Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

САФАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ВА ИФТИТОҲИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШИИ МАВЗЕИ ”ҚИЗИЛӢ” ВА “СЕКСАРӢ”
29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Пешвои миллатро сокинони шаҳр бо эҳтиром ва самимияти хос истиқбол гирифтанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ”, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ кард, шинос шуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмиру тармими каналҳои мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” баъд аз 26 соли бекорхобидан боз аз нав обшор мегарданд. Корҳои таъмиру тармим оғоз гардид ва инак он аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда шуда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад.
Масоҳати умумии заминҳои мавзеъ дар маҷмуъ 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад.
Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғот дар ин минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст.
Аз руи маълумоти мутахассисони соҳа дар минтақаи “Қизилӣ” соли 2017 - 1 ҳазору 279 гектар замин, аз ҷумла 716 гектар фонди махсус ва боқимонда заминҳои захираи давлатӣ аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва беназорат мондан заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи обёрии пойгоҳҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани дарғот обро ба заминҳои ташналаб сар доданд.
Тибқи маълумот айни замон дар мавзеи “Қизилӣ” ва “Сексарӣ” беш аз 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзеи мазкур 335 гектар замин ба 33 хоҷагии деҳқонии нав вогузор шуд. Ҳамзамон барои таъсиси 17 хоҷагии дигар ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар замин корҳо идома доранд.
Баъди шиносӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд.
Дар боғи нави интенсивӣ ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаи содиротӣ шинонида шуд.
Дар мавзеи “Қизилӣ” 5035 гектар заминҳои шаҳри Истравшан ва 3748 гектар заминҳои ноҳияи Деваштич мавҷуд аст, ки аз ин дар шаҳри Истаравшан 580 хоҷагии деҳқонӣ ва дар ноҳияи Деваштич 27 адад хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ фаъолият доранд.
Дар мавзеи “Қизилӣ” минбаъд парвариши 3 навъи себ, ду намуд олу, 3 навъи ток, аз ҷумла “Тоифии намрин”, “Кишмиши сиёҳ” ва “Ангури Ҳусайнӣ” ва як намуд олуча ба роҳ монда мешавад.
Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи “Сексарӣ” барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, имконияти зиёд кардани майдони кишти зироатҳои тамоми навъҳои полезӣ, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, картошкаи барвақтӣ, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, ғалладонагиҳо, бахусус навъҳои серҳосили гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон ва баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, кишти ҷуворимакка барои силос ва дигар намуди хуроки чорво мувофиқ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бастабандии маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишоварзону боғдорон маслиҳатҳои муфид дода, ин мавзеи зебоманзарро “Зарнисор” номгузорӣ карданд.

ИСТИҚБОЛ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашни ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд-ҷавонон, аҳли илму фарҳангу адаб ва зиёиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзи пазироӣ намуданд.
Гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ, шукргузорию ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум намуданд, ки таҷассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Сугд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.
Шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ободиву ҷилои тоза, сарсабзию шукуфтанҳо аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори Наврузи ҷаҳонӣ ва ташрифи Пешвои миллат қабои идона ба бар карда, сокинони вилоят бо шодиву нишот ба кӯчаҳо баромада, Президенти маҳбуби худро истиқбол намуданд.
Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар, сарҷамъ намудани халқи тоҷик арҷ мегузоранд. Истиқболи самимии сокинони вилоят нишон аз пуштибонии комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ ОРД ДАР ШАҲРИ БӮСТОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.
Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Лозим ба зикри хост аст, ки қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи фондҳои асосӣ 25,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13 млн. сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 сомонӣ сармояи ширкати “АЗК ЕСЕНТАЙ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи зикршуда 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд 25 нафар ба кор фаро гирифта шуданд. Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, он калонтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона зиёда аз 20 ҳазор тонна гандум захира карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҶДММ “Анҳор” соли 2011 ба фаъолият оғоз карда, таъиноти аслии он истеҳсоли орд мебошад. То ин замон корхона дар як шабонарӯз танҳо 120 тонна гандумро коркард менамуд ва он бо тамғаҳои “Зарзамин”, “Беҳтарин” ва “Махсус” ба харидорон пешниҳод карда мешуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин корхона соли 2017 30 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳамин давра ба 75,7 млн. сомонӣ баробар шуд. Инак, бо ба фаъолият оғоз кардани қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз то 500 тонна пешбинӣ гардидааст. Теъдоди коргарон, ки то ин замон 62 нафарро ташкил медод, акнун ба 100 нафар наздик мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соҳибкор дар оянда нақша дорад дар заминаи ҳамин корхона коргоҳи истеҳсоли макаронро ба роҳ монад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи дуюми қитъаи истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ муассир арзёбӣ карданд.

ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ НАВУ ЗАМОНАВИИ МЕҲМОНХОНАҲО ДАР ОСОИШГОҲИ “БАҲОРИСТОН”
Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ карданд.
Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат ҳамаи маводи ғизоии дар худи осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.
Тавре маълум гардид, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштамъи табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо таёр карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо номгуйи маводи хурокаи ошхонаҳои осоишгоҳ Президенти мамлакат меҳмонхонаи сеошёнаро бо 70 ҷойи хоб ва дигар шароити муосири истироҳату табобат ба истифода доданд.
Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ин бинои наву хуштарҳ дар муддати қариб 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст, ки баробари ба истифода доданаш дар он 30 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Меҳмонхонаи мазкур барои қабули меҳмонони олимақом хеле созгор аст, зеро роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” бо завқи баланди зебоипарастӣ, бо интихоби мизу роҳаткурсиҳо, рахти хоб, таъмини таҷҳизоти муосири техникӣ, нақшу нигори миллӣ, чубкорӣ, оро додани фаршу деворҳо бо чубҳои рангаи пурнақш ва зардеворҳои пурнақш ва зарҳалӣ ин меҳмонхонаро ба як ҷойи хуби меҳмондорию меҳмоннавозӣ табдил додаанд.
Дар соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд шудани чунин як иншооти муосир ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле саривақтӣ ва баманфиат аст.
Тавре роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 нафар сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда буд, акнун танҳо дар се моҳи соли 2018 беш аз 2500 нафар мизоҷ барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум дар роҳ ба суи иншооти дуюм Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ истироҳаткунандагон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати самимии сарирроҳӣ доир карданд.
Ҳамаи меҳмонон барои шароити беҳтарини хизматрасонию меҳмоннавозии кормандони Осоишгоҳи “Баҳористон” ва табиати зебои ин ҷо изҳори қаноатмандӣ карда, аз имкони дидору суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳолӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки варзишгарони дастаҳои футболи наврасону ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон соли панҷум аст, ки барои машқу тамрин маҳз Осоишгоҳи “Баҳористон”-ро интихоб мекунанд ва онҳо низ аз шароити майдончаҳои футбол ва дигар иншооти варзишӣ ибрози қаноатмандӣ карданд.
Масофаи умумии роҳравҳои ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон” 33 километрро ташкил медиҳад ва кормандон ҳамаи онро чароғон кардаанд, ки барои сайру гашт ва истироҳат бисёр диққатҷалбкунанда мебошад.
Шоми имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунин иншооти дигар - котеджи чубини бо тарҳи нодир бунёдшударо ба истифода доданд.
Меҳмонсарой аз 2 ошёна утоқҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, меҳмонхона, ҷойи хоб ва дигар ҳуҷраҳои истироҳатӣ иборат мебошад.
Маблағи умумии сохтмони ин бино, ки 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пурра аз ҳисоби маблағҳои даромади софи осоишгоҳ сарф шудааст.
Дар ин бино низ ҳамаи ашёҳо, мизу курсӣ ва рахти хобу роҳаткурсиҳо босифат ва бароҳат интихоб шудааст.
Роҳбарияти осоишгоҳ таъкид доштанд, ки барои боз ҳам зебову дилкаш кардан ва баҳри ҷалби ҳарчи бештари мизоҷон аз тамоми имкониятҳо ва табиати дилфиреби ин мавзеъ самаранок истифода мебаранд.
Кормандони осоишгоҳ давоми сол ҳамчунин аз ҳисоби даромади софи худ ба дигар корҳои ободонӣ, ҷароғонкунии ҳудуди осоишгоҳ, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ин мавзеъро ба як баҳористони ҳақиқӣ табдил додаанд.
Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.
Осоишгоҳ аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Кормандон дар навбати худ бо маоши хуб ва як вақт хуроки гарму нақлиёти хизматӣ таъмин мебошанд.
Баъди шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲО ВА ТАШКИЛИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ 150 НАФАР ЯТИМИ КУЛ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Имрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кул тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, ба фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат- Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Воқеан дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сару либос, пойафзол, кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.
Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ МЕҲМОНХОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ПАРЛАМЕНТ" ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.
Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр - кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон, хоссатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои меҳмонони ин шаҳри зебои кишвар мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити ин меҳмонхона ба сифати корҳои сохтмонию бунёдии он баҳои баланд доданд. Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шаҳрофар» таҳия шуда, паймонкори он кооперативи тиҷоратии «Пирӯз» мебошад. Меҳмонхонаи «Парламент» дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи савдо ва хизматрасоӣ, тарабхона ҷойгир буда, дар таҳхонаи он ошхона ва ҳаммом бунёд ёфтааст. Таъкид гардид, ки дар ин иншоот дар марҳалаи аввали кор 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар Маҷмааи байналмилалии меҳмонхонаи «Парламент» шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва тамошо барои мизоҷон мавҷуд аст. Меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, дорои толори фитнес ва сақобозӣ низ мебошад, ки мизоҷон метавонанд, аз шароити варзишии он ба таври васеъ ҳамарӯза истифода баранд. Мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун, ки дар ин меҳмонхона ҷойгир аст, дар он ашёҳои гуногун бо рамзу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити меҳмонхона дар шафати он майдончаи варзиширо барои наздики 70 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо фароҳамсозии имконоти бештари машқу тамрин барои ҷавонон рӯ ба рушд овардааст. Дар майдончаи варзишии шафати меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол, бадминтон ва теннис муҳайё мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба машқу тамрин ва солимгардонӣ ба масъулин дастур доданд. Дар қабати ин иншооти варзишӣ ҳамчунин майдончаи хурди футбол барои наврасони то синни 12-сола бунёд гардидааст.
Воқеан ҳам метавон гуфт, ки дар солҳои соҳибистиклолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш, ки ба солимии миллат алоқамандии зич дорад, таваҷҷуҳро бештар намуда, имконотро барои ҷавонон дар ин самт беҳтару хубтар фароҳам сохтааст.
Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент”-ро Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои тамоми мардуми Тоҷикистон, хосса сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, сохта ба истифода додани ингуна иншоотро барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ муҳим маънидод намуданд.

ИШТИРОК ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА БО УСУЛИ ЗЕРИПАРДАГӢ ДАР ҶСК БА НОМИ АБДУРАҲИМ ҶУМЪАЕВ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.
Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад.
Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки феълан нашъунамои хуб дорад.
Тавре дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳ иттилоъ доданд, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 2245 саҳмдор дошта, айни замон дар ихтиёри худ 17217, 54 гектар замин дорад ва дар он 659 нафар шаҳрвандони кишвар ба таври доимӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ҷамъият ба зотпарварии чорвои калони шохдор машғул буда, айни замон саршумори чорвои он ба 550 адад мерасад.
Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7-и ҷамъияти мазкур ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшиданд.
Тавре маълум шуд, имсол танҳо дар ҳамин бригада дар масоҳати 75 гектар замин кишти пахта гузаронида мешавад, ки аз ин 46 гектари онро кишти пахтаи зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои масъулин, кишти пахта бо усули зерипардагӣ имконият медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гашта, ҳамзамон аз лиҳози ҳосилнокӣ низ бартарияти зиёд дорад. Ҳамчунин ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.
Бригадаи рақами 7-и ҷамъият ғайр аз пахта ҳамчунин дар масоҳати 2 гектар картошка, 1 гектар, сабзавот ва 19 гектари дигар зардолу парвариш мекунад ва ҳамасола аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меорад.
Аснои суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва баланд бардоштани самаранокии замин ба деҳқонон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

http://www.prezident.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин