Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ҲАДАФИ АСЛӢ-БЕҲБУДИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро соли таърихӣ ном бурданд. Ин сол барои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, ҳақиқатан ҳам, соли бобарор ва пурфайзу баракат буд.
16 ноябри соли 2018 ба истифода додани агрегати аввали НБО "Роғун", ки он маҳз бо заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид, аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро баъди пурра ба фаъолият пардохтани ин неругоҳи азим тамоми соҳаҳои мамлакат рушду нумўи тоза касб намуда, Ватани маҳбубамон дар роҳи расидан ба ҳадафи олӣ, яъне ҷой гирифтан дар қатори кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ қадами устувор хоҳад гузошт.
Ҳамзамон, дастоварди дигари сол, ки дар Паём зикр гардид, ин барқарор гардидани муносибатҳои дўстонаву бародаронаи Тоҷикистону Ўзбекистон мебошад. Бешубҳа, ин саҳифаи нави таърихист ва ба шарофати он минбаъд мардуми тоҷику ўзбек ба комёбиву муваффақиятҳои нав ба нав ноил хоҳанд гашт.
Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ,
муовини Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин