Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.

​Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Фан Сянжун барои ҳамкории пурсамар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи иҷрои вазифааш изҳори сипос намуд.

​Фан Сянжун дар навбати худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои бозҳамчун омили муҳими таҳкимбахшандаи равобити кишварҳо миннатдорӣ баён карда, бо итминон иброз дошт, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.

​Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.

©prezident.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин