Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ба озмуни «20-солагии Ваҳдати миллӣ»

«Ман ба ҷасорати Президент қоил шудам»
-мегӯяд собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Авғонов.
Баъди ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми Германия дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 вазъи соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳолати мушкил қарор дошт. Заминҳои бекорхобидаю нообод бисёр буду қувваи корӣ намерасид. Аз ин рў баъди қабули қарори ҳукумат ''Дар бораи муҳоҷир намудани мардуми ноҳияҳои кўҳистон ба водии Вахш '' заминҳои асрҳо боз бекорхобида аз худ карда шуда ба боғу бӯстон табдил ёфтанд.
Оилаи Аҳлиддин Авғонов низ дар қатори дигар аҳолии манотиқи кўҳистони кишвар аз ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Қубодиён кўч бастанд. Гирду атроф ҳамагӣ қамишу туғайзор буд. Аҳли заҳмати хоҷагии ''Авесто'' (собиқ Сталинобод) дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи заминҳои бекорхобидаю ноободро ба пахтазору гандумзор ва боғу токзор табдил доданд. Аҳлиддин, ки дар оилаи деҳкон таввалуд шудаву ба воя расидааст, ҳамчун аъзои фаъоли хочагӣ дар пешравии корҳои саҳро саҳми худро мегузошт.
Аҳлиддин Авғонов соли 1962 баъди хатми коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат боз ба хоҷагиашон баргашт.Солҳои зиёде дар вазифаҳои иқтисодчӣ, муҳосиб ва сармуҳосиб фаъолият намуд. Соли 1980 ўро раиси хоҷагии собиқ ''50- солагии СССР '' (имрўза "Авесто") интихоб намуданд. Хоҷагӣ 4500 гектар замин дошт, ки дар 3500 гектари он пахта кишт карда мешуд. Аҳли меҳнати хоҷагӣ тавассути меҳнати ҳалол ва истифодаи техникаю нуриҳои минералӣ ҳар сол ҳосили баланди пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ менамуданд.
Ҳамон сол барои аҳли меҳнати хоҷагӣ ва кишоварзони ҷумҳурӣ соли бофайзу баракат омад. Бори аввал соли 1980 Тоҷикистон ба давлат зиёда аз 1 миллион тонна "тиллои сафед " супорид. Дар ин комёбӣ саҳми деҳқонони хоҷагии "50-солагии СССР", ки роҳбараш марди кордону пуртаҷриба Аҳлиддин Авғонов буд, хеле калон аст. Ин хоҷагӣ яке аз хоҷагиҳои бой ва серсоҳаи вилояту ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Ҳамон сол деҳқонони хоҷагӣ ба давлат ба ҷои 9500 тонна 12 ҳазору 500 тонна "тиллои сафед" супурданд, ки аз ҳар гектар 33 сентнериро ташкил медиҳад.
Барои ин комёбии бузурги меҳнатӣ хоҷагӣ бо ордени Байрақи сурхи меҳнат мукофотонида шуд, ки онро Раиси Президиуми Шўроӣ Олии ҷумҳурӣ М. Холов бо тантана супорид. Деҳқонони пешқадами хоҷагӣ соҳиби ордену медалҳо, мукофотҳои молию пулӣ ва автомашинаҳои шахсӣ гардиданд. Дар натиҷаи меҳнати ҳалолу софдилона хоҷагӣ сол то сол ободу зебо мешуду сатҳи зиндагии мардум боло мерафт.
Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ кишвари азизамон-Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, ки дар баробари мардуми ҷумҳурӣ аҳли меҳнати хоҷагии имрӯзаи "Авесто"-ро шоду фараҳманд гардонид. Онҳо аз ин ҳадяи тақдири худованд меболиданду хурсандиашон ҳаду канор надошт. Акнун Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақили ҳуқуқи байналхалкӣ, яъне давлати соҳибихтиёр метавонист ҳамаи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро мустақилона ва бе дахолати кишвари дигар ҳал намояд.
Фаъолияти пурсамар, кордонӣ, таҷрибаи бой ва хислатҳои наҷиби инсонии роҳбари хоҷагӣ Аҳлиддин Авғоновро ба назар гирифта, ӯро дар ду навбат (солҳои 1985-1990 ва 1990-1995) аз ҳавзаи интихоботии рақами 183-и ноҳияи Қубодиён вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ў ҳам ба фаъолияти босамари хоҷагӣ оқилона роҳбарӣ мекарду ҳам дар иҷлосияҳои парламенти мамлакат фаъолона баромад менамуд. Дар вақти қабули конунҳо манфиату ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя менамуд.
Баъди камтар аз як соли соҳибихтиёрӣ дар кишвари тозаистиқлоламон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Фазои софу беғубори мамлакатро абрҳои тира фаро гирифт. Душманони миллати тоҷик, ки соҳибихтиёрии кишвари моро намехостанд, ба сари мардуми мо ҷанги таҳмилиро бор карданд. Дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ (солҳои 1991-1992), ки дар айёми нооромиҳо сиёсӣ баргузор гардиданд. Як гурўҳ вакилон, аз ҷумла Аҳлиддин Авғонов баромад намуда, таклиф пешниҳод карданд, ки вазъи ноороми кишвар ҳар чӣ зудтар ба эътидол оварда шавад.
Лекин ҷанги шаҳрвандӣ рӯз то рӯз дар монотиқи гуногуни ҷумҳурӣ доман паҳн мекард. Хавфи аз байнравии якпорчагии Тоҷикистон таҳдид менамуд. Дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус низ дастаҳои ғайриқонунии силоҳбадаст пайдо шуда, барои пешравии корҳои хоҷагии "Авето" халал ворид менамуданд. Трактору дигар техникаҳои хоҷагиро маҷбуран гирифта, барои корҳои худ истифода мебурданд. Аз нуқтаю анборҳои нигаҳдории сӯзишворӣ қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ ва сўзишвориро ғорат мекарданд.
Раиси хоҷагӣ Аҳлиддин Авғонов бо фаъолони идораи хоҷагӣ хангоми ғундоштани ҳосили ғалладона ба яке аз қитъаҳои замини гандумзори хоҷагӣ омаданд. Дар ҳамин асно як гуруҳ шахсони номаълуми силоҳбадаст бо якчанд КамАЗ-у тележкаҳо омода, аз комбайнҳои ғалладарав ҳосилро бор карда мерафтанд. Ҳатто ба раис ва ҳамроҳонаш таҳдид ҳам карданд. Кор то ҷое расид, ки гуруҳҳои силоҳбадасту сияҳкор шабона дар деҳоти хоҷагӣ ба роҳзанию ғоратгарӣ ва куштор даст мезаданд. Хуллас, ки мардум ба дод омада буданд.
Вазъият ниҳоят муташанниҷ шуда буд. Раис бо маслиҳати роҳбарони ноҳия барои таъмини муътадили кори хоҷагӣ ва амнияти зиндагии мардум ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рафт. Ҳамроҳи якчанд нафар фаъолони ноҳия ба қабули Раиси Шӯрои Олии ҳамонвақтаи кишвар Акбаршо Искандаров даромаданд. Баъди маслиҳату машварат бо роҳбари аввали вақти ҷумҳурӣ хостанд ба Қубодиён баргарданд. Вале огоҳ шуданд, ки ҳамаи роҳҳо баста шуда, аз ҷониби гуруҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ назорат карда мешавад.
Ҳамин тавр Аҳлиддин Авғонов ноилоҷ дар шаҳри Душанбе монд. Лекин ҳама ҳушу ёдаш ба мардуму ба корҳои нотамоми хоҷагӣ буд. Қисми зиёди аҳолии ноҳияи Қубодиён аз ҷумла, мардуми хоҷагии "Авесто" ки дар байни онҳо аҳли оилаи худи Аҳлиддин Авғонов низ буд, гуреза шуда, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон рафтанд. Барои хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аҳлиддин Авғонов низ ҳамчун вакили Шурои Олӣ дар ин Иҷлосияи тақдирсоз иштирок ва баромад намуд. Ҳамчун узви комиссияи гузаронидани иҷлосия ва интихоби Раиси нави Шӯрои Олӣ андешаҳояшро пешниҳод кард. Рӯзи 19- уми май то бегоҳ масъалаи интихоби роҳбари нави давлат бо баҳсҳои тўлонӣ давом кард. Ҳамаи номзадҳои пешбаришуда масъулиятро ба зимма нагирифтанд. Вақте, ки номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод карданд, ӯ ба минбар баромада бо ҷасорати хосса, ки дилаш ба тақдири миллат месўхт, чунин гуфт: "Майлаш ман ба хотири сарҷам намудани мардум ва таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ, наҷоти миллат ва аз буҳрони сиёсию иҷтимоӣ раҳо намудани Тоҷикистони азиз ин вазифаи пурмасъулро ба зимма мегирам, ба шарте, ки Шумо дар паҳлуям истода, маро дастгирӣ намоед. Касе, ки ба вазифаи нав интихоб шудааст, баъди анҷоми Иҷлосия, рост ба шаҳри Душанбе рафта, якҷоя корро шуруъ мекунем".
Аҳлиддин Авғонов баъди анҷоми Иҷлосияи XVI-и тақдирсози миллат ба шаҳри Душанбе баргашт зеро ба ноҳияи Қубодиён рафтан ғайри имкон буд. Аз минбари Иҷлосия роҳбари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарин ин баргаронидани гурезаҳо ба Ватан мебошад.Зеро зиёда аз 800 ҳазор нафар гурезаи тоҷик дар Давлати Исломии Афғонистон шаҳди ғарибӣ мечашанд.
Моҳи феврали соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакили Шӯрои Олӣ Аҳлиддин Авғонов ва собиқ вакили Шӯрои Олии ИҶШС яке аз шахсиятҳои обрӯманди ҷумҳурӣ Талбак Садриддиновро дар ҳайати як комиссияи бонуфузи ҳукуматӣ барои баргардонидани гурезаҳо ба Афғонистон фиристод. Онҳо ба вилояти Мазори Шариф рафта, дар лагери "Кампи сахи" бо мардум суҳбату вохўриҳо гузарониданд ва як моҳ низ онҷо монданд. Мардумро бовар кунониданд, ки Тоҷикистон тинҷу ором ҳасту онҳоро наздикону хешу пайвандон бесаброна интизоранд. Хамин тавр мардум ба макони зисти аввалаашон баргашта, хонаҳои сўхтаю вайронаашонро аз нав обод намуданд.Дар як муддати кўтоҳ маҳаллаю деҳаҳо ободу зебо гардиданду зиндагии хушу хуррамона ба маҷрои аввалааш ворид шуд. Сатҳи зиндагии мардум сол то сол беҳтар мегардид.
Аҳлиддин Авғонов солҳои 1993-2006 ҳамчун раиси ҷамоати деҳоти "Тахти сангин" сарбаландона ифои вазифа намуд ва соли 2006 ба нафақа баромад. Ифтихорманд ва шукргузор аз он аст, ки дар пешрафту ободии диёр каме ҳам бошад саҳми хешро гузоштаасту имрӯз дар шароити тинҷиву осудагӣ, серию пурӣ давлати пирӣ меронад. Ҳазорон бор ба роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегўяд, ки дар мудати начандон тӯлонӣ Тоҷикистони ба хоку хун оғўштаро ба як диёри ободу зебо ва биҳиштосо мубаддал гардонид. Ӯ бо хираду дониши худододаш Ватан бунёд намуд ва ин ободиҳою созандагиҳо хушбахтона имрӯз ҳам идома дорад.

Аъзам Бобоев,
хабарнигори "Ваҳдат"
рейтинг: 
Оставить комментарий
Вот тебе ссылока для просмотра


Порно зрелая дала

-----

Ссылка на искомое


Порно с худыми девушками
Ответить
а мне говорили это сила
-----

zaxvatu.net


Скоро вернусь на ваш сайт -))
----

http://aktivator-windows.net/load/aktivatory_dlja_windows_10/3
Ответить
Комментарий неуместен.

-----


где скачать активатор windows 8
Ответить
В чате эе написал вам все про это


ужасы онлайн
Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин