Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:23 – Рӯзноманигори мисрӣ ва коршиноси соҳаи Осиёи Миёна Муҳаммад Салома: «Тоҷикон бо таърихи ҳазорсолаи худ маҷрои оламро тағйир додаанд» 
  • 11:06 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод 
  • 10:58 – «СУБҲИ САОДАТ АЗ УФУҚИ САРВАРӢ ДАМИД». Дар ҳошияи китоби пурарзиши Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» 
  • 09:35 – ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ХИРАД 

Тоҷикистон «Фалак» ва ҷашнҳои «Меҳргон»-у «Сада»-ро барои шомил намудан ба Феҳристи ЮНЕСКО пешниҳод менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Садаро ҷиҳати шомил намудан ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод намояд. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат баён карданд.

Президенти кишвар зикр намуданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Хусусан дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусиқии суннатии Шашмақом ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

29 ноябри соли равон бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии тоҷикон — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

«Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад»,- таъкид карданд Пешвои миллат.
ДУШАНБЕ, 26.12.2018/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин