Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

Пешвои миллат: «Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд»

“Мо ба густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем”, — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои зиёди Осиёи Марказӣ чун анъанаи неки дӯстиву эҳтиром, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, он ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо ва рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.

Президенти мамлакат бо изҳори хушнудӣ иброз доштанд, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардидани муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар раванди рушди шарикии гуногунҷабҳаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб намуд.

«Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд. Тамоми масъалаҳои ҳалталабе, ки тайи зиёда аз 20 соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳал гардиданд ва мо ҳамкориямонро дар самти шарикии стратегӣ ба роҳ мондем»,- изҳор намуданд Сарвари давлат.
ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин