Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН

Мўҷиб ба шодмонию хурсандии комили мост, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосае доранд. Бунёди макотиби миёнаву олӣ, фиристодани ҷавонони лаёқатманд ба хориҷа барои таҳсили илм, ташкили грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендияву мукофот баҳри ихтироъкорону донишомўзони ҷавон, баргузории лагерҳо, барномаҳои тафреҳӣ, сайру саёҳатҳо ва ғайраҳо далели гуфтаҳои болост.
Ҷавонони имрўза дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа фаъол буда, саҳми назаррасеро дар рушд ва пешрафти сиёсату маърифат ва илму ирфон гузошта истодаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷавонон нерўи бузурги офарандаю бунёдкорона доранд. Онҳо метавонанд бо донишҳои қавӣ, бо меҳнату талош ба музаффариятҳои назаррас ноил гарданд ва баҳри вусъат ёфтану тараққӣ кардани соҳаҳои мухталиф саҳмгузор бошанд:
Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрўзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагонӣ оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Агар аз дастгириҳову фароҳамовариҳои давлату ҳукумат, хоса, аз илтифоту марҳамати Пешвои миллат сухан гўем, саҳифаҳо басандагӣ намекунанд.
Дар радифи ҷавонони зодаи даврони Истиқлолият аз ҳамаи неъматҳои Истиқлолият воқиф ҳастам. Дар таътили зимистона, бо иқдоми собиқ раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар қатори 100 нафар ҷавонони беҳтарини вилоят дар "Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" истироҳат намудам. Ҳангоми истироҳат рафиқони зиёде пайдо намудаму якҷо баҳри пешрафти Тоҷикистон ақидаҳоямонро радду бадал мекардем. Ғайр аз ин, дар озмуни Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ширкат варзида будам. Аз иштирок дар озмуни фавқуззикр низ таассуроти ғание ҳосил намудам. Бо фаъолияти хизматчии давлатӣ шинос шудам ва ниҳоятан баргузории Ҳафтаи худидоракунӣ дар МИҲД-и вилояти Суғд барои ғанӣ гаштани ҷаҳонбинӣ ва ҳосил намудани таҷрибаи идоракуниям заминаи васеъ фароҳам овард.
Ногуфта намонад, ки ташаккул ёфтани Маркази миллии тестӣ яке аз беҳтарин иқдом барои пешрафти маорифу илм ва дастгирии ҷавонон ҳисобида мешавад. Маркази миллии тестӣ шаффофият ва ба таври ҳақиқӣ гузаштани низоми имтиҳонотро таъмин менамояд, ки мо онро алаккай дар таҷриба дида баромадем. Масалан, банда тариқи ин марказ дар шуъбаи рўзонаи шакли буҷавии ихтисоси электроникаи тиббии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, то ҳол таҳсил намуда истодаам. Пас аз воридшавӣ ба донишгоҳ дастгирию ғамхории Ҳукумату роҳбарияти донишгоҳро дучанд ҳис намудам. Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ озмоишгоҳи кафедраамон бо навтарин таҷҳизотҳо таъмин гашта, бинои таълимӣ аз нав таъмир карда шуд.
Фазои амну устувор ба ваҳдату ягонагӣ аз беҳтарин неъматҳою арзишҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, сарзамине, ки дар он ҷо сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ҳукмфармо мебошад, бешубҳа, дорои пешравиҳою тараққиёти назаррас мегардад. Муҳимтар аз ҳама, аҳолии он сарзамин дар амнияти комили сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор хоҳанд дошт.
Боиси хушҳолию айни сарафрозист, ки имрўзҳо дар мулки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати оқилонаву сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату якдилӣ ва сулҳу субот ҳукмфармост. Мувофиқи таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон имрўз аз нигоҳи амнияту оромӣ, бехатариву осоиштагӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад ва чун нишонае аз муҳаббати аз дил ҷўшзадабаромада ва бо самимияти хоса гуфтаи Кафили сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҷаҳоннамо такрор ба такрор ба самъи мардум мерасад, ки "Дўст бошед, иттифоқ бошед! Шукронаи ин сарзамин кунед! Шукронаи ин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!", мо бояд аз ҳамаи ин фароҳамовариҳо, дастгириҳо ва неъматҳои моддию маънавии истиқлолият шукргузорӣ намоем. Воқеан, шукргузории мо буд, ки ба ин рўзҳои нек расидем. Аммо бархе аз инсонҳо ба дурўғу ваъдаҳои ҳангоматалабони хориҷа бовар намуда, ҳаёти осудаи халқро халалдор месозанд. Имрўз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рўзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, имрўз тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ равона гардидаанд.
Оламиён нахустин бор 36 сол қабл аз ин шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амали нангин соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар ба ҳалокат расида, 100 тан захм бардоштанд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии "Ҳизбуллоҳ" ба уҳда гирифт. Имрўзҳо бисёр амалҳои террористиро шоҳид мегардем, ки аз тарафи гурўҳҳои ҷудогонаи террористӣ ба амал меоянд. Аз ҷумла, "ал-Қоида", "ДИИШ", "Ҳизб-ут-Таҳрир", "Бародарони мусулмон", "Ҷунбиши толибон", "Ҳаракати исломии Ўзбекистон", "Салафия", "Ҷамоати даъват ва таблиғ", "Ихвон-ул-муслимин", "Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ", "Акрамия", "Ҷамоати муҷоҳиддини Осиёи Марказӣ", "аш-Шабоб", "Боко ҳарам", "Ансоруллоҳ" ва ғ.
Бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳабарии хеш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа ҷалб намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ батакрор таъкид карданд, ки "Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гўянд!..".
Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлатамон соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир гардидани конференсияи бонуфузи байналмилалии "Ислом - зидди экстремизм ва терроризми динӣ", ки бо ширкати беш аз 30 кишвари дунё баргузор гардид, баёнгари он аст, ки Тоҷикистон дар заминаи мубориза бар зидди ифротгароии динӣ бетараф набуда, яке аз ташаббускорони ба роҳ мондани ҳамкориҳои қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки "Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд". Барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд: "Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи "сиёсати дугона" нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кўшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад".
Пўшида нест, ки имрўз садҳо ҷавонони тоҷик ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил шуда, қурбони амалҳои ғайриинсонӣ гардидаанд. Ин амали ҷавонон, албатта, хеле нанговар буда, зиёиён, донишмандону сиёсатмадоронро водор месозад, то андешаи хешро дар мавриди пешгирӣ кардани ҳамроҳшавӣ ба ин ҳаракатҳо ва оқибатҳои фалокатбори ин ҳамроҳшавиҳо баён намоянд. Дар робита ба ин таъкидҳои Пешвои миллат имрўз ҳар кадоми моро зарур аст, ки ба масъалаи мавриди назар муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем ва аз пайвастани ҷавонони ноогоҳ ва дигар қишрҳои гумроҳи ҷомеа ба ин гурўҳҳо ҷилавгирӣ намоем.
Мо, ҷавонон, давомдиҳандагони сиёсати оқилонаю хирадмандона ва сулҳҷўёнаи пешгирифтаи Сарвари давлат ҳастем. Намегузорем, то нохалафе ақидаи нопокашро дар шуури ҷомеаи шарифи тоҷик ҷой кунад. Чунки мо ҷонибдори шуури солим ҳастем.

Ҳайдаралӣ АШЎРОВ,
донишҷўи курси панҷуми
ихтисоси электроникаи тиббии факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин