Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.
Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй сурат гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки фаъоли сарони давлатҳои аъзо баҳри тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин