Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

АВҶУ БАРОРИ ВАҲДАТ

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, инчунин пешрафти иқтисодиёти мамлакат хеле бузург аст, ки он аз хотирҳо зудуда намешавад. Дар иҷлосияи таърихии 16 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сухани кўтоҳ, вале пурмуҳтавои барномавӣ баромад карда, изҳор намуд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам». Хулоса, «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам».
Сарвари нави Тоҷикистон дар назди вакилони халқ савганд ёд кард ва иброз дошт, ки ҳимояи манфиати мардуми заҳматкаш ва муқаддасоти Конститутсияи ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини хеш меҳисобам. Яке аз қадамҳои аввалини Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шўрои Олӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумхурӣ буд.
Сиёсати пешгирифтаи Президент дар соҳаи илму фарҳанг ифтихори ватандории мардумро боз ҳам мустаҳкам намуд. Дар тўли солҳои истиқлолият ваҳдату ҳамгироии иқтисодии ҷомеа ба вуҷуд омад. Шоҳроҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, марказу фароғатгоҳҳо ва иншоотҳои муҳими иҷтимоию стратегӣ сохта шуданд ва бунёд гашта истодаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 20 сол пур мешавад, ки ин бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро яке аз шартҳои муҳим дар сиёсати давлатдорӣ ин Ваҳдати миллист.
Воқеан, агар мо ба солҳои навадуми асри гузашта назар афканем, вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тамоман дигар буд. Давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба кишвар хароботи зиёде овард ва мардуми меҳнатдўсту бофарҳанги тоҷик тавонист бо роҳбари хирадманди худ роҳи душворро тай намуда, ба сулҳу осоиш расад. Ман воқеаҳои солҳои гузашта рухдодаро аз оинаи нилгун тамошо карда, чунин хулоса мебарорам, ки роҳи тайкардаи сулҳу осоиш ҳар қадар душвор набошад ҳам, ба хотири ба даст овардани он роҳбари навинтихобшудаи давлатамон аз таҷрибаҳои бойи таърихӣ ва хиради волои халқи тоҷик фароҳам истифода бурдаанд.
Бояд гуфт ки ваҳдати миллӣ, истиқлолияти миллӣ, эҳёи миллӣ, забон ва фарҳанги миллӣ мафҳумҳое мебошанд, ки ба ҳастии ҳар як миллат, аз ҷумла миллати тоҷик алоқамандии сахт доранд ва маҳз ба шарофати сулҳу субот мо метавонем барои раҳо шудани кишвар аз ҳама бўҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи устувор гузорем
Ба таърихи ваҳдати миллӣ назар афканем, мебинем, ки ҷомеаи Тоҷикистон бузургтарин руйдоди таърихии миллати хешро ба амал овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон дар Паёми имсолаи худ ба сулҳу суботу ваҳдати миллиямон, ки дар замири он ифтихормандии миллӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Мо, насли ҷавони хушбахти Тоҷикистон, аз оинаи нилгун борҳо дидан кардаем, ки Сарвари муаззами кишвар ҳанўз аз давраи аввали фаъолияти худ дар вазифаи роҳбарии давлат, дар иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват карда буданд. Бовар доштанд, ки дар кўтоҳтарин муддат Тоҷикистон ва мардуми бонангу номуси он даст аз яроқу аслиҳа бармедорад, гурезагон ба ватан бармегарданд, кишвар ободу зебо мешавад.
Мо, ҷавонони хуштолеъ дар зери осмони софу беғубори Тоҷикистони офтобрўя хушбахтона зиндагӣ дорем ва аз фазои сулҳу оромиш нафас мекашем. Ҳамаи ин пешрафтҳо, хушбахтиҳо, ободӣ, озодона зиндагӣ кардан, шабҳо ором хобидан, таҳсил дар макотибҳои олии кишвар ва хориҷ аз онро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум ва раҳбари хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем.
Имрўз хурду бузург вожаи Ваҳдатро дар гуфтори ҳамарўза бисёр истифода мебаранд. Ин вожа барои мо муқаддас аст, зеро дар он ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Ин вожа барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландиву фирўзӣ, сериву пурии халқи мо марбут бар он аст. Дар тўли таърихи кўтоҳи 25-соли Истиқлолияти худ, мо аллакай дидем, ки Ваҳдати миллӣ чӣ меваҳои ширину гуворое метавонад ба бор оварда истодааст.
Инак, баъд аз асрҳо ба вуқуъ омадани Ваҳдати миллӣ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷик на танҳо як намуди амалӣ шудани амрҳои бузургону гузаштагон аст, балки боз гувоҳи он аст, ки миллати куҳанбунёди хирадпешаи тоҷик бо сарвару Пешвои хирадманди худ таҷрибаи нави сулҳу ваҳдатро амалӣ намуданд. Ваҳдади миллӣ дар Тоҷикистон падидаи нодир дар таърихи навини мост, ки барои дигарон ва ҳам барои таҳкиму пешрафти ваҳдати худи тоҷикон хеле манфиат дорад.
Танҳо дар сурати Ваҳдати миллӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешавад ва рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо харгиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан равнақ меёбад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Имрўзҳо ҳар як сокини кишвари азизамонро таасуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 20-умин солгарди рўзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор месозад, ки сулҳу ваҳдатро дар марзу буми кишвари азизамон ҳифз намояд, миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар бораи аҳамияти ваҳдату оштии миллӣ худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирўзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори ваҳдат,
Овозаи ҷаҳон шуд номи диёри ваҳдат.
Озодӣ аз муҳаббат, ободӣ аз садоқат,
Авҷу барори мо шуд авҷу барори ваҳдат.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин