Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:37 – Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД 
  • 09:49 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 
  • 14:45 – «МАН ҲАМАИ ШУМО, ХАЛҚИ АЗИЗАМ ВА ХУРДУ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОНРО СИДҚАН ДӮСТ МЕДОРАМ». Эҳдо ба Рӯзи Президент 
  • 07:54 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ  НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик ҳамчун намояндаи барҷастаи халқиятҳои дорои таърих ва фарҳанги қадимадошта шурўъ гардид. Аммо, мутаассифона, дар солҳои нахустини соҳибистиқлол бо ношукрӣ ба ҳамин бахту саодати худовандӣ ва надонистани қадри озодиву истиқлол ҷанги таҳмилии ба истилоҳ бародаркуш бо гуноҳи гурўҳҳои хиёнаткор ва фурўхташудаи миллат оғоз ёфта, баробари зуҳури харобиҳои зиёд, хисороти моливу ҷонӣ ҳамин падидаи нодири таърихиро зери суол гузошт.
Дар ин рўзҳои хуҷаста, мо дар арафаи як рўзи саодати миллат, яъне Рўзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бо ёдоварӣ аз он айёми мушкилот нақши як шахсияти мунири замони худро дар арсаи бунёди давлати навин ва оғози марҳилаи навини давлатсозӣ дар Тоҷикистон таъкид намуданӣ ҳастем. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони бунёдгузори мактаби нави давлатсозии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҳамин марҳилаи сароғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон марбут аст, чун баробари ғўтидани кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ хатари аз миён рафтани давлати навистиқлоли Тоҷикистон ба миён омада буд. Маҳз, зуҳури ҳамин шахсияти бузурги таърихӣ дар сарнавишти миллати мо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва устувории рукнҳои мамлакат боис шуд, ки бегумон роҳи имрўзаи тайкардаи Тоҷикистонро равшану мунаввар гардонид.
Бояд қайд кард, ки ба номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ пайдо кардани таъмини рушду тавсеаи пояҳои давлату давлатдорӣ дар фурсати начандон тўлонӣ, аз як ҷиҳат, ба нақши шахсияти сиёсӣ дар арсаи таърих ишорат кунад, аз ҷониби дигар, нишондиҳандаи қувваи бузурги ақлу заковати таърихии халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳосили ин ақлу заковати бузург, ки пеш аз ҳама дар сиришту вуҷуд ва чеҳраи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон хамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҷассам гардид, ба таҳкими раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва шурўъи марҳилаи навини давлатсозии тоҷик самар оварда, онро дар арсаи ҷаҳонӣ низ муаррифӣ намуд. Бо ишорат ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми асри гузашта, академик Носирҷон Салимӣ мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла чунин баён доштааст ки: "Барномарезиҳои оқилонаи Президент дар густариши фазои демократӣ, ки бо қолабшиканиҳои ҷасурона дар низоми иҷтимоиву сиёсӣ ҷараён мегирифт ва ҳамвора такмил мепазируфт, паёмади суботи беназир дар иродати сиёсӣ, нерўи азими маънавӣ, тамкин ва таҳаммул бар асоси ақлу хирад буданд, ки гардиши айём ҳақиқаташро ба субот расонид". Дар ин андеша дар баробари он ки ташаббусҳои шахсии ин фарзанди фарзона муаррифӣ шудааст, ин матлаб низ тафсир ёфта, ки эътироф гардидани Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори асри ХХ1 аз ҷониби марказҳои бонуфузи сиёсии ҷаҳонӣ худ шарҳу тафсири моҳияти корномаҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар назди хадқу миллати хеш ба ҳисоб рафта, бозгў менамояд, ки ҳукумати мамлакат бо роҳнамоиҳои ин чеҳраи таърихӣ дар оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари муваффақ шуданаш дар таъмини сулҳу субот, инчунин барои муаррифии халқи тоҷик низ имконият пайдо кард, ки дар натиҷа дар симои Пешвои миллат ҷаҳониёни мардуми тоҷикро ҳамчун халқи ташаббускор, инсонгаро, мардумсолор, дурандеш ва дорои ҳусни олии фарҳанги ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамраъӣ бо мардумони олам шинохтаву эътироф намуданд. Ин албатта, боиси ифтохори сарбалании тамоми мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Бар асоси ин таҳлилҳо метавон натиҷагирӣ намуд, ки агар сарчашмаи асосии маваффақиятҳои давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 16-уми ноябр, ки ба унвони санаи иҷлоисияи тақдирсози миллат низ ёд мешавад, эътироф гардад, хато нахоҳад буд. Зеро санаи мазкур ба сифати оғози ташаббусҳои нодир эътибори хоса доштанаш, инчунин бояд таъкид кард, ки дар ин рўзи таърихӣ сарнавишт ба саҳнаи сиёсат як раҳнамои наҷотбахшеро барои мо ҳадя намуд, ки тақдири имрўзу ояндаи халқи хешро муайн кард ва хатари аз байн рафтани як миллати мутамаддинро аз нобудшавӣ бартараф намуд. Ба таъбири дигар, дар ҳақиқат аз ҳамин рўз дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат як гардиши куллии таърихӣ рух дод, ки ҳосили он имрўзи босаодат ва ободону шукуфои мост. Аз ин рў, барҳақ рўзи Президентро дар Тоҷикистон мо метавонем ҳамчун сароғози марҳилаи нави давлатсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намоем, ки муаллифи лоиҳа ва ин модели ҷадид, бешак Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Дар тақвими ҷашнвораҳои миллӣ қарор гирифтани ин санаи фархунда ҳамчун Рўзи Президент нишонаи қадршиносии мардуми тоҷик ба шахсияти олии мамлакат ҳисоб меёбад, ки ў бо барномаҳои комилан нави сиёсӣ, нерўи иродати бузурги ватанхоҳию ватандорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими пояҳои ваҳдату дўстӣ, ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ, боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ тавонист дар мақоми олии кишвар кореро анҷом диҳад, ки халқи тоҷик бо интизориҳои зиёд дар ин роҳ ҷони ҳазорон фарзандони фарзонаашро қурбон намуда буд.
Бо боварии комил метавон таъкид кард, ки халқи тоҷик бо камоли ихлосу иродат ва маърифати бузург давоми ҳазорсолаҳои дигар ин санаи фархундаро ҳамчун ҷашни мубораку хуҷастаи миллӣ истиқбол гирифта, таҷлил мекунанду гиромӣ медоранд. Ба таъбири дигар, таҷлили рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамакнун дар канори дигар ҷашнвораҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврўз, Меҳргон, Сада ва ғайра аҳамияти бештар дорад ва андеша мекунам, ки ҳар қадар аз лиҳози замонӣ аз сароғози вуруди он ба тақвими миллӣ фосила пайдо кунем, ҳамон қадар афзалияти ин санаи фархундаву бузург барҷаставу рўшан гардида, нақши фардосози он муҷассаму муҷаллал мегардад.

Аюб УСМОНОВ,
номзади илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин