Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

«ҲАМА НИЮШАИ ХОҶА БА НЕКӮИЮ БА СУЛҲ АСТ…». Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин зимни суханронии худ дар Саммити Душанбе аз поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иқтибос овард

«ҲАМА НИЮШАИ ХОҶА БА НЕКӮИЮ БА СУЛҲ АСТ…». Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин зимни суханронии худ дар Саммити Душанбе аз поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иқтибос овард

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори сулҳ дар Осиё ва тамоми ҷаҳон мебошад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Барои тақвияти суханҳояш Си Ҷинпин аз поягузори адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иқтибос овард:
Ҳама ниюшаи хоҷа ба некӯию ба сулҳ аст,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.
Ба андешаи ӯ, кишварҳоро зарур аст, ки якҷоя амниятро эҷод намоянд, соҳибихтиёрӣ ва роҳи демократиро эҳтиром гузоранд, инчунин барои интихоби роҳи сиёсӣ имконият диҳанд.
«Бунёди Осиёи Марказии бехатар ҳадафи умумии мо мебошад. Мо ҷонибдори муколама бар ивази муқовимат мебошем», — таъкид намуд роҳбари Чин.
Ба гуфтаи ӯ, барои мубориза бо терроризм бояд бо дарназардошти ҳошияҳои Осиё тадбирҳои муассир андешида шаванд.
«Рушд калиди ҳалли тамоми мушкилот мебошад. Ҳадафи мо бунёди Осиёи кушодаву таҳаммулпазир ва мавҷудияти муносиби тамаддунҳо ба ҳисоб меравад», — тазаккур дод Си Ҷинпин.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин, татбиқи тавофуқҳои дар доираи саммити «Як камарбанд, як роҳ» бадастомада зарур мебошад.
«Чин саҳм ба рушди ҷаҳон ва ҷомеаи тақдири ягонаи инсониятро дастгирӣ менамояд. Мо бо роҳи осоишта рушд карда, роҳи ҳалли сулҳонаи чолишҳои бамиёномадаро пеш мебарем», — гуфт дар фарҷом Раиси ҶМЧ.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин