Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД

Илҳом аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби Олӣ поягузори тарзу усули худии сулҳи кишвар ва ваҳдати комили миллӣ мебошад, ки дар сатҳи дунё чун намунаи нодир, дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътирофу қабул ва дар баландтарин сатҳ қадрдонӣ шудааст. Эшон бо хиради азалии пешвоӣ, ба қатори лидерони шинохтаи аср ва эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дохил шудааст, аз ин рў ба тавсифе ҳам эҳтиёҷ надорад.
Аммо чун фарди кишвар, аз ҷумлаи фидокориҳои бе мислу монанди ў таъкиди фақат як нуктаро бори дигар, барои мардуми кишвар зарур медонем. Воқеан ҳам Худованд Эмомалӣ Раҳмонро барои ин миллати куҳанбунёду фарҳангӣ, вале таърихан ба ранҷҳо рў ба рўгардонида шудаи Ватани аҷдодӣ, дар замони ҳасостарини таърих насиб гардондааст. Дар тўли танҳо 15 сол (1997-2012), кишвари ба нобудии комил рў ба рў шуда ва миллати ба вартаи парокандагӣ расондашударо наҷот додан ва давлати бо хазинаи комилан холишударо дар шароити ҷаҳони муосири манфиатҷў, ба сатҳи кишварҳои рў ба инкишоф расондан, дар таърихи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ намунаи ягона ҳаст. Чунин тавфиқ на ба ҳар роҳбару лидери ҷаҳони муосир насиб мешавад. Бузургии инсони заминӣ ҳамин қадар мешавад, тавре мегўянд, офтобро бо доман пўшида намешавад. Наслҳои баъдӣ ва таърихи миллату давлат ин хизматҳои бузургро ҳатман бо шукргузории бештар, ба сатҳи боз ҳам сазовортар қадрдонӣ хоҳанд кард.
Чун як фарди ҷомеа, ба асоси таҷрибаҳои ҳаётӣ ва мушоҳидаҳои панҷ солаи корӣ дар доираҳои сиёсии Афғонистони сиёсатзада дошта, мисли милионҳо сокинони шукргузори мамлакат, барои қаҳрамониҳояшон, барои эҳёи Ватану миллат, барои дар сатҳи ҷаҳонӣ эҳё кардани мақоми сазовори ин миллат, ки он дар тамаддуни умумибашарӣ нақши бузурги худро дорад, бо самимияти хос сари таъзим фуруд меорам.
Бо истифода аз ин имкони мусоид, ба мардуми худ боз як муроҷиати содда, вале мантиқӣ карданиам; табиати инсони хокӣ чунин аст, ки пас аз замоне, ҳатто ба бебаҳотарин ва заруритарин неъматҳои ҳаёт, чун фазои сулҳу ваҳдат, кору пешрафт, ки бо ҷонбозиҳои Пешвои сазоворамон насиби мо гаштаанд, ҳам одат кунад, гўё ҳамаи он осону худ ба худ барои мо насиб шуда бошанд. Аммо ҳеҷ сокини кишвар ҳуқуки маънавӣ надорад, фаромуш кунад, ки ризояту шукрат қонунҳои нонавиштаи табиӣ ва худовандианд, ва сарфи назар карданашон носипосӣ ва оқибатҳои гаронро ҳам ба бор оварда метавонад.
Аз ин рў, дар замони ҷаҳони пур аз манфиатҷўиҳо ва ноустувор, ҳифзи дастовардҳои бузург, тақвияти давлатдорӣ ва рушди босуръаттари кишвар, қабл аз ҳама ба хотири пос доштани рўҳи гузаштагону озодиву номуси ояндагони мо, дар баробари Ватани аҷдодӣ ва Пешвои миллат, ҳамчун масъулияту қарзи виҷдониву имони ҳар сокини мамлакат буда, дар мақоми аввалинтарини афзалиятҳо боқӣ мемонанд.
Шукру ризоятмандӣ ба Ватани аҷдодӣ, ба ҳамаи ин дастовардҳои он, ба Пешвои муаззами худ, шарти асосии пешрафти мо, хушбахтии бештари мо ва ояндагони мо ҳаст ва хоҳад буд, ки набояд лаҳзае фаромўш шаванд. Аз ҷониби дигар набояд фаромўш кард, ки тамоми дастовардҳои бузурги мо ҳасудону бадбинон ҳам дошта метавонанд, ки дар асари беэътиноиву бемавқеигириҳои иддае, барои суботи ҷомеаамон монеаҳои сунъӣ эҷод карда метавонанд.
Бар асоси таҷрибаву мушоҳидаҳо аз нигоҳи худ дар мавриди пешгирии чунин монеъаҳо ва ҳаттто хатарҳои эҳтимолӣ изҳори назар карданиам. Албатта, проблемаҳои кучак ҳамчун ҷузъи ҳаёти ҳар ҷомеа вуҷуд дошта метавонанд, аммо муҳимтарин вазифа дар он аст, ки онҳо бояд қаблан, бо салоҳиятона, бо ҳисси баланди ватанмеҳварӣ пешгирӣ шуда тавонанд, то ба сатҳи калонтар нарасанд. Ба ин хотир, ман бо умед ва ихлоси хос ба сиёсати мардумсолории Пешвои миллат якчанд пешниҳодҳои навбатиро яку ним сол қабл манзур карда будам. Агар ин қабил кўшишҳо, дар мавқее, як заррае ҳам бошад, кўмаке шуда тавонанд, мо бо хушбахтӣ ва қаноатмандии том онро иҷрои яке аз қарзҳои шаҳрвандии худ дар баробари Ватану Пешвои миллат медонем.
Пешниҳоди 1. Зарурати таҳияи «Стратегияи мафкуравии (идеологии) давлатии умумитоҷикистонӣ».
Дар марҳилаи кунунии равиши кишвар ва шароити ҷаҳони пуртаззоди мушкил пешгуишавандаи муосир, бархурди шадидтаршудаи манофеи абарқудратон, масъулияти шахси Президенти мамлакат, Пешвои миллат, дар ҳифзи манфиатҳо ва ҳадафҳои миллиӣ, мақоми кишвар дар ҷаҳон, таъмини рушди он, дар шароити рақобатҳои шадиди ҷаҳонӣ ва ғайра дучанд афзудааст. Чунин авзоъ тақозо мекунад, ки иттиҳоду якдилии комили тамоми қишрҳои ҷомеа дар атрофи Пешвои асили худ, ба сатҳу механизмҳои боз ҳам навтар баландтар таҳким ва ба таври мутадовим таъмин шавад. Барои ҳамин дар ибтидо ниҳоят зарур аст, ки тамоми хизматчиёни мақомоту ниҳодҳои умури давлатдорӣ, ҷамъиятӣ аз сатҳи боло то поён, бояд дар пайравии амалӣ аз намунаи фаъолияти дилсўзонаи хосу ватанмеҳварии Шумо, масъулияти хизмати давлатӣ ва миллиро ба тарзи эъҷодкорона, содиқона бо Шумо тақсим кунанд ва масъулиятҳои вазифавии худро бо баҳонаҳои «набудани дастур аз боло,, ҳам ба души Президенти мамлакат нагузоранд.
Ба асоси омузишҳои мо, ҳар гуна мудохилаҳо, ҳатто монеаҳои эҳтимолие, ки агар Худо накунаду пайдо шуда тавонанд, пеш аз ҳама аз хориҷи кишвар ,,ташкил,, шуда метавонанд. Дахолатҳо қабл аз ҳама, аз сатҳи мафкураи бештар анъанавӣ, суннатии боқимондаи мо ва ҳамчунон иддаи кўчаке, ки дастовардҳои бузурги миллии моро ҳанўз ба сатҳи зарурӣ қадрдонӣ карда наметавонанд, истифода карда метавонанд. Барои ҳамин аз ҳар фарди кишвар, дар бархурд бо падидаҳои ҷаҳони дуру наздик, ба хотири фардои дурахшонтари наслҳо, шукргузорӣ, зиракии бештар, ягонагӣ ва дар айни ҳол, дилсўзии фавқуллода баланди ватанмеҳвариву давлатмеҳвариро тақозо мекунад. Мафҳуми соддатарин, вале муҳимтарин, ки ,,тамоми мушкилоту проблемаҳои муваққативу ба тадриҷ ҳалшавандаи мо, ки ҷузъи ҳаёти тамоми дигар кишварҳо низ мебошанд, дар баробари як соати оромӣ ҳеҷанд,, , бояд дар мафкураву фарҳанги ватанпарварии мо ворид ва ҳамеша тақвият шавад.
Тафаккури миллӣ ва мардумии мо бояд пеш аз ҳама дар дохили кишвар, дар доираи миллӣ устувортар шавад, ки барои ҳифзу тақвияти бештари тамоми дастовардҳо ва ҳадафҳои олии сатҳи миллӣ дар ҳар замон, ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандӣ ниҳоят муҳим боқӣ мемонад. Вале мафкураи хоси мусбати сатҳи миллӣ, ки дар рушди баъдии кишвар шарти аввалин мебошад, худ ба худ ташаккул намёбад. Бинобар ин ва ба хотири аз назария ба сатҳи амалӣ расондани ин ҳадафҳои олӣ ва дар тафаккури тамоми аъзои ҷомеа ҷо кардани он, ташаккули мафкураи хоси милии сатҳи кишвар, яке аз муҳимиятҳои афзалиятноки давлатии замон боқӣ мемонад. Агар ба тарбияи мафкуравии аъзои ҷомеае таваҷҷўҳи махсус нашавад, ба худоромкуниҳо ва бетафовутиҳо роҳ дода шавад, эҳтимолияти монеаҳо дар рушди баъдии иқтисодӣ ва ҳатто сиёсии мо пайдо шуда метавонад.
Аз ин лиҳоз, аз диди мо, алҳол ниҳоят зарур аст, ки дар сатҳи кишвар Стратегияи давлатии мафкураваии (идеологии) умумитоҷикистонӣ таҳия ва ба тадриҷ татбиқ шавад, ки ҳадафи меҳварии он поягузории низоми тарбиявӣ ва ташаккули инсони мусбати ҷамъият ва ба воситаи он ба тадриҷ ба фарҳанги миллӣ табдил додани андешаи миллӣ, давлатмеҳварӣ, ваҳдати комили миллӣ ва арзишҳои дигари сатҳи миллӣ мебошад. Камина як тарҳи «Стратегияи давлатии мафкуравӣ (идеологӣ)-и умумитоҷикистонӣ»-ро аз нигоҳи худ, дар муҳити аз ҳар ҷиҳат маҳдуди худ анҷом дода будам.
Пешниҳоди 2. Таъсиси низоми (сохтори) марказии назорати давлатӣ.
Барои дар сатҳи баландтар таъмин намудани ҷараёни низоми иҷрои қарору санадҳо ва ҳуҷҷатҳо, ки дар пояи яке аз беҳтарин Конститутсия дунё ва мутобиқт ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ, дар сатҳи мақомотҳои давлатӣ қабул мешаванд, ба назари мо, таҷдиди сохторҳои назоратӣ зарурати марҳилаи нави рушди кишвар мебошад. Алҳол таъсиси ду шакли сохтори марказии назорати давлатӣ «Сарраёсати назорати давлатии дастгоҳи Президенти ҶТ» ё «Кумитаи назорати давлатии назди Президенти ҶТ», ин фаъолияти муҳимтарини назорати давлатиро бамаротиб самарабахштар карда метавонад. Ин сохтор, бояд мустақиман ба Президенти кишвар ҳисоботдиҳанда бошад, то ки низоми назорати давлатиро дар тамоми сатҳу соҳаҳо ба дараҷаи баландтар танзим, назорат, ҳамоҳанг ва ба хело таъсирноку самарабахш карда тавонад. Сохтори мазкур (дар доираи воҳидҳои назоратии мавҷудаи давлатӣ ва соҳаҳо, ки дар онҳо такрори вазифаҳо низ ба назар мерасад), робитаи давлатро бо ҷомеа, бо сокинон боз ҳам наздиктар мекунад, масъулияти мансабдоронро назди роҳбарияти олӣ ва мардум шаффофтар ва баландтар мекунад, дар дарёфту ислоҳи камбудиҳо ва проблемаҳои сатҳи давлатӣ низ такони ҷиддӣ шуда метавонанд. Дар ин сохтори марказӣ (бо роҳи кам кардани шумора ва мутамарказ кардани сохторҳои назоратии мавҷуда), таъмини назорати тамоми низоми назоратии соҳавӣ, аз назорати иҷрои асноди давлатӣ то истифодаи самараноки манобеи молии кишвар ва сиёсати пулии он дар тамоми мақомотҳо ва сохторҳои давлатӣ, ба таври мутамарказ фаро гирифта шуда метавонанд. Бар илова чунин сохтори марказӣ имкон хоҳад дод, то ки низоми идоракунии давлатӣ (менеҷменти идорӣ) низ дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба сатҳи баландтар ба роҳ монда шавад. Ба хусус ҷалби ҷомеа (худи аъзои ҷомеа)-ро, ки намунаи беҳтарини он дар замони пеш ба номи ,,Кумитаи назорати халқӣ,, , бо самаранокиву таъсиррасониаш машҳур буд, (ва имрўз ҳам дар шакли нав қобили истифода буда метавонад), имконпазир месозад ва дар маҷмуъ фаъолияти ин фишанги муҳими давлатиро ба сатҳи баландтар, ба манфиати низоми идоракунии давлатӣ ташкилу танзим менамояд. Ҳамчунон дар байни мақомотҳои олии давлатӣ, ки асноду қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари расмӣ қабул мекунанд ва мақомотҳои иҷроявии давлатӣ (иҷрокунандаи онҳо) холигӣ ба вуҷуд намеояд ва фаъолияти тамоми сохтори ҳукуматӣ аз боло то поён, ба асоси вазифаҳои гузошта шуда(тариқи асноди қабулшудаи давлатӣ), бо масъулияту сифати баландтар таъмин шуда метавонад. Оид ба ин масъала низ тарҳи мукамалтари пешниҳод таҳия кардаем.
Пешниҳоди 3. Ташкили сохтори ҷамъиятии «Мураббиёни ҷавонон».
Ҷавон кардани ҳайати кадрӣ дар тамоми сохторҳои давлатӣ, бешубҳа иқдоми зарурӣ ва мусбат аст, ки роҳбарияти олии давлат ба хотири ояндаи кишвар пеш гирифтааст ва соли 2017 ҳам бо дастури дурандешонаи Пешвои миллат, Соли ҷавонон эълон гардид. Аммо ба нафақа гусел кардани ҳамаи кадрҳову шахсиятҳои соҳибтахассус, бо таҷриба ва ба хусус дорои хирад ва аз ҳаёти ҷамъият дур шудани онҳо барои ҳаёти ҷомеа ҷанбаҳои манфӣ ҳам дошта метавонад. Бинобар ин омўхтани масъалаи ба тадриҷ баланд бурдани синни нафақа дар давраи аввал, барои мардон то синни 65 ва барои занон то синни 60 ва дар сурати зарурат, боз ба ду се соли дигари кори ихтиёрӣ боло бурдани он, ба хотири истифода аз неруи зеҳнии он идда коршиносони бо салоҳият, дар доираи таъсиси сохтори ҷудогонаи ҷамъиятии ба унвони ,,Мураббиёни ҷавонон,, дар тамоми ниҳодҳои далатӣ ҳам ба дастури Президент зарурат дорад. Ҳадафи ин сохтор- интиқоли таҷрибаву маҳорат ва хиради ҳаётӣ ба насли ҷавон ва таъмини пайванду пайдарҳамии мантиқии наслҳо, аз ҷумла сабукӣ барои буҷети кишвар мебошад. Дар фарҳанги куҳани мо, дар ин маврид ҳикмати мардумии «Бе пир марав, ки дар бимонӣ…» таҷрибаи мусбати рўзгор аст, ки дурустии худро борҳо нишон ҳам додааст.
Пешниҳоди 4. Ташкили «Маркази миллии омўзиш минтақаҳо ва маҳалҳои Ҷ.Тоҷикистон» дар доираи сохтори «Кумитаи Рушди маҳали назди ПрезидентиҶТ»
Дар доираи сохтори «Кумитаи рушди маҳали назди ПрезидентиҶТ», ташкили сохтор ба номи «Маркази миллии омўзиши минтақаҳо ва маҳалҳои Тоҷикистон », ки ҳадафи асосии он омўзиш, ҷустуҷў ва ҷамъоварии идеяҳо, барои дарёфти имкониятҳои маҳалҳои мухталифи кишвар (ки аксарашон манотиқи баланкўҳӣ мебошанд) ва истифодаи самаранок аз ин имкониятҳо, барои рушди минбаъдаи кишвар, дорои аҳамияти махсус мебошад. Дар зимн ин сохтор бояд масъалаи махсусгардонии минтақаҳову маҳалҳоро дар пояи имкониятҳову захираҳои воқеиашон омўхта, пешниҳодҳои мушаххасу асоснокро манзур намояд. Аз нигоҳи мо, махсусгардонии минтақаву маҳалҳо, роҳи муассиртарини кам кардани кумакпулиҳо (субвентсия, дотатсия) ва хароҷоти изофии буҷети марказӣ дар ин минтақаҳо мебошад.
Таври мисол, вилояти дурдастарини Бадахшон, маҳалҳои дигари кўҳии кишвар метавонанд, ба минтақаи коркарди маъдани кўҳӣ, рушди тамоми навъҳои саёҳӣ, чорвопарварӣ, боғпарварӣ ва ғайра махсус гардонда шаванд. Дар мисоли рушди босуръаттари ВМКБ, ки оид ба он маълумоти мукаммалтар низ таҳия шудааст, ки таъмини робитаҳои бештару доимии он бо марказу минтақаҳои дигари кишвар, таъмин хати сайри доимии ҳавоии байни пойтахти кишвар бо маркази вилоят яке аз афзалиятҳое мебошад, ки проблемаҳои дигари ин минтақаи дурдаст ба он сахт алоқаманданд. Ин иқдом имконияти мусофирати кории роҳбарони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои давлатӣ, коршиносон, сармоягузорон, соҳибкорони ватаниву хориҷиро ба таври доимӣ муҳайё мекунад. Барои ҳамин, ба сохторҳои дахлдор супоридани масъалаи омўзиши сохтмони фурудгоҳи замонавӣ (барои парвозҳои мунтаззам), дар мавзеи майдони ноҳияи Шуғнон, ба номи «Шаркинак майдон», ки дар масофаи 5 км аз фурудгоҳи мавҷуда қарор дорад ва дар оянда барои сохтмони боз як микрорайони истиқоматӣ истифода кардани фурудгоҳи мавҷуда, барои иқтисоди вилоят ва тамоми мамлакат такони ҷиддие хоҳад буд. Муҳимтарин натиҷаи ин лоиҳа,- аз ҳар ҷиҳат наздиктар ва омезиш (интегратсия)-и боз ҳам мукаммалтари ин вилояти дурдаст бо тамоми навоеҳи мамлакат мебошад, ки дар оянда нақши мусбати сатҳи давлатро нишон хоҳад дод.
Татбиқи ин қабил лоиҳаои ояндадор, ки нақши калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва ҳатто сиёсиро дар сатҳи мамлакат хоҳанд дошт, мисли ҳамеша, ба дастури Ҷаноби Олӣ, ба ҷасорату назари мусбат ва хиради ояндабини Пешвои миллат зарурат доранд. Зеро маҳз ҷасорату ватанпарастии фавқуллодаи Сарвари давлат, вилояти баландкўҳ ва дурдасти Бадахшонро дар солҳои душвортарин дар таърихи мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард ва вилояти Суғду манотиқи дигари дурдасти кишварро ба таври доимӣ бо маркази кишвар ва ба ҳамдигар пайваст. Чунин корҳои бузурги ба назари бисёриҳо «хаёлӣ ва имконнопазирро» ҳатто Шуравии абарқудрат ҳам ба ўҳда нагирифта буд, Президент амалӣ гардонд, ки қобили эътирофу эҳтироми ҳамагон мебошад.
Пешниҳоди 5. Зарурати навовариҳои ҷиддӣ дар низоми маориф
Бо дар назардошти арзишҳои анъанавии фарҳангӣ, тарбияи маънавии ҷомеа, ба хусус ба хотири пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна таъсироти падидаҳои номатлуби замони рақобату таҳдидҳои иттилоотии муосир, ба назари мо, зарурат ба миён омадааст, ки дар низоми маорифи мо, баъзе навовариҳои ҷиддии ҷавобгў ба замонҳо ворид шаванд. Нахустин ва муҳимтаринашон зарурати таъмини мувозинат(баланс) дар байни қисми таълим бо тарбия мебошад. Низоми маорифи ҷаҳонӣ асосан ба тайёр кардани кадрҳои корӣ, яъне мутахассис барои талаботи бозори меҳнат, самт дода шудааст, ки дар он қисми дигари шахсият,- маънавиёти он, ки ниҳоят муҳим аст, ба назар гирифта намешавад. Бинобар ин ҷорӣ кардани мазмунҳои нави вобаста ба маънавиёту ахлоқи инсон, дар такя ба ахлоқи анъанавии шарқӣ, ба тариқи мисол «Одамшиносӣ» дар синфхои поёнӣ ва ,,Инсоншиносӣ», ,,Инсон ва ҷомеа,, , ,, Оила ва ҷамъият,, ва ғайра дар синфҳои болотар, масъалаҳое мебошанд, ки ба омўзиши дақиқтар зарурат доранд. Ҳамчунон ба тарзи факултативӣ ва маҳфилӣ ташкили дарсҳои суруду мусиқӣ, рассомӣ, таълими меҳнат, омўзиши забонҳову дарсҳои дигари ,,дуюмдараҷа,, , ҳамчунон кўтоҳтар кардани таътилҳо ба манфиати бештари ҷомеаи фардо хоҳад буд. Дар ин маврид низ пешниҳод барои омўзиши баъдии мутахассисони соҳа омода карда шудааст.
Пешниҳоди 6. Тақвияти баъдии сохтори ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шўрои ҷамъиятии ҶТ
Ба хотири ҷалби бештари тамоми сокинон ва фаъолтар кардани саҳми онҳо дар тақдири Ватан, ояндаи он, ҳавасмандӣ дар иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳамчунон тақсими масъулияти шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ, ба назари мо зарур аст, ки дар ,,Шўрои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,, , бар иловаи ҷалби васеътари аҳзобу ҳаракатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини намояндагии тамоми гурўҳҳои этникии миллӣ, миллатҳову халқиятҳои дигари сокини кишвар, аз ҷумла ҷалби ҷавонон аҳамияти хос хоҳад дошт.
Бояд илова шавад, ки дар мавриди роҳҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари кўҳсорамон, аз ҷумла ВМКБ, идеяву ҷустуҷўҳои фикрӣ, пешниҳодҳои зиёди дигар ҳам дар мағз ва дили мо мавҷуданд, ки аз нигоҳи мо, барои афзун кардани саҳми вилоят дар сатҳи буҷети кишвар, интегратсияи пурратари ин вилояти дурдаст ва минтақаҳои дигар ба хоҷагии ягонаи халқи кишвар, ба сатҳи баланд мусоидат карда метавонанд. Бинобар ин агар чунин имконият (иштирок дар озмун) иҷозат мешуд, ин гуна таҳлилу ҷустуҷўхои фикрӣ, идеяҳоро дар муҳити беҳтару мусоидтари сиёсиву илмии марказ, ба сатҳи баландтару боарзиштар анҷом дода метавонистем.
Ба назари мо муҳимтарин ва ҳассостарин масъалаҳои ҷомеаи мо пеш аз ҳама маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, (ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ), муассиртар кардани идоракунии давлатӣ дар маҳаллҳо, мубориза бо коррупсия, таҳкиму ҳифзи амният ва адолат дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва ғайра, мебошанд, ки мукамал ва ба сатҳи давлатӣ ҷавобгу кардани ин қабил омузишҳо ва ҷустуҷўҳо низ дар шароиту муҳити марказ, дар ҳамкорӣ бо сохтору ниҳодҳои марказии давлатӣ имконпазир аст.
Пешниҳоди 7. Зарурати ҷамъоварӣ в таҳлили пешниҳоду таклифҳои ба унвони Робари давлат. Ташкили сохтори масъул барои омўзиш ва таҳлили давомдори афкори омма дар ҷомеа.
Тамоми муроҷиати шаҳрвандон, андешаву пешниҳодҳое, ки ба унвони сайти Президент, бо умед ба Пешвои миллӣ ва мардумӣ ирсол мегарданд, бояд мунтазам гулчин шаванд ва хулосаҳояшон манзури назари Роҳбари давлат гардонда шаванд, зеро дар байни онҳо идеяву пешниҳодҳои боарзиши сатҳи давлатиро ҳам дарёфт кардан мумкин аст.
Ба итминони мо, роҳбарияти олии мамлакат, бояд аз тамоми афкору назариёти мусбату ба хусус манфии ҷомеа бевосита (на фақат аз гузориши мақомотҳои расмӣ) огоҳӣ дошта бошад. Зарурати омўзиши афкори омма дар он аст, ки дар ҷомеа ҳар гуна назариёт, идея, афкор, ҳатто овозаҳову норизоятиҳо, ноқаноатмандиҳо, шикоятҳо, арзҳо ва ғайра бояд ҳамчун маълумот ва сигнал қаблан омўхта, таҳлилу пешгирӣ ва чораҷўӣ шаванд, то ба дараҷаи проблемаҳои калонтар нарасанд. Тавре маълум аст, ҳар гуна овозаҳои манфӣ беҳтаранд, аз худи оқибатҳои эҳтимолии ин овозаҳо. Илова бар он афкори омма махзани асосии идеяҳо, пешниҳодҳои гуногун мебошад, ва истифодаи дурусти онҳо дар умури идораи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ арзиши фавқуллода баланд дошта метавонад. Мо як тарҳи он,-яъне тарзи омўзиш, ҷамъоварӣ ва механизми таҳлили афкору назариёти ҷомеаро бо диди худ, низ таҳия ва манзури Дастгоҳи иҷрояи Президент гардондем.
Муҳимияти дигари ин кор дар он аст, ки муроҷиатҳо аз таҳлили афкори ҷомеа бармеоянд, дар идоракунии босамари ҷомеа, сари вақт барканор кардани ҳар гуна мушкилиҳову ислоҳи камбудиҳо, ба хусус дар минтақа ва маҳалҳои мамлакат, ниҳоят боарзиш буда метавонанд. Аз тарафи дигар, ҷомеаамонро ба андешагароӣ, ҷустуҷўи идеяҳои манфиати миллӣ ва созандагӣ дошта бештар ҳавасманд мекунанд, фазои беҳтари эъҷодӣ пайдо карда, бетарафиву бемавқеиҳо, мушоҳидакориҳо ва фориғболиҳоро нисбати тақдири ояндаи Ватану миллат, ҳатто сатҳи оилаи худ боз ҳам камтар мекунад.

Имомназар ҲАҚНАЗАР,
мудири шуъбаи дастгоҳи раиси ВМКБ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин