барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикстон бо чунин иқдомҳои худ тавонист, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро рўӣ масъалаи оби тоза ҷалб намуда, ҳаллу фасли онро ба мавзуи баррасии кишварҳои ҷаҳон табдил бидиҳад. Гузашта аз ин, бо ин роҳ метавонем таваҷҷўҳи созмону давлатҳоро барои тадбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди иқтисодии кишвар аҳамияти муҳим доранд, ҷалб намоем.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳими Паёми имсола– баланд бардоштани сифати рушди нерўи инсонӣ мебошад. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки сифати нерўи инсонӣ ҳарчи баланд бошад, ҳамон қадар имконияти рушду инкишофи давлат бештар мегардад. Аксарияти давлатҳои пешрафта на танҳо аз ҳисоби даромади захираҳои бузурги зеризаминӣ рушду нумуъ ёфтаанд, балки баръакс бештари он кишварҳо бо истифода аз нерўи инсонӣ –дастёб шудан ба ихтирооти нави илмиву техникӣ ва бунёдкориву созандагӣ ба муваффақиятҳои назаррас шарафёб гаштаанд. Сармоягузорӣ ба инсонро мисли сармоягузорӣ ба як лоиҳаи иқтисодии ояндадор, ки минбаъд даромад ва сарвати азим ба миён меорад, назар менамоянд. Аз рўи ин муносибат барномаҳое, ки давлат таҳия менамояд, таълиму тарбияи инсон аз давраи хурдсолӣ то ба давраи камолот дар бар мегирад. Чунин муносибат ва фаҳмиш на танҳо дар як сатҳи муайяни давлатдорон, балки дар байни тамоми мардум роиҷ гардида, дар давраи кўдакӣ, наврасӣ ва ҷавонони аҳли ҷомеа, барномаҳо ва арзишу усулҳои муносиб истифода мегардад. Давлат дар раванди камолоти ҷисмонӣ ва маънавии инсон ҳам шароити иҷтимоӣ ва ҳам таълимиро ба таври лозима муҳайё намуда, тамоми имкониятҳоро ба рушди нерўи инсонӣ равона месозад.
Тоҳирҳон ИСКАНДАРЗОДА,
хабарнигори «Ваҳдат» дар вилояти Суғд

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин