Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:20 – Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 10:38 – Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат 
  • 10:34 – Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 17:17 – Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузоштанд

17 апрел рӯзи дуюми сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия бо маросими гулгузорӣ дар назди оромгоҳи сарбози номаълум оғоз ёфт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони «Александровский сад» қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.

Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ, ки нишонаи поси хотир ва қадрдонии сарбозони дар роҳи озодӣ қурбоншуда мебошад, гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Федератсияи Россия эҳтиром ба ҷо оварданд.

Дар ҳамин ҷо 10 маротиба бонг садо дода, суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон навохта шуд.

Баъди садо додани суруди миллии Тоҷикистон қаровули фахрӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросими гулчанбаргузорӣ, гузаштанд.

Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамроҳӣ карданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин