Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

БУЗУРГИИ БУЗУРГОН АЗ МОДАР БУЗУРГ АСТ

Офтоб ғуруб рафта, пардаи ҳарири шом атрофро фаро мегирифт. Марде аз назди боғи Яккачинор гузашта, зери чароғакҳои фурӯзон ба роҳраву гулгаштҳои зебо, қубуру новаҳо, фаввораҳо, обпошакҳо ва сабзазори зери дарахтон нигариста,овоз баланд кард:
-Эҳа-а, боғ зебо шудааст-ку!
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Сокини маҳалла Неъмат Абдуллоев, ки ба обмонии дарахтон машғул буд, марди ба ҳаяҷон омадаро шунида, шоҳбайти болоро ба забон овард.
-Ин ҳама самараи ҳидояти Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бинокорони гулдасти фирмаи Файзалӣ Исоев мебошад.
-Як моҳ пеш,-изҳор намуд Ф. Исоев,-супориши Ҷаноби Олиро ба мо расонда, гуфтанд, ки боғи Яккачинор бояд ба мисли боғҳои устод Рӯдакӣ, Парчам, Ирам, Пойтахт, Наврӯзгоҳ дилкашу дилрабо бошад.
Ману муҳандиси соҳибтаҷрибаи корхона Сайвалӣ Ҷалилов ва сардори бригада Аҳтам Ҳабибов нақшаи азнавсозии боғро кашида, дарҳол ба кор шуруъ намудем. Ба рафти сохтмон кормандони Суди Олии Тоҷикистон, ки онҳо низ дар инҷо масъулият доштанд, назорат карданд. Мақомоти мазкур дар баробари корҳои муқаррарии худ вақт ёфта, омада ба мо маслиҳатҳо медоданд. Ба мо боз бинокорони раёсати сохтмону васлгарӣ, корхонаҳои кабудизоргардонӣ ва обтақсимкунӣ кӯмак расонданд.
Дар бораи он ки боғи Яккачинор дар кадом ҳолат қарор дошт, раиси маҳалла Абдулло Давлатмуродов чунин иброз дошт:
-Солҳои 1929-1961 Яккачинор маркази Сталинобод буд. Як чинори азим дошту дар гирду атрофи он бозор, дӯкону мағоза, кинотеатр ва боғи дарахтони сояафкан мавҷуд буд. Дар сояи онҳо мардум сайругашт менамуданд. Гирду атрофи маҳалларо пахтазор печонида гирифта буд. Хурду бузург ба парваришу нигоҳубин ва ҷамъоварии «тиллои сафед» машғул буданд.
Баъди он ки давлати абарқудрати шӯравӣ пош хӯрд, дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ сар зад, маҳалла, аз ҷумла боғи Яккачинор ба ҳоли худ монд, аз ҷониби силоҳбадастон ғорат шуд. Дигарон чандин дарахтонро буриданд.
Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари парламент интихоб шуду оташи ҷанги бародаркӯшро хомӯш кард. Ҷаноби Олӣ мардумро ба созандагию бунёдкорӣ даъват намуд. Тариқи ҳашари умумихалқӣ ниҳолшинонӣ оғоз ёфт. Биноҳои баландошёна, толорҳои варзишӣ, боғчаю ошхона ва тарабхонаҳо, театри «Тамошобини ҷавон» аз нав ба фаъолият оғоз намуданд. Хирадманде гуфтааст, ки шахси ниҳол шинонда на танҳо худро, балки дигар одамонро низ дӯст медорад.
Ниҳол шинондану онро парвариш намудан аз хислатҳои ҳамидаи Сарвари давлат мебошад. Мегӯянд, ки Президенти кишвар одати ниҳолшинониро аз модараш омӯхтааст. Ҳанӯз овони наврасӣ Эмомалии ҷавон зери офтоби сӯзон ғалладаравии ҳамсояҳоро дида, дилаш месӯхт. Бинобар ин кӯшиш мекард, ки ба онҳо кӯмак расонад. Ба модараш мегуфт, ки калон шавам, болои теппаи паси хона боғ бунёд мекунам ва дар паҳлӯяш чойхона месозам.
-Хости дили маро мекунӣ,- гуфтааст модар ва сари ӯро сила мекардааст. Ҳамин тариқ, Эмомалӣ калон мешаваду ба ваъдааш вафо мекунад. Ҳоло он боғҳо ба ҳосил даромадаанд. Ва дар шафати он ошхонаву чойхона низ сохтааст. Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан ба назди модар меравад ва аз ӯ дуои хайр мегирад.
-Писарам,-мегуфт модар даст ба дуо бардошта,-ҳар куҷо рафтӣ, ниҳоли дӯстӣ, сулҳу ваҳдат шинон. Онҳо, ки калон шуда, ба ҳосил даромаданд, ҳам худат мехӯрию ҳам дигарон.
Нагузор, ки ҷавонон ба корҳои ношоям даст зананд. Ду танро, ки ба ҳам овардӣ, қаҳру ғазаб аз байн меравад, миёни онҳо дарахти сулҳ месабзад.
Сухани модар дар лавҳи хотири Сарвари давлат нақш баста, барномаи минбаъдаи амалиёт мешавад.
Соли 1992, соле, ки душманони дохилӣ бо дастгирии ҳомиёни хориҷии худ Тоҷикистонро пора ва миллатро маҳв карданӣ буданд, Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷлиси Олӣ изҳор намуд:
-Ман кори худро аз сулҳу салоҳ сар мекунам. То рӯзе, ки охирин гурезаи тоҷик дар ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда буда наметавонам.
Бинобар ин аз тиру туфанг наҳаросида, ба Афғонистони ҳамсоя ва ҷангзада рафт, гурезаҳоро ба Ватан даъват намуд. Баъди гуфтушуниди чандинкарата соли 1997 Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро дар шаҳри Маскав ба имзо расонд. Худаш пеш даромаду одамонро ба бунёдкорӣ хонд. Бо ибтикори ӯ даҳҳо иншооти таъйиноти иқтисодию фарҳангӣ ва варзишӣ бунёд карда шуд. Дар навбат Неругоҳи барқи обии Роғун бо дарғоти баландтарин дар ҷаҳон истодааст. Ҷаноби Олӣ худаш сари чамбараки булдозер нишаста, дар бастани маҷрои Вахш мустақиман саҳм гузоштанд.
Ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда, бо деҳқонон ҳамсуҳбат шуда, оид ба истифодабарии самараноки обу замин, майдонҳои бекорхобида, кишти такрорӣ маслиҳатҳо медиҳад. Бо мақсади таъмин кардани мардум бо озуқа 75 ҳазор гектарро тақсим карда дод. Ҳамин буд, ки истеҳсоли меваю сабзавот, полезӣ ва ғалладона ба маротиб афзуд. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ даҳҳо сеху заводу фабрикаҳо бунёд гашта истодаанд. Чунончи, тибқи ҳамин нақшаҳо дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Хуҷанду Кулобу Данғара ва Бадахшону Рашту Ҳисор аллакай маҳсулоти саноатии худӣ тавлид шуда истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои бунёдкорона ва башардӯстонааш дар Тоҷикистон ва минтақаю ҷаҳон маҳбубият пайдо намудааст. Бармадҳои ӯ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хомӯш кардани ҷанг дар Афғонистони ҳамсоя, таъмини мардуми сайёра бо оби ошомиданӣ, пешгирии сиёсати исломгароӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи одамон ва дигар масъалаҳои муҳим борҳо садо дода, аз ҷониби кулли давлатҳо дастгирӣ пайдо намуда, дар ин маврид тадбирҳо андешида мешаванд.
Ташаббуси нави Сарвари давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор. Солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд, обрӯи кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт. Котиби генералии ин созмони бонуфуз Антонио Гутерреш ба чунин иқдомҳои Президенти Тоҷикистон арҷгузорӣ намуда, хизматҳои эшонро ҷиҳати ҳифзу истифодаи самараноки об баланд арзёбӣ кард. Гузашта аз ин Котиби генералии СММ ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, аз кули Сарез дидан намуд.
Эмомалӣ Раҳмон фарзанди фарзонаи миллати хеш буда, барои тинҷию оромии кишвар, фаровонии неъматҳои моддӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳо меандешад. Масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавориро дар маркази диққат қарор дода, баҳри амалӣ гаштани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо ташаббуси Сарвари давлат бастани маҷрои дарёи Вахш ва гузоштани таҳкурсии сарбанди НБО-и Роғун заминаи муҳиме барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва содироти неруи барқи иловагӣ ба хориҷи кишвар мебошад.
Самараи кӯшишу талошҳо ва сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки давлати ҷавони Тоҷикистон қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон пеш рафта, аз ҷиҳати оромию осоиштагӣ дар ҷаҳон мақоми даҳумро ишғол намудааст. Амалӣ гардидани ин ва дигар ҳадафҳои бузурги Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳад.
-Бузургии бузургон аз модар аст,-гуфт дар ниҳояти суҳбат раиси маҳаллаи Яккачинор А. Давлатмуродов,-Беҳуда нест, ки сокинони ин маҳалла пешниҳод кардаанд, ки бо назардошти хизматҳои бузурги Сарвари давлат ва гиромидошти заҳматҳои модар ҷиҳати тарбия ва ба камол расондани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи зебои Яккачинор ба номи «Модар» унвон дода, ҳамзамон муҷассамаи даст ба дуои Модар дар даромадгоҳи боғ гузошта шавад. Ҳар шахси вориди боғ шуда аз модарону аз Ватани зебои хеш ифтихор кунад.
Дархосту пешниҳоди онҳоро шунида, қитъаи зерини шеъри шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода ёдам омад:
Аё модар дилу ҷонам фидоят,
Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят.
Заминро саҷдагоҳ баҳри ту созам,
Ки як бори дигар гирам дуоят.

Раҷабалӣ АҲМАД, нависанда

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин