Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ…

Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ…

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бисёр ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардидаву рушди тоза мегиранд.
Бобои Маҷид Абдураҳмоновро дар ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав"-и ноҳияи Тоҷикобод ҳамчун устои гулдаст ҳама мешиносанд. Зеро дар аксар деҳаҳои ноҳия ва ҳатто ноҳияҳои ҳамсоя низ аз маҳсули дастони пурэъҷози ў - дару тиреза, табақ ва гаҳвораҳои зебою хушсифат истифода мебаранд. Ҳунармандиро ман аз бобоям Бобосиддиқ, ки ҳанўз дар миёнаҳои асри 19 аз Самарқанд кўч баста, ба деҳаи Зарафшони Тоҷикобод омаданд, омўхтам, -мегўяд бобои Маҷид. Онҳо асосан боғпарвар буданд ва ба ҳунармандӣ ҳам машғул мешуданд. Маҷиди ҷавон, ки таҷрибаю маҳорат ва меҳру шавқи зиёд ба бинокорӣ дошт, соли 1952 баъди сарбаландона анҷом додани хизмати ҳарбӣ ва бозгашт аз кишвари Олмон идораи сохтмони ноҳияи Тоҷикобод ба кор омад.
Солҳои 60-70 -уми асри гузашта дар деҳот, аз ҷумла дар маркази ноҳияҳо сохтмони биноҳои манзилӣ, маишӣ ва маъмурӣ хеле дар авҷ буд. Аммо сохтмончиёну бинокорон намерасиданд.
Маҷид Абдураҳмонов бо аъзои бригадааш дар бунёди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, чойхонаву боғчаҳои кўдакон ва биноҳои манзилӣ барои шаҳрвандон саҳми арзандаи худро мегузошт. Бахшида ба ҷашни 60-солагии ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия сохтмони якчанд иншоотҳои ҷашнӣ бо маром идома дошт, - ба хотир меорад бобои Маҷид. Сохтмончиёну бинокорон шабу рўз зарбдорона меҳнат мекарданд. Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия Дедов (солҳои зиёд дар вазифаи котиби дуюми КМКҲ Тоҷикистон низ кор кардааст) ҳафтае ду -се маротиба ба назди бинокорон омада, аз ҳолу аҳволи онҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ бохабар мешуд. Ҳамаи дару тирезаҳои сохтмонҳои ҷашнии дар боло номбаршуда маҳсули дастони пурэъҷозкори Маҷид Абдураҳмонов ва аъзоёни бригадаи сохтмончиёни ў мебошанд. Ҳунари волою истеъдоди бузургашро дар ноҳия ҳама медонистанду ҳурмату эҳтиромаш мекарданд ва ҳунарашро қадр менамуданд.
Роҳбари хоҷагии "Ҳаёти нав" Ширин Устоев, ки ўро аз наздик мешинохт, ба хонаи ў омада, баъди салому алейк гуфт:
-Акаи Маҷид ман медонам, ки шумо ҳунари хеле хуб дореду ба қавле "панҷ панҷаат ҳунар аст". Хоҳиш мекунам, ки ба хоҷагии мо ба кор биёед. Мо бароятон ҳамаи шароитҳоро муҳайё мекунем.
- Майлаш, раис -гуфт усто Маҷид.
То ба нафақа баромаданаш дар устохонаи хоҷагии "Ҳаёти нав" сарбаландона кор кард.
Маҷид Абдураҳмонов зиндагию рўзгори хешро беҳудаю баръабас нагузаронидааст.
Вай баробари фаъолият дар муассисаю хоҷагиҳо дар хонааш ҳунари аҷдодиашро ба фарзандонаш ёд медод.
Писаронаш Мансур, Абдулҳай ва 6 набераҳоаш ҳунари волои бобои Маҷидро омўхтаву ба мерос гирифтанд.
Дару тирезаҳои хушсифат, табақҳои гуногун, гаҳвораҳои зебо, сандуқу катҳои дорои тарҳи зебо, ки бо дастони пурэъҷози онҳо сохта шудаанд, харидорони зиёде дорад. Онҳо маҳсули босифати ҳунармандиашонро дар чандин намоишгоҳҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта, сазовори баҳои баланд гардиданд.
Синну соли бобои Маҷид ба 86 расида бошад ҳам, имрўз бардаму боқувват аст.
- Шукронаи Ваҳдату соҳибистиқлолии кишвар, ки ҳаёти осоиштаву зиндагии хуррамона дорем, -мегўяд бобои Маҷид. - Фарзандонро дар рўҳияи меҳнатдўстию ҳисси ифтихори миллӣ тарбия менамоем, то оянда ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намоянд, -илова намуд ў.
Аъзам БОБОЕВ,
хабарнигори "Ваҳдат"

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин