Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон

13 майи соли 2017 дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон мулоқоти судманду созанда доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон ва яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрии ҷумҳурӣ — ноҳияи Данғара бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ карда, барои иҷрои саривақтию босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти вилояти Хатлон дастурҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки соли 2016 ба вилоят 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки 38 фоизи ҳиссаи умумиҷумҳуриявиро ташкил медиҳад.
Соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон 5,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.
Ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии вилоят соли гузашта ба 11,7 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бошад, ин нишондиҳанда ба 440 миллион сомонӣ расонида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки захираву имкониятҳои бузурги вилоят то ҳанӯз пурра истифода намешаванд ва барои ҳалли мушкилот дар ин самт роҳбарияти вилоят ва масъулини соҳа бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Соли 2016 даромади буҷети вилоят нисбат ба соли 2015 — 88 миллион зиёд шуда, 1,3 миллиард сомониро ташкил кардааст ва нақшаи аниқшуда 96,1 фоиз иҷро шудааст. Дар чор моҳи соли 2017 ба буҷети вилоят 281 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳо доир ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет ва коҳиш додани бақияпулиҳои андоз вазифадор гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят инчунин вобаста ба истифодаи самараноки замин бо роҳи кишти такрорӣ, захираи маҳсулоту содироти он, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаи маориф, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар бахши тандурустӣ барои беҳдошту дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини вилоят барору муваффақият орзу намуданд.
Дар мулоқот сокинони вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ карда, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва талошҳои созанда изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
/АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • muneer
  • 06-11-2018, 17:24
  • : 17:24
I felt exceptionally glad while perusing this site. This was truly exceptionally enlightening site for me. I truly preferred it. This was truly a sincere post. Much obliged!. places to eat near me open now
  • muener
  • 07-11-2018, 18:14
  • : 18:14
The CSOne is web-based maintenance management software designed for maintenance and repair service providers. It is specifically designed to fulfill the requirements for these services and successfully improved productivity of thousands of users around the world
Delaware Restaurants
  • muneer
  • 12-11-2018, 16:08
  • : 16:08
A very awesome blog post. We are really grateful for your blog post. You will find a lot of approaches after visiting your post. I was exactly searching for. Thanks for such post and please keep it up. Great work food places close to me
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин