Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:49 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд 
  • 07:29 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 

Сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд

Сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд

Иштирок дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд
Субҳи рӯзи 2 апрели соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» баргузор гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани фестивали «Сайри гули лола», озмуни вилоятии «Гулҳо» ва истиқболи шоистаи меҳмони олиқадр - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинӣ – Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як лолазори бузург табдил ёфта буд.
Таъкид карда шуд, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.
Ба гуфти таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи “Ҷашни гули сурх” хеле шукӯҳманду хотирмон баргузор мегардид.
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд.
Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии гулҳо аз ҷониби намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ҳунари рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо тарзу услуби хос дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд, муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин дар асоси талаботи озмуни вилоятии гулҳо ва фестивали «Сайри гули лола» аз ҷониби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ композитсияи адабӣ-фарҳангӣ манзур карда шуда, байни духтарону писарон дар васфи гули лола қироати шеър, байтбарак ва бадеҳахонӣ низ сурат гирифт, ки басо ҷолибу диданӣ буд.
Фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» аз рӯи панҷ номинатсия – «Ороиши беҳтарин», «Гулдастаи беҳтарин», «Икебани беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Гулпарвари беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибон вобаста ба талабот, ки дар он истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва нашъунамо дар мадди аввал қарор дорад, муайян карда мешаванд. Ба ғолибони озмун диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ ба ҳисоби аз 1000 то 3000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти касбии гулпарварони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар соли равон зиёда аз 300 ҳазор гули лола шинонидаанд, баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҳудуди боғи мазкур наздики 40 намуди гули лола қад кашидаву шукуфтааст ва бо рангорангиаш ба ин мавзеъ ҳусну таровати бештарро зам намуда, барои тамошои он ҳамарӯза шумораи зиёди сокинон ва меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд.
Дар ҳудуди боғи мазкур, ки наздики 9 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон беш 100 ҳазор бех дигар навъи гул ва зиёда аз 30 намуд дарахту буттаҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Тибқи маълумоти масъулон соли гузашта наздики 70 ҳазор нафар аз ин боғ дидан намудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 миллион бех гули лола шинонида шудааст, ки аз ин нишондод 1 миллионаш ба шаҳри Хуҷанд рост меояд.
Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳр гулҳои лола қад кашидаву шукуфтаанд, ки аз тамошои он кас ҳузуру ҳаловат мебарад. Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» ба ҳунари волои гулпарварони шаҳри Хуҷанд низ баҳои баланд дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки даври якум ва дуюми фестивали «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо баргузор шуд ва даври сеюми он дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Тавре таъкид карда шуд, ҳадафи асосии баргузории фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» вусъат бахшидани ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Ифтитоҳи “Роҳи танобӣ” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш аз як километр мавриди истифода қарор доданд.
“Роҳи танобӣ” дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи хеле зебою дилписанд барои сайёҳони дохилию хориҷӣ- соҳили дарёи Сир ва Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию диданибоб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад ва фароҳам овардани ин гуна шароити зарурӣ барои онҳо аз иқдомҳои наҷиб дониста мешавад.
“Роҳи танобӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад.
Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад.
Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини шаҳри Хуҷанд ва дастандаркорони ин иқдом ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконоти хизматрасонӣ барои сокинону сайёҳон ва ҷалби шумораи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъкид доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо соли 2018 аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 64 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон, ки бештарашон хориҷӣ мебошанд, боздид намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар вилояти Суғд баҳри қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дошта, воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят сол аз сол афзоиш меёбад.


Иштирок дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" дар шаҳри Хуҷанд
Дар рӯзи чоруми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" иштирок намуданд.
Дар соҳили дарёи Сир, дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳаво беҳтарин ошпазҳои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷамъ омада, бештар аз 50 намуд таомҳои миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ба Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ тавонистанд як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастархони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқала, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ бошад, ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд, ки хеле лазиз буд.
Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногуни майдон 24 хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда, дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳният шодбош мегуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар хайма бо мардум ва ошпазон суҳбатҳои идона ороста, ба таври дастаҷамъӣ ташкил кардани чунин базмҳои хурсандиро аз унсурҳои асосии Наврӯз маънидод карданд. Ба андешаи Роҳбари давлат, "Наврӯз пеш аз он ки як ҷашн ё маросим бошад, рамзи меҳру муҳаббати инсонист, василаи дур кардани кинаву адоват ва одамбадбинӣ мебошад. Ҳамин инсонгароии Наврӯз аст, ки дар дарозои таърих, новобаста ба фишору маҳдудиятҳо, ин ҷашни аҷдодӣ то замони мо расидааст. Мо бояд талош намоем, ки ҳамаи унсурҳои ин ҷашни зебои миллиро такмил дода, дар шакли комил ба наслҳои оянда мерос гузорем", таъкид карданд Пешвои миллат.
Ташкил намудани чунин фестивалҳо дар Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Тавре ҳунармандони вилоят мегӯянд, солҳои қабл чунин чорабиниҳо танҳо дар сатҳи маҳаллаву кӯчаҳо гузаронида мешуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ талошҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушд додани расму оин ва ҳунарҳои миллӣ, доираи чунин анъанаҳоро дар вилояти Суғд низ фарохтар намуд ва инак, чанд сол мешавад, ки он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ташкил карда мешавад. Дар маҷмӯъ дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" бештар аз 10 ҳазор нафар иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо Пешвои миллат Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Аз таомҳои ба фестивал пешниҳодшуда ҳамчунин барои се ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд.
Тибқи одати қадима, гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзӣ барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шуда буд. Дар ин ҷо бозиҳои миллии наврӯзӣ, аз қабили арғунчакбозӣ, лелакпаррониву ланкабозӣ, гӯштин ва дигар мусобиқаҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар кӯдакону наврасон бо шӯру шавқи зиёди идона иштирок карданд.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур, ҳамчунин миёни иштирокчиён дар чанд номинатсия, аз ҷумла "Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ", "Хаймаи беҳтарин", "Ороиши дастархони беҳтарини наврӯзӣ", "Дастони моҳир", "Самбӯсабанди беҳтарин", "Самбӯсахӯри беҳтарин", "Угробури беҳтарин", "Намоиши фолклори беҳтарин" ва амсоли ин озмун доир гардид. Ғолибони се ҷойи аввали ҳар номинатсия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо туҳфа ва итихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ифтитоҳи киштии рамзӣ - Тарабхонаи “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи “Темурмалик”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст, ки ҷойи хеле хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мебошад.
Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона сохта шудааст.
Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар вақти сохтмон 150 нафар сокинони маҳаллӣ ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 50 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ- роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст.
Тарҳи тарабхона намуди киштиро дошта, лоиҳаи меъмории он аз тарафи ширкати “Суғдшаҳрофар” омода шудааст.
Акнун сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд аз шароиту имкониятҳои тарабхонаи нав дар соҳили дарёи Сир барои фароғати хеш истифода баранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар тарабхонаи ғайриодӣ ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, онҳоро барои идомаи тадбирҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд.


http://president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин