Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ МАКТАБИ №26 БО 640 ҶОЙИ НИШАСТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар ҳудуди мактаби рақами 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи обиии “Варзоб” сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, зеро дар ин бино, ки барои 340 нафар пешбинӣ шудааст, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуданд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва таъминоти хонандагон бо синфхонаҳои барҳавову замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълим, инчунин беҳтар кардани сифати тадрис роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр барои фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои иловагии нав бунёд карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ҳамин тавр дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2017 барои бунёди бинои таълимӣ озмун эълон карда шуда, наздики 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «САНИИОСП» ва пудратчӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «СТС-Иншоот» мебошад.
Мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ буда, аз 15 синфхонаҳои дигари таълимӣ иборат аст.
Барои ба талаботи замони имрӯза мутобиқ кардани мактаб дар ин ҷо толори муосири варзишӣ, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи таълимӣ бо хонандагони хуштолеъ, ки имрӯз соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — мактаби нав гардиданд, суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ кардани илму технологияи замонавӣ ҳидоят карданд. Хонандагон низ дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо истифода аз тамоми шароити таълимӣ хубу аъло мехонанд.
Баъди шиносоии пурра бо шароити донишомӯзӣ дар толори маҷлиси ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон ва дигар фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти судманд доир карданд.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба ҳозирин шодбош гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа — мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти шароити иҷтимоии мардум андешаронӣ намуданд.

ИФТИТОҲИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ
Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи замонавӣ анҷом ёфта, он аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад. Аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32-то дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошанд.
Бинои мазкур бо сарфи қариб 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014-2017 бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ — хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.
Дар навбати худ соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардӯшдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

ИСТЕҲСОЛ ВА БАНДУБАСТИ АВТОБУСҲОИ ТАМҒАИ «AKIA» ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуд.
Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.
Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» тамоми таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин корхонаи муштарак ҳамзамон бо шароиту имконияти автобусҳои нави бандубастшуда шинос шуда, амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, шартнома ба имзо расонида шудааст.
Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла, ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст.
Инчунин тибқи муқаррароти шартнома, интиқоли автобусҳо бо шумораи муайян амалӣ карда мешавад ва худи ҳамин рӯз дар марҳилаи дуюм боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамоянд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Дар баробари ин, барои омӯзиш ва сайқал додани савияи дониш ва малакаи мутахассисони маҳаллӣ дар бандубасти қисмҳои алоҳидаи автобусҳо курсҳои омӯзишӣ амал мекунанд, ки аз ҷониби Ширкати туркӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Тибқи иттилои масъулон, баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки қисмҳои асосии автобусҳои бандубаст ва истеҳсолшаванда тавлиди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, муҳаррики он истеҳсоли Ширкати “Мерседес Бенз” мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.
Таъсис ёфтани Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO” имкон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити зисту зиндагонии шоистаи сокинони пойтахт, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат дар соли 2017 аз Туркия 64 автобуси тамғаи “Исузу” ворид карда шуда буд.
Соли равон дар асоси шартнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркии «AKIA» марҳила ба марҳила ворид гардидани боз 100 автобуси дигар барои бандубаст, дар пешрафти соҳаи мусофиркашонии пойтахт заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАРОИТИ НАВИ БИНОИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ПАС АЗ НАВСОЗӢ
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бинои мазкур бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.
Дар ин бино баъди навсозӣ имкон фароҳам омад, ки Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ ташкил ва 13 федератсияи миллии варзиширо бо шароити сатҳи баланди кору фаъолият муттаҳид гардонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бино бо бардоштани парда аз болои лавҳа Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Маҳз зери роҳбарии Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақсадноки Кумита ба роҳ монда шуда, дар баробари рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» рӯй кор омад.
Дар осорхона дастовардҳои арзишманди варзишгарони ватанӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 25 — соли таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 26 — соли истиқлолияти давлатӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ба он ноил гардидаанд, ҷой дода шудааст.
Зимни муаррифии Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирию пуштибонии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Таъкид шуд, ки агар варзишгарони кишвари мо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 ҳазору 170 медалро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, аз 7 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои рамзӣ доир шуд. Дар ин чорабинии муҳим варзишгарони Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳайати калон, яъне иборат аз 170 нафар, аз ҷумла 128 варзишгар ширкат варзиданд.
Дар панҷумин бозиҳои Осиё, ки аз рӯйи 21 намуд сурат гирифт, варзишгарони тоҷик дар 15 навъи он, аз ҷумла баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ ва шоҳмот ширкат намуда, сазовори 51 медал, аз ҷумла се тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ гардиданд.
Соли 2017-ум барои варзишгарони тоҷик пур аз дастовардҳо буда, дар мусобиқаву чемпионатҳои нақшавии федератсияҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳои зиёд дар ин самт ноил шудаанд.
Аз ҷумла, Дилшод Назаров дар Мусобиқоти варзиши сабуки Осиё бори чорум, Комроншоҳи Устопириён бори дуюм қаҳрамони Осиё шуданд ва Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуданд. Мавриди зикр аст, ки аввалин медали бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Медали дуюмин, ки нуқра буд, дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов дар намуди гӯштини озод ба хазинаи варзишии кишвар ворид намудааст. Дар Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 бошад, Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон дар вазни 60 килограмм сазовори медали биринҷӣ шуд.
Дар соли 2016-ум дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба хазинаи варзиши тоҷик ворид сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Маркази матбуоти Кумитаи олимпӣ, ки ба хотири қабули меҳмонон ва суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст, дидан карда, бо сомонаи нави Кумита шинос шуданд.
Сомонаи расмии Кумитаи олимпӣ дар қолаби нав бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, дар баробари пахши хабарҳои ҳаррӯзаи соҳаи варзиш, инчунин дар бораи роҳбарияти Кумита, аъзои Кумита ва Кумитаи иҷроия, таърихи Кумита, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, қаҳрамонон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё, дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш маълумот медиҳад.
Хонанда дар сомона суратҳо ва наворҳои видеоиро аз ҷараёни мусобиқаҳои гуногун тамошо карда метавонад.
Баъди шиносоӣ аз шароити фароҳамовардаи корӣ дар бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ ва ифтитоҳи Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюм бо роҳбарони федерастияҳо, варзишгарон — иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ ва дорандагони медалҳои мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити сатҳи баланд барои машқу тамрин ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ба намудҳои гуногуни варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо арзёбӣ карда, онро беҳтарин василаи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳон номиданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин