Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:03 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид» 
  • 11:56 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 09:41 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 09:38 – САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд 

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба ин кишвар ташриф оварданд.
Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Форум иштирок ва суханронӣ карда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва сарони як қатор кишварҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 25.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин