Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:40 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 
  • 08:07 – Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Спитамен

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Спитамен

Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен


Чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардид.
Дар расми ифтитоҳи рамзҳои давлатӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Нахуст дар ин мавзеъ бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен 0,32 гектар замин ҷудо гардидааст. Майдони Пачам ва Нишони давлатӣ дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 50 метрро ташкил дода, дарозии матои он ба 14 ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст. Нишони давлатӣ дар баландии 25 метр қомат афрохтааст ва ин ду муқаддасоти миллӣ басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасанд. Дар мобайни Парчам ва Нишони давлатӣ 6 фаввора бунёд гардидаанд, ки ҳар кадоми он бо усули муосир оро ёфтааст.
Масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ дар ин ҷо сангфарш ва сафолакпӯш гардидааст. Санг ва сафолакҳои дар майдони мазкур насбшуда маҳаллӣ мебошанд ва барои гашту гузори сокинон дар ин мавзеъ шароит басо мусоид аст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзҳои давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад. Дарахтони ороишии дар ин гӯшаи диёр шинонидашуда беш аз 50 бехро ташкил медиҳад. Майдони гулу сабзазор қариб ба 0,20 гектар баробар аст. Гулҳои ороишии тагетс, виола, салвия, лола ва ғайра дар ин ҷо бо тарҳи бисёр ҷолиб шинонида шудаанд. Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ 21 адад чароғҳои равшанидиҳандаи гуногунҳаҷм насб гардидаанд.
Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҳамчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.
Дар шафати майдони мазкур барои ҷойгир намудани 30 адад мошин таваққуфгоҳ ташкил гардидааст.
Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба саҳми бештар гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.




Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен


Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Иншооти китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.
Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ - шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.
Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст. Осорхона “Курушкада”, ки дар байни мардум бо номи Куруши Кабир маълум аст, номгузорӣ гардида, мавзеи қадимтарин ва дар айни замон ноҳияи зебоманзари Спитаменро ифода менамояд.
Осорхонаи мазкур муассисаи таърихӣ-кишваршиносӣ, илмӣ-маърифатӣ буда, муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва боигариҳои халқро дар бар мегирад.
Инчунин осорхона дорои шуъбаҳои ҷамоати ибтидоӣ, асрҳои миёна, илмӣ- маърифатӣ, ҳунарҳои халқӣ ва замони муосир мебошад. Айни замон дар осорхона 1 000 адад ашёи гуногун мавҷуд мебошанд, ки ин дар эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат нақши калидӣ дорад.
Дар ошёнаи сеюми иншооти тозабунёд - Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад.
Дар мактаби мазкур 10 нафар омӯзгори баландихтисос ба кор ва маоши доимӣ барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Айни замон дар мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар наврасони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолии Ватан бо 10 номгӯй асбоби мусиқии миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо шукргузорӣ ифтитоҳи чунин иншооти фарҳангӣ-илмӣ ва маърифатиро ғамхории навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат баён намуданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш ба аҳли фарҳанг, омӯзгорон ва масъулин дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо орзу карданд. Даъват ба амал оварданд, ки бо фароҳам овардани чунин шароити васеъи корӣ ва муосир дар тарбияи насли ояндасози кишвар масъулияти бештар зоҳир намуда, барои ояндаи дурахшони Ватан ҷавонони боистеъдоду мутахассисони сатҳи ҷаҳониро тарбия намоянд.
Ба китобхонаи мазкур, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 400 адад адабиёти тозанашри адибони тоҷик туҳфа карда шуд. Инчунин ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-и ноҳияи Спитамен 40 адад асбобҳои мусиқии гуногуни миллӣ тақдим гардид.




Оғози кишти пахта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд


Дар идомаи боздиди кориашон аз ноҳияи Спитамен, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ "Спитамен-текстайл"-и Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшиданд.
Хоҷагидорӣ қисми муҳими Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди ниҳоии пахта машғул аст. “Спитамен-текстайл” низ соли 2009 бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардида, то имрӯз фаъолияти босамар дорад. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъият фаъолияти худро ба таври комплексӣ ба роҳ мондаанд, яъне қисми бештари пахтаи дар хоҷагиашон истеҳсолшударо худашон коркард мекунанд ва ба бозорҳои хориҷи мамлакат мебароранд.
Дар маҳалли оғози кишти пахта аҳли заҳмати хоҷагӣ ба истиқболи Пешвои миллат дасторхони идонаи наврӯзӣ оростанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози корҳои саҳроӣ таҳният гуфта, бо дуои неки пирон ба кишти чигит оғоз бахшиданд.
Бояд зикр намуд, ки хоҷагидорӣ дар ин Ҷамъият асосан ба тухмипарварӣ нигаронида шудааст. Ҳамин тариқ, аз 3 ҳазору 140 гектар замини обии дар ихтиёрдоштаашон ҳар сол бо маслиҳат ва машварати олимон дар майдони бештар аз 2100 гектар чигити тухмӣ кишт мекунанд ва ҳамасола онҳо аз ҳар як гектар аз 25 то 45 сентнер ҳосил ба даст меоранд.
Корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли ришта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” имкон доранд, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркарди саноатӣ намоянд. Маҳсулоти тайёр тибқи шартномаи дуҷониба асосан ба Туркия фиристода мешавад. Вобаста ба дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагиро дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд, зеро барои анҷом додани ин амал онҳо ҳамаи шароиту имконоти молию техникӣ ва табииро доранд.
Бахши хоҷагидорӣ дар ҶДММ "Спитамен-текстайл" дар ноҳияи Спитамен яке аз калонтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба шумор меравад ва тақрибан 2500 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кору маош таъмин мекунад. Ин шумора метавонад дар мавсими кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил боз то 600 нафар афзояд. Кор дар бахшҳои ин хоҷагӣ тавре тақсимбандӣ шудааст, ки ин коллективи қариб сеҳазорнафара тақрибан дар 12 моҳи сол ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Масъулони бахши кишоварзии ноҳия ҳам мегӯянд, ки ин Ҷамъият дар низоми иқтисодии ноҳия ҷойгоҳи махсус дорад ва манбаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кор ва маош мебошад.
Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъияти мазкур корҳои ободониву созандагиро низ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Куруш дуруст ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби даромадҳои худ дар маркази ҷамоат як майдони болопӯшидаи футболи хурд, майдончаи муосири бозии кӯдакон ва чанд иншооти дигари фарҳангию фароғатӣ бунёд кардаанд. Аз он ки сесолаи оянда дар Тоҷикистон "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудааст, масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда низ корҳои ободонию созандагиро дар ҳудуди ҷамоати деҳот вусъат диҳанд.




Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен


Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо назардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ карда шудаанд.
Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхона, толори хониш ва бозии шашкаву шоҳмот мебошад.
Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.
Дар ҳамин ҷо ба 50 нафар ятимон чун анъанаи неки Наврӯзи Аҷам туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баҳорӣ фараҳмандии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.
Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи нави ҳунарӣ муаррифӣ карда шуд.
Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен 40 номгӯи асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ифтитоҳи бинои Қасри фарҳангро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, ҳунармандонро бо истифода аз имкони мавҷуда барои таҳияву пешниҳоди намоишҳои нав ва қонеъсозии талаботи маънавии мардум даъват намуданд.
Ҳамасола дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои нави фарҳангӣ бунёду навсозӣ ва барои фаъолияти кормандони соҳаи маънавиёт шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Дар ин баробар аҳли фарҳангро зарур аст, ки бо истифода аз чунин имкони муҳайёшуда таҳияву пешниҳоди барномаҳои нави ҳунариро бештар намоянд.
Фаввораҳо, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишии шинонидашуда, майдончаи варзишӣ, ҷой барои фароғати кӯдакон ва парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи иншооти фарҳангиро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба як макони зебову диданӣ табдил додааст.



Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен


Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Спитамен!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ва шумо-ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни баҳор ва сари сол, ки чанд рӯз пеш дар диёри мо фаро расид, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Тайи ду рӯзи гузашта мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маросими ба истифода додани чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, яъне самараи заҳмати сокинони вилоят иштирок кардем.
Мушоҳида мегардад, ки мардуми заҳматписанди ноҳияи Спитамен низ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дучанд заҳмат кашида, барои ободиву сарсабзии диёри хеш корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.
Бо истифода аз фурсат, ба мардуми сарбаланди ноҳия барои заҳмати содиқонаашон арзи сипос намуда, бовар дорам, ки онҳо барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ноҳия, афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳким бахшидани имкониятҳои содиротии кишварамон бо азму талоши бештар фаъолият мекунанд.
Кишоварзони ноҳия деҳқонони дар ҳақиқат асил будани худро, хусусан, дар самти истифодаи самараноки замин ва муҳаббату садоқат ба давлати соҳибистиқлоли худ собит карда истодаанд.
Шаш сол пеш дар ҷараёни сафари кории мо ба ноҳия дар маркази он хиёбони зебоеро бо муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен ба истифода дода, онро ба номи ин абармарди миллиамон номгузорӣ карда будем.
Имрӯз дар маркази ноҳия боз ду иншооти нав - майдонҳои Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ҳусни маркази ноҳияро боз ҳам зебову дилкаш гардонидаанд.
Қомат афрохтани рамзҳои муқаддаси давлатдориамон боиси боз ҳам таҳким ёфтани эҳсоси ватандӯстиву ватанхоҳӣ ва ифтихору сарфарозии сокинони ноҳия гардида, майдони онҳо ба макони баргузории чорабиниҳои гуногун табдил меёбад.
Илова бар ин, чанд лаҳза пеш мо дар маросими ба истифода додани китобхона ва осорхонаи марказии ноҳия иштирок кардем.
Биноҳои китобхонаву осорхона бо сифати баланд ва бо дарназардошти меъёрҳои меъмории милливу муосир бунёд гардида, дар он барои дӯстдорони илму маърифат ва таърихи халқамон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.
Дар ин маврид, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям.
Чанде пеш бо Фармони Президент озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид ва вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар шахсони масъул барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии муҳим вазифадор карда шуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосӣ аз эълон намудани озмуни мазкур ба мутоилаи китоб ҳарчи бештар ҷалб кардани мардум, махсусан, наврасон ва ҷавонону донишҷӯён мебошад.
Зеро тавре ки мушоҳида мешавад, баъди ба ҳаёти мардум васеъ ворид шудани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар василаҳои коммуникатсионӣ завқи ҷавонон ба китобу китобхонӣ торафт кам шуда истодааст.
Албатта, наслҳои наврасу ҷавон бояд ҳамқадами пешрафти илму техника бошанд, аз навовариҳои технологии замони муосир қафо намонанд, вале дар баробари ин, фаромӯш накунанд, ки воситаҳои техникии имрӯза ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонанд.
Наслҳои калонсол хуб медонанд, ки тоҷикон аз азал бо омӯзиши илму дониш, офаридани осори илмиву адабӣ, бунёду таъсиси китобхонаҳо, марказҳои илмӣ ва маҳфилу ҳавзаҳои адабӣ машҳур буданд, ки албатта, китобу қалам дар меҳвари онҳо қарор дошт ва фикр мекунам, ки ин анъана набояд фаромӯш гардад.
Китобхонӣ ва аз худ кардани ашъори адибони классику муосири тоҷик ва мероси адабии дигар халқҳои ҷаҳон беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад.
Сокинони ноҳияи Спитамен, махсусан, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва падару модаронро низ даъват менамоям, ки наврасону ҷавононро дар ҳамин рӯҳия ба камол расонанд, то ки онҳо дар оянда ин марзу бум ва тақдири давлату Ватанро чун наслҳои сазовори мову шумо соҳибӣ ва обод карда тавонанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли равғанро, ки аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “25-солагии истиқлолият” бунёд шуда, бо хатти технологии бисёр пешрафтаи истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти бо ҷойи корӣ таъмин намудани даҳҳо нафар сокинони маҳаллиро дорад, ифтитоҳ мекунем.
Қасри фарҳанги деҳоти Куруш, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, аз ҷумлаи корҳои созандагие мебошад, ки ба муносибати истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо риояи унсурҳои беҳтарини меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Дар Қасри фарҳанг фаъолияти маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо 24 ҷойи нави корӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ ва хонаи ақди никоҳ ба роҳ монда шудааст, ки дар самти ба шуғл фаро гирифтани занону бонувони хонашин ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Толори асосии қаср бо 600 ҷойи нишаст барои баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ хеле мусоид мебошад.
Илова бар ин, дар шафати қаср аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Спитамен-текстайлз” толори пӯшидаи варзиш ва майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардидааст, ки беҳтарин туҳфа барои кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.
Ҳозирини муҳтарам!
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузоштааст.
Бовар дорам, ки сокинони ноҳияи Спитамен ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро, ки бо дастгириву пуштибонӣ ва заҳмати аҳлонаи мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад, бо дастовардҳои сазовори ин санаи воқеан таърихӣ ва бузургӣ миллӣ, аз ҷумла тавассути бунёду ба кор даровардани садҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд.
Ноҳияи Спитамен бо устодони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони асилу пуртаҷрибаи худ шуҳрат дорад.
Шубҳае нест, ки онҳо бо заҳмати аҳлонаи хеш барои фаровонии бозори истеъмолии кишвар ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат дар оянда низ саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҳамчунин, бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мардуми заҳматдӯсти ноҳия ва соҳибкорони саховатманд барои иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ, аз қабили бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои дохилӣ, шабакаҳои обрасонӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрони худ минбаъд саъю талоши бештар мекунанд.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, кулли сокинони ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Спитаменро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни сари сол табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳамеша шоду сарбаланд бошед!


Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли равған дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен


Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.
Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.
Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.
Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.
Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.
Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.
Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.
Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.
Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.


http://president.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин