Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ


БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “АБУ ДОНИЁРОВ” ВА “САЪДУЛЛО РӮЗИЕВ” - И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ХАЛИФА ҲАСАН” - И ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” - и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар Хоҷагии деҳконии ба номи “Абу Дониёров” оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи “Саъдулло Рӯзиев” ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд.
Дар хоҷагии Абу Дониёров 20 нафар саҳмдор фаъолият дошта, масоҳати умумии заминҳои кишт 22 гектарро ташкил медиҳад. Аҳли заҳмат ҳамчунин ба боғдорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши сабзавот машғуланд.
Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар масоҳати 4 гектар майдони заминҳои Хоҷагии деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” кишти картошкаи барвақтии навъи “Шукрона” гузаронида шудааст, ки ҳосилнокии он 220 - 300 сентнер аз як гектар буда, дар муддати 110-120 рӯз нашъунамо меёбад.
Аз руи маълумоти Раёсати кишоварзӣ соли равон кишти картошка дар шаҳри Панҷакент 12 баробар афзудааст. Ҳамчунин масоҳати кишти шолӣ, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва азхудкунии беш аз 200 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Хоҷагии деҳқонии “Саъдулло Рӯзиев” шинос шуданд. 2 гармхона дар майдони 10 садяк замин бунёд шуда, дар он помидору бодиринг парвариш мегардад. Ниҳолҳо ба воситаи гармии офтоб ва обёрии қатрагӣ нашъунамо меёбад. Дар гармхонаҳо 1 ҳазору 200 ниҳоли помидор ва 2 ҳазор бех бодиринг шинонида шудааст. Аз руи маълумоти мутахассисони хоҷагӣ аз ҳар як ниҳол помидор то 10 килограмм ва аз ҳар як бех бодиринг то 6 килограмм ҳосил руёнида мешавад. Дар шафати гармхонаҳо дар майдони 10 садяки дигар инчунин парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои афзоиши истеҳсолот ва содироти маҳсулоти бозоргир ҳидоят намуданд.
Имрӯз ҳамчунин дар назди хоҷагиҳо намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ доир карда шуд. Тавре маълум гардид, заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби мошину тракторҳо мустаҳкам буда, ҳолати техникии ҳамаи тракторҳои шудгору кишткунанда хуб мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба заҳмати софдилонаи меҳнаткашони шаҳри Панҷакент ба мардуми шаҳр 2 адад трактор, 1 комбайни ғалладарав ва 8 адад таҷҳизоти кишти картошка ва ҳосилғундор туҳфа карданд.
Намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳри Панҷакент низ бо ҳосили дастранҷи марди деҳқон хеле ғанию фаровон буд. Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз, помидору бодиринг, себ, ангур, ғалладонагиҳо, шир, тухм, асал ва маҳсулоти қаннодӣ ба маъраз гузошта шуд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин таомҳои гуногуни миллии наврӯзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, эҷоди дасти ҳунармандон, аз қабили кулолгарон, оҳангарон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин зотҳои гуногуни чорвои калону майда, пешкаши меҳмони олимақом карда шуд.
Шаҳри Панҷакент аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани дастархони мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда дорад. Дар ихтиёри Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент 11 ҳазору 322 га заминҳои обӣ мавҷуд мебошад, ки аз ҷумла 3 ҳазор гектари онро картошка, 800 га офтобпараст ва 1 ҳазору 503 гектарашро шолӣ ташкил менамояд.
Сарвари давлат дастовардҳои меҳнаткашонро назаррас арзёбӣ карда, ба онҳо дар роҳи таъмини фаровонии кишвар ва аҳолӣ бо ғизо, инчунин дигар маводу маҳсулоти кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.

БОЗДИД АЗ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Дар маркази хизматрасонии «Ҳумо» дастовардҳо ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин таомҳои миллӣ низ омода карда шуда буданд. Аз тарафи занони ҳунарманд дар дегҳои алоҳида намудҳои гуногуни анвои ширинӣ ва таом, аз қабили нишоло, ҳалво, хӯроки ҳадиса, оши куча, оши бурида, қурутоб, манту, омоч, атолаи кунҷӣ ва дигар намуди таомҳои қадима омода карда шуданд.
Бонувони шаҳри Панҷакент дар пухтани намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулча, фатиру қалама ва самбӯса шуҳрат доранд. Пухтани суманак ва сурудхонии гурӯҳи фолклорӣ аз ҳисоби занон дар доираи иҷрои суннатҳои Наврӯзи Аҷам сурат гирифт. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дастурхони ҳафтсину ҳафтшин омода гардида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд.
Кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бурёбофӣ, алочабофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гачкорӣ ё сафоливу шишагӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд.
Либосҳои миллиро духтарони атласу адраспӯш муарифӣ карданд, ки ҳар нақшу нигори он бозгӯи таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷиканд. Зимни шиносоӣ аз фаъолияти адрасбофон таъкид шуд, ки давоми солҳои охир ин ҳунари ниёгон аз нав эҳё шуда, чевариву чакандӯзӣ миёни бонувон маҳбубияти хосса пайдо намуд ва имрӯз чун намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор мераванд.
Оро ёфтани утоқҳо бо ҳунари зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ завқи зебоипарастии занони ҳунарманди шаҳри Панҷакентро бозгӯй менамояд. Дар осори пешниҳодкардаи ҳунармандон табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо дар чӯб, санг, гаҷ, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати вижа ифода ёфта буд.
Аз таъсиси коргоҳу корхонаҳои қолинбофӣ дар ҳудуди вилояти Суғд садҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин ва дар самти қонеъсозии талабот бо маҳсулоти ватанӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва муқаррар гардидани имтиёзу озод шудани фурӯши маснуоти дар хона истеҳсолшаванда ва навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти андоз аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат таъкид намуданд, ки «Бо дарназардошти аҳаммияти қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5 ҳазору 500 солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.»
Дар гӯшаи армуғонҳои миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро баҳри ҳарчи бештар воридсозии тахаюли эҷодӣ дар туҳфаҳо ҷалб намуданд. Армуғонҳои миллӣ бо истифода аз сангҳои қимматбаҳои дар кӯҳҳои ин водӣ мавҷудбуда бо ҳунари волои чирадастони вилояти Суғд сохта шудаанд.
Кандакорӣ, сандуқсозӣ, омодакунии табақҳои гуногун ва дигар маҳсулоте, ки аз чуб омода мешаванд, писанди ҳозирин гардид.
Дар маҷмуъ бештар аз 20 намуди асбобҳои миллии мусиқӣ, аз қабили тор, рубоб, соз, танбур, доира, дутор, сетор ва карнай дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд. Навозандагиву овозхонӣ ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги мардумӣ мебошанд ва завқи баланду истеъдоди сокинони маҳаллии ин водӣ ба қалбҳо шодиву сурур мебахшад.
Хонаи арӯс дар ин ҷо ба таври рамзӣ, бо риояи унсурҳои миллӣ оро ёфта буд ва духтарон либосҳои арӯсиро ба таври намунавӣ муаррифӣ карданд. Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо барои 150 кӯдаки ятими кул аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хони идонаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Толори барҳавои ин макон бо истифода аз унсурҳои миллии замонавӣ зиннат дода шуда буд. Ин тадбири муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат нисбат ба оилаҳои ниёзманд сурат гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кул туҳфаҳои идона тақдим карданд. Ин тадбири муҳим дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз фараҳмандии наврасонро дучанд намуд.

ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ БАЧАГОНАИ “НАВРӮЗ” ДАР ХИЁБОНИ РӮДАКИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП "АСТ-Сохтмон" ва ҶДММ “ПМК-278” бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз арзёбӣ карданд.
Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар шаҳри Панҷакент бо маблағи умумии беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ акнун наздик ба 50 нафар сокини шаҳри Панҷакент имкон пайдо карданд, ки дар шароити хубу замонавӣ ба тарбияи кӯдакони то синни 7-сола машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки Боғчаи бачагонаи "Наврӯз" аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми асбобу анҷоми хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” аз 7 айвонча, 7 ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои муаззами миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷомеаи навини тоҷикон бошанд.

БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ ХАТИ БАРҚИИ 220 КВ «АЙНӢ-РӮДАКӢ» ВА ЗЕРИСТГОҲИ «РӮДАКӢ»
Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ»-ро баъди таҷдиду навсозӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази идоракунии зеристгоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ ин иншооти энергетикиро расман ифтитоҳ намуданд.
Дар зеристгоҳи «Рӯдакӣ» бинои идоракунии назоратӣ навсозию васеъ ва бо таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки имкон аст тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент минбаъд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содирот гардад ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон неру интиқол ёбад.
Ёдовар мешавем, ки хати интиқоли барқи мазкур аз зеристгоҳи «Айнӣ» дар ноҳияи Айнӣ шурӯъ гардида, то ба зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба анҷом мерасад.
Паймонкори асосии лоиҳаи мазкур ширкати ТВЕА CO LTD-и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, корҳои қисмати дуюми (лоти 2) «Барқарорсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ» 220\110\35\10 кВ ва васеъсозии зеристгоҳи «Айнӣ» 220\110\10 кВ ва сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ миёни зеристгоҳи «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ»- ро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар хати интиқоли барқи 220 кВ «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва васеъсозии зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» 147 нафар мутахассисон ба фаъолият ҷалб шуда буданд, ки аз ин 81 нафарашро коргарони маҳаллӣ ва 66 тани дигарро мутахассисони хориҷӣ ташкил медод.
Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки татбиқи бомувафаққонаи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ байни зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Рӯдакӣ» бо ҷаҳду талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» аз ҳисоби гранти бебозгашти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҷиҳати амалӣ кардани лоти 1 ва лоти 2-и лоиҳаи мазкур миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё 27-уми январи соли 2015-ум Созишномаи грантӣ ба маблағи 54 миллион доллари ИМА ба имзо расида буд.
Дар ҷараёни амалисозии қисмати дуюми лоти 2-и лоиҳа 28 декабри соли 2015 миёни Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва ширкати ТВЕА CO LTD-и Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома ба маблағи наздики 23 миллион доллари ИМА рӯйи кор омад.
Маблағи умумӣ барои анҷоми пурраи ин қисмати лоиҳа аз рӯи шатрномаи дуҷониба 26 миллиону 371 ҳазору 929 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳа ин пеш аз ҳама ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли қувваи барқ ва беҳдошти шабакаи интиқоли неруи барқ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои қаблӣ хати интиқоли барқи мавҷудаи 110 кВ шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва минтақаҳои атрофи онро ҳатто дар фасли тобистон бо неруи барқ пурра таъмин карда наметавонист.
Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи нави 220 кВ ва таҷдиду навсозии зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент мушкилоти муштариёни минтақа комилан аз байн бардошта шуда, муассисаву корхонаҳои саноатӣ пурра бо барқи хушсифату боэътимод таъмин мегарданд.
Баъди барқарорсозӣ иқтидори зеристгоҳи «Рӯдакӣ» ду маротиба зиёд шуда, эътимоднокии кори таҷҳизоти он баланд, талафоти барқ паст ва сифати интиқоли неруи барқ беҳтар гардид.
Таҷҳизоти дар зеристгоҳҳо истифода шуда, аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ гардида, васлу насби онҳо дар зеристгоҳи “Айнӣ” пурра ва дар зеристгоҳи “Рӯдакӣ” марҳилаи аввали он ба анҷом расонида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаро қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маънидод карда, онро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 280 нафар мутахассисон кору фаъолият доранд, ки 60 дарсади онҳоро кадрҳои ҷавони соҳибмаълумот ташкил медиҳад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин