Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

МУҲАББАТИ ДУ МИЛЛАТ ИДОНАИ НАВРӮЗ АСТ

Наврӯзии ду миллат идонаи Наврӯз аст,
Фархундагии васлат идонаи Наврӯз аст.
Ин як нажоди Ҷомӣ, он як нажоди Фонӣ,
Дӯстанд то қиёмат идонаи Наврӯз аст.
Эмомалии Раҳмон бо Шавкати Мирзиё
Ҳамдастишон иноят идонаи Наврӯз аст.
Тақдири ҳар ду ҷониб: чи тоҷику чи ӯзбек,
Як омада аз қисмат, идонаи Наврӯз аст.
Меҳмонию мизбонӣ дар манзили ҳамдигар,
Чун Айнию чун Фурқат идонаи Наврӯз аст.
Яхбандии зимистон раҳбандӣ асту офат,
Фарҷоми ранҷу офат идонаи Наврӯз аст.
Иди тоҷику ӯзбек иди ду миллат аст ин,
Тантанаи фаросат идонаи Наврӯз аст.
Аз Душанбе то Тошканд, оре, навид ояд:
Рафтуои бесарҳад идонаи Наврӯз аст.
Базму нишоти ёрӣ мероси бобиён аст,
Уду суруди санъат идонаи Наврӯз аст.
Донӣ зи чист бе май сармастии гуворо?
Аз ҷоми васлу фарҳат идонаи Наврӯз аст.
Сайёҳии тарафайн оби Хизир бинӯшад,
Оромию сайёҳат, идонаи Наврӯз аст.
Дере мазори хешам маҳрум аз зиёрат,
Бесад кунун аёдат, идонаи Наврӯз аст.
Аз нури барқи Роғун аввал расад ба ёрон,
Пайванду васли ҳар хат идонаи Наврӯз аст.
Мадҳиятат муборак Ҳоҷӣ-пири ҷавонсар,
Васфи васли ду миллат идонаи Наврӯз аст.

Усмон Олим, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ,
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин