Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:20 – Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 10:38 – Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат 
  • 10:34 – Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт 
  • 17:17 – Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш 

Мулоқот бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Мулоқот бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

14 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо роҳбари давлати дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки мо барои барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти тамоми минтақа ҳавасманд мебошем.
Ҳамкории зич ва пайвастаи ниҳодҳои қудратию амниятии Тоҷикистону Афғонистон дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохурӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.


http://www.president.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин