Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд 
  • 17:00 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд 
  • 16:58 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд 
  • 13:36 – Шакармамад Мирмаҳмадов Шоҳҷоизаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз Душанбе ба Бадахшон бурд 

Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

Ба истифода додани корхонаи равғанбарории «Ганҷ» дар ноҳияи Кӯшониён


Рӯзи 23-юми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон- Қалъа ба фаъолияти бузургтарин корхонаи равғанбарорӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони як гектар сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани растанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора мебошад.

Дар ин ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Федератсисяи Россия ва Чехия пешрафтатарин технология оварда, васлу насб карда шудааст, ки айни замон назираш дар кишварҳои минтақа вуҷуд надорад. Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо корхонаҳои бузурги фаъолияткунандаи соҳа танҳо аз пунбадона равған истеҳсол мекунанд. То ин замон истеҳсоли равған аз офтобпараст, зағир, рапс ва масҳар дар ҳаҷми кам дар коргоҳҳои хурд ба роҳ монда шуда , талаботи бозор асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин карда мешавад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷм равған, ки аз ду то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷовобгӯ мебошад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯзаи он дар дохили корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба мутобиқат ва бехатарии маҳсулот ҳамарӯза баҳои воқеӣ медиҳанд.

Ёдовар мешавем,ки растании зағир, рапс, масҳар ва офтобпараст дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои мамлакат парвариш ва истеҳсол карда мешавад, аммо аз ин ҳисоб наметавон талаботи корхонаро қонеъ кард. Бо мақсади таъмини фаъолият қисми бештари ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад. Дар ин корхона дар як вақт имконияти захираи 2,5 ҳазор тонна ашёи хом мавҷуд мебошад.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ, ки бештар аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Сарвари давлат бо таъсиси чунин корхонаҳо имконияти қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо равғани растанӣ мавҷуд аст ва соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат хатҳои нави технологиро ворид намуда, истеҳсолоти ватаниро тақвият бахшанд. Ба роҳбарияти вилояти Хатлон барои васеъ ба роҳ мондани кишти растаниҳои равғандиҳанда низ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар робита ба ин, роҳбарияти корхона ҳам бобати харидории растаниҳои равғандиҳанда аз хоҷагидорон ҳавасманд мебошанд ва омодаанд, ки ҷиҳати зиёд кардани кишти зироатҳои зикршуда ба кишоварзон кӯмаки молиявӣ расонанд. Дар оянда бо таъмин намудани бозори дохилӣ равғани растанӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ба кор оғоз намудани корхонаи мазкур норасоии хӯроки парандаро низ дар кишвар то андозае барҳам мезанад. Зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад ба корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ бо нархи нистбатан арзон пешниҳод карда мешавад.

Дар ин ҷо барои бунёди як корхонаи истеҳсоли собун низ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Ҳамзамон роҳбарияти ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» уҳдадор шуданд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чунин корхонаи равғанбарориро бунёд намуда, дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузоранд.

Баъди ба истифода додани ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» Президенти мамлакат бо намунаи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, ки дар ин ҷо ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 512 коргоҳу корхона ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул буда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳмгузоранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан корхонаҳои азими коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ, консерваи меваю сабзавот, равғани растанӣ, ранг, мебел, риштаи абрешимӣ, атлас, гӯшти мурғ ва ғайра фаъолит доранд, ки имрӯзҳо молу маҳсулоташон ба Федератсияи Россия, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Афғонистон ва даҳҳо кишвари дигар содирот карда мешавад.

Таъкид карда шуд, ки соли 2018 корхонаҳои саноати вилояти Хатлон ба маблағи қариб 7,5 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳамчунин соли гузашта 74 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуд, ки зиёда аз ҳазор нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин шуданд. То ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 230 коргоҳу корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.



Гузоштани санги асоси Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии пружа бештар аз 10 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳои наву замонавӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кушониёну Вахш, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, коҳиш додани ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва беҳтар намудани вазъи экологӣ арзёбӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва суҳбат бо масъулин ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи пружа ва истифодаи пурсамари маблағҳои ҷалбгардида таъкид доштанд.

Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб сохта мешавад, ки дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафту омади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидати фаъол хоҳад кард.

Тавре зикр рафт, бо иҷрои лоиҳаи мазкур ва бунёду мавриди истифода қарор гирифтани терминали замонавии автомобилии мусофиркашӣ дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар имкон даст хоҳад дод, ки 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ҷиҳати ҳали мушкилоти сокинону меҳмонони шаҳр хатсайрҳои нави ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад.

Дар шаҳри Бохтар феълан 5 муассиса дар соҳаи нақлиёт амал намуда, шумораи умумии воситаҳои нақлиёт 5 ҳазору 522 ададро дар бар мегирад ва ҳамарӯза аз роҳҳои ҳудуди он садҳо нафар ронандагони автомошинаҳои гуногунтамға истифода мекунанд.

Иброз шуд, ки ворид намудани наздики 50 автобуси наву замонавӣ, ҷорӣ кардани низоми ҳамгироишудаи хариду фурӯши электронии билетҳою кортҳои мусофирбарӣ, ки дар самти беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон заминаи беҳтарин дониста мешаванд, аз қисматҳои асосии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон мебошанд.

Зимни муаррифии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки феълан дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ идома дошта, барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.



Ба истифода супоридани факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар


Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани Факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳ иштирок намуданд. Пешвои миллатро донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои нави таълимӣ муҳаёгардида шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Хабар дода шуд, ки ин бинои муҷаҳҳази таълимӣ тавассути маблағҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар бунёд ва бо шароити муосири таълимиву таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд. Барои сохтмону ҷиҳозонидани бинои чорошёнаи Факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи мазкур бештар аз 6 миллион сомонӣ харҷ шуда, он дар муҳлати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳи олии касбӣ дар вилояти Хатлон буда, дар байни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми хосаро соҳиб аст. Айни ҳол дар донишгоҳ 6 ҳазору 340 нафар тариқи буҷавӣ, 10 ҳазору 420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин 111 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар танҳо тӯли панҷ соли охири фаъолияташ бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои мухталифро омода намудааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар арсаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Феълан донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ, парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим мебошад. Ин муассисаи олии таълимии касбӣ бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар 5 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯи донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ 29 озмоишгоҳ, 2 кабинети лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 маҷмааи варзишӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саҳни донишгоҳ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни ятим туҳфаҳои наврӯзии Сарвари давлат тақдим карданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо 4 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Дар Маҷмааи варзишӣ пайроҳаҳои давидан бо масофаҳои гуногун, паридан ба баландӣ, майдонҳои футболу волейбол, майдончаи хурди қадамзанӣ бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон бо масоҳати як гектар мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин иншоот барои кулли намудҳои варзиш тамоми шароити зарурӣ муҳайёст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронӣ карда, онҳоро ба фаро расидани Наврӯзи некпай таҳният гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳассилини ин муассисаи олии таълимӣ арзёбӣ карданд.

Намоиши барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ба муносибати ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки басо ҷолибу диданӣ буд, анҷомбахши боздидии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид.



Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ»-и ноҳияи Кӯшониён


Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» — и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.

Гуфта шуд, ки дар ин гармхона картошкаи навъи «Шукрона», ки ҳосилнокии баланд дорад, моҳи декабри соли гузашта кишт гардидааст ва авали моҳи апрел ҳосили он ҷамъоварӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, дар ноҳияи Кӯшониён кишту парвариши картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба роҳ монда шудааст ва ин усул ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад.

Айни замон ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ аз гармхонаҳои ноҳия идома дорад ва то ба имрӯз аз ин ноҳия ба миқдори 160 тонна картошка ба бозор бароварда шудааст. Дар гармхонаи дигари Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» асосан лиму парвариш меёбад. Шумораи дарахтони лиму дар ин гармхона 90 бехро ташкил медиҳад. Соли гузашта хоҷагидорон 2,6 тонна лиму ҷамъоварӣ намудаанд ва дар назар аст имсол ҳосили он то ба 3 тонна расад. Барои самаранок истифода бурдани замин дар ин гармхонаҳо дар қатори дарахтони лиму помидор ва дар ҷӯяки картошка бодиринг шинонида шудааст.

Дар Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» 35 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» ҳамчунин дорои корхонаи коркарди меваю сабзавот мебошад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона ба 200 тонна баробар аст.

Дар ин ҷо ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд, ки Пешвои миллат аз он дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо ва ғайра, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол карда шудааст ба маъраз гузошта шуд.

Ноҳияи Кӯшониён дар ҷумҳурӣ аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ маҳсуб ёфта, шуғли асосии сокинон кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Иқлими ноҳия барои кишту парвариши ҳама намуди зироати кишоварзӣ мусоид аст. Хоҷагидорон ҳамасола бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд. Дар ноҳияи Кӯшониён майдони умумии заминҳои корами обии киштшаванда барои ҳосили соли 2019 15 ҳазору 632 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз аз тарафи хоҷагидорон дар масоҳати 5 ҳазору 700 гектар кишт гузаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.



Оғози кишти пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бӯстон-2010»-и ноҳияи Вахш


Дар доираи сафари кории худ дар Вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бӯстон-2010»-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд.

Ҷамъияти мазкур имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёр доштааш дар 26 гектари он пахта мекорад, зеро ба иттилои масъулин, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъи зироат мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замин имконияти аз 35 то 40 сентнер гирифтани ҳосил мавҷуд буда, имсол дар заминҳои ҷамъият парвариши навъи пахтаи «Хатлон-2014» ба роҳ монда шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бӯстон-2010» 35,5 гектар замини корамро дар ихтиёр дошта, дар баробари пахта, ҳамчунин ҳамасола ҷав, юнучқа, ғалладонагӣ, ангур ва қулфинай низ парвариш мекунанд. Дар масоҳати 1 гектар замин парвариши ангур ба роҳ монда шудааст ва аҳли заҳмат ҳамасола то 20 тонна ҳосил ба даст меоранд ва маҳсулоти кишоварзии хоҷагии мазкур аслан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамзамон ҷамъият ҳамасола дар масоҳати 0,50 гектар замин қулфинай парвариш мекунад, ки талабот ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ низ зиёд буда, аз ин ҳисоб ҳам аҳли заҳмат даромади хуб ба даст меоранд. Ҳамин тариқ дар 3 гектар замини дигар ғалладона, 1,5 гектар юнучқа ва 3 гектар ҷав кишт карда мешавад. Риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳои гуногун ба онҳо имкон додааст, ки ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

Имсол кишоварзони хоҷагӣ бори нахуст дар масоҳати 0,50 гектар замин гармхона бунёд намуданд, ки тибқи нақша бояд то моҳи май аввалин маҳсулоти барвақтии худро ба бозор бароранд. Дар ин гармхона парвариши помидор ва қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили хуб ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ҳамчунин аз намоишгоҳи аҳли заҳмати ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон дидан намуда, бо онҳо аз наздик суҳбат карданд. Дар намоишгоҳ аслан маҳсулоти нонӣ, ки самараи заминҳои серҳосили Тоҷикистон ва заҳмати марди деҳқон аст, ба маърази дид гузошта шуда буд. Кадбонуҳои моҳири ноҳия навъҳои гуногуни нонро, ки бо шаклу шева ва усули хоси мардуми ин минтақа омода мегарданд, дар намоишгоҳ пешниҳод намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди ноҳияи Вахш 96 ҳазору 215 гектар замин мавҷуд буда, ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа афзоиш дода мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар соли 2018 бештар аз 763,5 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба як соли қаблӣ 9,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Намоишгоҳи имрӯза намунае аз рушди бахши ғаллапарварӣ дар ноҳияи Вахш ва маҳорату малакаи бонувони ин ноҳия арзёбӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба маҳорату малакаи нонпазии кадбонуҳо баҳои баланд дода, барои омӯзонидани ин нозукӣ ба ҷавонон ва равнақ додани ин ҳунар ба иштирокчиёни намоишгоҳ маслиҳатҳои муфид доданд.


http://khovar.tj/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин