Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:49 – ЗИНДАГӢ БЕ ОРЗУ ШИРИН НАБУД… 
  • 11:25 – САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРЎЗ 
  • 09:36 – ҲАДАФИ АСЛӢ-БЕҲБУДИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ 
  • 10:51 – Иштирок дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 

САМАРАИ ИҚДОМОТИ ДУ САРВАР. Дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ рамзи беҳтарини дӯстии безаволи тоҷикону ӯзбекон аст

Имрӯзҳо сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати мардумони ду кишвари бародар қарор гирифтааст. Тоҷикону ӯзбекон аз мулоқоти дӯстонаи ду сарвари муаззам, созишномаҳои имзошуда, боздидҳо аз намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ изҳори хурсандию хушнудӣ менамоянд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари Шавкат Мирзиёевро сафари таърихӣ ва тақдирсоз арзёбӣ намуд.
Ба ин сафар мулоқотҳои қаблии роҳбарони ду давлат дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Эҳсоси масъулияти бузург ва корҳои амалӣ барои густариши дӯстию ҳамкории мутақобилаи мардуми ду мамлакати ҳамсоя самараи дилхоҳ доданд. Соли 2017 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 126 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин назар ба нишондиҳандаи соли 2015 зиёда аз даҳ маротиба зиёд аст. Ин тамоюл ҳоло идома дорад. Айни замон ба маблағи 170 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо баста шудаанд. Дар дигар соҳаҳо низ комёбиҳо ба назар мерасанд.
Боиси хурсандист, ки рӯз то рӯз муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳтар мегарданд. Халқҳои ба ҳамдигар дӯсту бародар дар тӯли асрҳои зиёд робитаҳои наздик доштанд ва дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ дар асри XV рамзи беҳтарини ин дӯстии безавол аст. Имрӯз наберагону аберагони ин ду шоири шаҳир дӯстиву ҳамгироиро азизу гиромӣ медоранд.
Расму ойин, анъанаҳои муштарак, иштирок дар маросимҳои шоду ғами якдигар халқҳои тоҷику ӯзбекро ба ҳам наздиктару қаринтар гардонидаанд. Ва ҳоло дар ҷаҳони муосир кам халқҳоеро ёфтан мумкин аст, ки ин қадар бо ҳамдигар наздику пайванд бошанд, то ин дараҷа ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром ва иззату икром намоянд.
Рӯзи 9 марти соли равон дар шаҳри Душанбе даҳҳо созишномаҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо шуд.
Дар ояндаи наздик ҳамкории иқтисодӣ тавсеаи зиёд пайдо хоҳанд намуд. Аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон алюминий, маводи сохтмон, нуриҳои минералӣ, ангишт, барқ, қолин, меваю сабзавот ва неруи барқ содир мешаванд. Аз Ӯзбекистон мо газ, нафт, мошину таҷҳизот, хӯрокворӣ ва либосворӣ ворид менамоем.
Дар ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент Шаҳритуз савдои сарҳадӣ ташкил мегардад, ки аз онҳо ҳамсояҳо маводи заруриашонро бо нархи дилхоҳ дарёфт хоҳанд намуд.
Истифодаи иқтидори бузурги саноатии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба манфиати ҳарду давлат аст. Бунёди корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки оид ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, асбобҳои рӯзгор ва коргоҳҳои коркарди алюминий корхонаҳои муштарак бунёд намоянд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро шоҳроҳҳои бузурги минтақавӣ ба ҳам пайваст менамоянд. Роҳҳои Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон, Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва ғайра ҳарду кишварро ҳамчун давлатҳои транзитӣ байни Шарқу Ғарб муаррифӣ мекунанд. Роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба, ки аз нав ба баҳрабардорӣ супурда шуд, барои интиқолоти молу маҳсулот дар ду кишвари ҳамсоя нақши муҳим мебозад.
Аз ҷониби Ӯзбекистон паст гардидани тарифҳои хизматрасонии нақлиётиро мо як рамзи эҳтироми бародарона меҳисобем, ки самараи онро мардуми Тоҷикистон аллакай эҳсос намудаанд: маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, орду гандум, биринҷ ва ғайра дар бозорҳои мамлакат хеле арзон гардиданд.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бунёди роҳҳои оҳани қатораҳои зудҳаракат таҷрибаи хуб ҳосил кардаанд ва байни Тошканду Самарқанд чунин қатораҳо ба кашонидани борҳову мусофирон машғул ҳастанд. Чунин роҳҳои замонавиро ба кумаки дӯстони ӯзбек дар Тоҷикистон низ бунёд кардан мумкин аст.
Нақлиёти ҳавоии ҳарду давлат ояндаи дурахшон доранд. Ҳоло байни Тошканду Душанбе масирҳои мустақим амал мекунанд, дар оянда ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд роҳҳои нави парвоз ифтитоҳ мегарданд.
Ташкили масирҳои байналхалқӣ аз тариқи шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Душанбе барои мусофирон хеле мувофиқ хоҳад буд. Масалан, ҳозир ба Покистону Ҳиндустон аз Тоҷикистон мусофирон камтар сафар мекунанд. Минбаъд онҳо тавассути Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин парвоз хоҳанд намуд.
Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Бо кушодашавии гузаргоҳҳо сафари гурӯҳҳои туристӣ ба ҳарду кишвар боз ҳам зиёдтар гардиданд. Дар ҷаласае, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон баргузор гардид, меҳмонони ӯзбек изҳор доштанд, ки соли гузашта шумораи сайёҳони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон панҷ маротиба зиёд шудааст. Мавриди зикр аст, ки шумораи сайёҳони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.
Дар барномаҳои стратегии ҳарду давлат рушди саноат ва содироти маҳсулоти саноатӣ ба кишварҳои Осиё пешбинӣ гардидааст. Бо ташкили ширкатҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба рақобат тобовар ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин самт самараи дилхоҳ медиҳад.
Манучеҳр РАСУЛОВ,
мутахассиси пешбари
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин