Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ НУРОБОД

Ифтитоҳи бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳияи Нуробод


САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ НУРОБОД

Рӯзи 24-уми июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик ошно шуданд.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он соли 2015 оғоз ёфта буд. Иншоот дар масоҳати 0,44 гектар замин бунёд ёфта, барои фаъолияти пурсамар дар он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино аз 14 утоқи корӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин бинои навбунёд дорои ҳаммом, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон буда, мувофиқи лоиҳа, масоҳати худи бино 496, 47 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тамоми утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин буда, минбаъд имконият медиҳад, ки бо истифода аз ин шароит ба аҳолии ноҳия хизматрасонии босифату саривақтии коммуналӣ расонида шавад. Ҳамзамон кормандони соҳа дар шароити мувофиқ кори худро ба роҳ хоҳанд монд.
Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа дастур доданд, ки шароити фароҳамовардашударо босамар истифода бурда, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолии ноҳия боз ҳам беҳтар намоянд.
Намои берунии бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо назардошти талаботи мусоири шаҳрсозӣ ва санъати баланди меъморӣ ороиш ёфта, гирду атрофи иншоот бо гулу буттаҳои зебо зинат дода шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Корез – лоиҳа” таҳия гардидааст.
Кормандони Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар ноҳияи Нуробод ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ифтитоҳи майдончаи футболбозӣ дар ноҳияи Нуробод


Имрӯз дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расид.
Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 - Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар тамоми қаламрави мамлакат, толору марказҳои муосири варзишӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин, барои солимии ҷомеа, бо шароиту имкониятҳои фаррох фароҳам оварда шудааст.
Баъди мавриди истифода қарор додани Майдончаи нави футболбозӣ дар ноҳияи Нуробод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сохта ба истифода додани чунин майдончаҳои варзишӣ дар қаламрави мамлакат дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” туҳфаи арзишмандест барои ҷавонони худогоҳ ва насли ояндаи тоҷик.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ боварӣ намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон оянда метавонад муаррифагари кишвар дар арсаи олам гардад, зеро барои рушди он дар тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.



Ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод


Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо назардошти стандартҳои ҷаҳонии роҳсозӣ анҷом дода шудааст. Паҳноии роҳ 15 метрро дар бар гирифта, бо хатҳои ҳаракати нақлиёт аз ду самт таъмин мебошад. Ҳамчунин роҳ бо 100 адад аломати огоҳкунанда таъмин шуда, барои убури пиёдагардон дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиёдагузар бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯшӣ карда шуд. Дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 адад нишастгоҳ насб шуда, ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳа бо 10 қуттии партовпартоӣ низ таъмин мебошад.
Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” бунёд ёфта, корҳои сохтмонии он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз ёфта буд. Дар ин давра корҳо аз рӯйи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва гирду атрофро ҷиҳати рафтуои бемамоният бартараф намуд.
Ҳамчунин роҳи навбунёд пурра чароғон карда шудааст. Дар шафати роҳ 80 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рушноӣ васл гардидааст, ки он ҳусни кӯчаи марказии шаҳракро боз ҳам зеботар мекунад.
Пешвои муаззами миллат дар ин ҷо ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи навбатӣ 1,2 километр роҳ бунёд гардида, он бо системаи равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад. Пиёдароҳаи шафати роҳ низ дар масоҳати 5444 метри мураббаъ сафолакпӯш карда мешавад.
Тавре иброз гардид, дар идомаи корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм роҳ бо 76 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда ва 152 чароғак таъмин хоҳад шуд. Тибқи нақша, дар иншооти мазкур наздик ба 50 адад аломати роҳ насб карда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур баҳои баланд дода, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи навбатӣ низ корҳоро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд, то солиёни зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд.
Қобил ба тазаккур аст, ки бунёди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ дар ҳудуди ин шаҳраки тозабунёд буда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои гуногун, дар ин ҷо дигар корҳои ободонӣ, аз қабили кашидани хатҳои иловагии таъмини оби нӯшокӣ ва корез, барқ, сохтмони ҳавзҳои обгирӣ, бунёди муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ дар назар дошта шудааст.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин