Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

РАҲБАРИ ФОЗИЛ- ҲАДЯИ ХУДОВАНДИСТ

РАҲБАРИ ФОЗИЛ- ҲАДЯИ ХУДОВАНДИСТРаҳбари оқилу одил дар ҳама давру замон омили асосии пешрафти кишварҳо ва тамаддунҳо будааст. Дар таърихи ҷаҳон кам тамаддунҳое маълум аст, ки мисли тамаддуни форсии тоҷикӣ ба масоили рушди ҷомеа тавассути ҳукмрони одилу оқил ва бо риояи арзишҳое чун адлу доди иҷтимоӣ, инсонгароӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ таваҷҷуҳ карда бошад.
Як масъалаи муҳиме, ки ба фарҳанги давлатдории миллии мо дахл дорад, нақши ҳукмрони одил дар пешбурди ҷомеа ба сўи саодату осоиш аст. Шуруъ аз Фирдавсӣ то ба Саъдиву Кайковус садҳо фозилону нобиҒагони адабу фарҳанги мо дар осори безаволашон ба ин масъала таваҷҷуҳ кардаанд. Шоҳони одил ситоиш ва ҳокимони ситамгар танқид шудаанд.
Фирдавсии бузург доштани хирадро фазилати аввалияи соҳиби тахту тоҷ мепиндорад. Аз қавли ў:
Хирад дар ҷаҳон чун дарахти вафост,
В-аз ў бар нахустин дар дили подшост.
Ҳар он кас, ки ў барнишинад ба тахт,
Хирад бояду номдориву бахт.
Саъдии бузургвор хидмати раъиятро бузургтарин неъмати ҳар валинеъмат гуфтааст:
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест…
Тоҷикистон соли 1991 соҳиби беҳтарин неъмати башарӣ – истиқлолияти сиёсиву давлатӣ шуд, аммо баъди муддате хатари аз байн рафтани он ба вуҷуд омад. Ана дар ҳамин марҳилаи ҳассос шахсияти бузурге дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбариву раҳнамоӣ пазируфта шуд, ки миллату кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.
Раҳнамоӣ ба халқ, пешбурди мардум ба сўи зиндагии шоиста, нигоҳ доштани раият аз парокандагиву низоъ масъулияти бузурге ҳаст, ки танҳо шахси фозилу хирадманд метавонад ин бори масъулиятро ба дўш бигирад. Фикр мекунем, ки маҳз ҳамин андешаи масъулияти давлату миллат буд, ки вакилони мардумӣ қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул карданд ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат расман эътироф гардид.
Аз назари меъёрҳои фарҳанги бостонии мо ин падида мусбат арзёбӣ мешавад, чаро ки пешво ба маънои пешраву пешбаранда ва раҳнамову роҳбар комилан ба шахсият ва корномаҳои беназири Эмомалӣ Раҳмон комилан мувофиқат мекунад. Дар чунин марҳилаи таърихӣ, ки ними олам оҒуштаи низоъҳову муноқишаҳост, сарнавишти кишвар ва мардуми он бояд ба дасти касе бошад, ки масъулияти баланди ватандорӣ дорад.
Ҷомеа бояд ба қадри чунин шахсият бирасад ва ба сиёсати ў ҳамовоз бошад, чунки меъёри асосии ин ҳамовозӣ ва пазироӣ адолат аст. Дар таҷрибаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани сулҳ ва муттаҳид намудани миллат мавқеи марказӣ ва хеле ибратомўз барои сарварони мамлакатҳои дигар, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ дорад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир аст, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омўзиш ва корбарӣ қарор додаанд, зеро дар таърих кам ҳолате аст, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кутоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Аз таърих медонем, ки дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад, ки ўро дар дилу дидаи мардум маҳбуб сохт. Сарвари давлат бо хиради волои хеш дар як муддати кутоҳ Тоҷикистонро аз ҷангу муноқиша берун кашида, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеаро таъмин намуд.
Роҳбари давлати тоҷикон шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи исломро аз тамҒаи «террор» озод намуданд. Ин амал дорои савоби бениҳоят буда, беҳтарин хизмат барои тамоми мусалмонони ҷаҳон ба шумор меравад. Инчунин беҳтарин иқдоме, ки бо ибтикори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва хазинаи эҳтиётии Президент ҷудо гардидани даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла “Қуръон” ба забони тоҷикӣ буд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон такя бар мардум доштанашонро изҳор медоранд ва шукри ин сарзамину ин халқро ба ҷо меоранд. Халқ низ аз чунин Пешво ҳамеша шукргузор аст.

Иноятулло Сайфуллозода,
донишҷўи бахши панҷуми
факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин