Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Сангвор

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Сангвор

24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.
Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.
Дар назди даромадгоҳи майдони Парчам ду ҳайкали шер ҳамчун рамзи миллати тавоно ва тамаддунофар сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами далатии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Наҷор” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ 11 садяк заминро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 60 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳад. Дар рафти сохтмон бо назардошти сайругашти сокинону меҳмонон 10 нишастгоҳ ва чароғҳои равшандиҳанда насб шудаанд.
Парафшонии Парчам дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси руҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд дар назди ин муқаддасоти давлат чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин