Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ НОҶИКОБОД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ НОҶИКОБОД

Истиқбол дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Тоҷикобод


25 июни соли 2019 дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллатро сокинони меҳмоннавози ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд.



САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ НОҶИКОБОД

Ба истифода додани бинои маъмурии Шабакаи барқи ноҳияи Тоҷикобод


Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии замини барои сохтмони иншоот ҷудогардида 60 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони 5 садяк сохта шудааст.
Бинои маъмурии Шабакаҳои барқро бо фармоиши Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд ва бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз намудаанд. Дар ошёнаи якуми бино утоқи техникии омӯзишӣ, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои кории назоратчиён ҷойгир буда, қабати дуюми бино аз утоқҳои кории маъмурият, машваратгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст. Ҳамчунин барои мизоҷон дар саҳни бино 2 айвончаи муосир насб гардидаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релефи минтақа тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ба истифода додани бинои нав, кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия бо чунин имконият ва шароити муосири корӣ дастрасӣ надоштанд. Ба истифода супурдани бинои навро дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ кормандону масъулини шабакаҳои барқи ноҳия туҳфаи арзандаи Пешвои миллат хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқи хушсифат ҷоннок мекунанд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд.



САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ НОҶИКОБОД

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукуҳу шаҳомати нав зам менамояд. Қобил ба зикр аст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.
Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ аввали соли 2019 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуданд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Тоҷикобод иқдоми нек арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин дар назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни бунёди Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати 2,30 гектар бунёд гардида, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон пешбинӣ гардидааст ва макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ноҳия хоҳад шуд. Тарҳ ва симои боғи бунёдшаванда пурра ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ буда, дар рафти рангуборкунию ороиши он усулҳои миллӣ низ истифода мешавад.
Дар назар аст, ки боғи мазкур то истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта шуда, баъди ба истифода додани он наздики 20 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.




САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ НОҶИКОБОД

Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа»-и ноҳияи Тоҷикобод


Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар Хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла олучаву гелос, тут, тути заминӣ, қулфинай ва навъҳои пешпазаки зардолу, ки ин шабу рӯз дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат пухта расидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ маҳсулоти дигар, ба монанди гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва навъҳои гуногуни нон, ки дар ҳудуди ин ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ба маъраз гузошта шуд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон дод, ки сокинони ин минтақаи дурдаст бо маҳорати баланди кадбонугиву пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ном баровардаанд ва намунаи ҳунарҳои дастии онҳо василаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ мебошад.
Инчунин зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори занбӯри асалпарварони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, дар ду соли гузашта оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия бамаротиб зиёд шудаанд. Тибқи иттилои масъулони идораи кишоварзии ноҳия, дар соли 2019 шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7 ҳазор адад расонида хоҳад шуд. Давоми соли 2018 ба занбӯрпарварон муяссар гардид, ки бештар аз 110 тонна асали хушсифат истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ворид созанд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қалъа» хабар дода шуд, ки айни замон дар ин хоҷагӣ меҳнаткашон дар майдони 5 гектару 80 садяк зироатҳои гуногун, аз қабили помидор, қаламфур, карам, бодиринг, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, каду, ғалладона ва картошка кишт кардаанд. Зироатҳои номбурда ба иқлими ноҳия мувофиқ буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишту парвариш, ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст.
Картошка зироати асосӣ ва барои деҳқонони ноҳия даромаднок ба ҳисоб меравад. Имсол дар ноҳия майдони кишти умумии картошка ба 1085 гектар расонда шуд, ки назар ба соли 2018 зиёдтар аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қалъа» дар майдони 4 гектар картошка кишт карда, коркарди агротехникии онро хушсифат анҷом доданд. Деҳқонон барои таҷриба имсол аз 3 намуди тухмӣ, аз ҷумла дар баробари истифодаи тухмии маҳаллӣ ҳамчунин аз ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд ва Лахш навъи тухмиҳои «Пикассо» ва «Тоҷикистон»-ро оварда, истифода ва кишт карданд.
Зикр кардан зарур аст, ки дар ин ноҳияи кӯҳистон сол то сол картошкапарварӣ рушд меёбад. Соли 2018 деҳқонони ноҳия истеҳсоли картошкаро ба 24 ҳазору 71 тонна расонданд, ки назар ба соли 2017, 1631 тонна зиёд мебошад. Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварӣ шинохта мешавад.
Маслиҳатҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феълан ба рушди картошкапарварӣ натанҳо дар ноҳия ва водии Рашт, балки дар ҷумҳурӣ таккони ҷиддӣ бахшид. Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Баъд аз иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ ва ошноӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Қалъа», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи навъсанҷии маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Сари Пули ноҳия бо доираи васеи сокинони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат сокинони ин минтақаи дурдасти ҷумҳуриро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, ҳамаи иқдомоти созандагӣ ва зиндагии шоистаи мардумро самараи сулҳу суботи сартосарӣ маънидод карданд.
Дар анҷоми мулоқот сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба Пешвои миллат барои талошҳои хастанопазир дар роҳи таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарди Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.




САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ НОҶИКОБОД

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод


25.06.2019 10:59, ноҳияи Тоҷикобод
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Баъд аз ду рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои орому осуда ва бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон таҷлил менамоянд.
Ба ин муносибат, сокинони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.
Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди воқеан муҳимми таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ба шарофати он мо тавонистем давлатамонро аз вартаи нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, кишвари дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ харобгаштаамонро эҳё ва рушди минбаъдаи онро таъмин намоем.
Аз сафари пешинаи мо ба ноҳияи Тоҷикобод се сол сипарӣ мешавад ва ба назар мерасад, ки дар ин муддат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва заҳмати содиқонаи сокинон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардидаанд.
Дар давоми қариб 28 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар се соли оянда бо ин мақсад қариб 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла соли гузашта аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент лоиҳаи мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ татбиқ шуда, соли ҷорӣ дар ин самт иҷрои корҳо ба маблағи 8 миллион сомонӣ идома дорад.
Соли 2018 дар ноҳия ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ корҳои сохтмону азнавсозӣ иҷро гардида, бунёди Қасри фарҳанг ва боғи истироҳату фароғат, муассисаи кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ, бинои маъмурии шабакаи барқи ноҳия, 18 синфхонаи иловагӣ, азнавсозии муассисаи таълимии рақами 10, чароғону мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба маблағи умумии беш аз 40 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда якчанд биноҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Зарафшон, Сари Пул, Дараи Мазори Поён, Қалъаи Лаби Об сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода шудаанд.
Имрӯзҳо корҳои таъмиру барқарорсозии литсейи касбҳои техникии ноҳия амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ торафт зиёд шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 қариб 8 фоиз афзуда, ба 1485 субъект расидааст.
Вале тибқи маълумоти Бонки миллӣ соли ҷорӣ ба соҳибкорони ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳамагӣ 382 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ 840 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки ниҳоят кам мебошад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд ба иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2018-2020 эътибори аввалиндараҷа диҳанд, зеро аз 182 лоиҳаи дар ин барнома пешбинигардида то имрӯз ҳамагӣ 20 лоиҳа амалӣ шудаасту халос.
Чунин ҳолат далели ҳамкории нокифоя дар байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вазорату идораҳои соҳавӣ ва соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам зиёд кардани лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ҷораҷӯӣ намоянд.
Дар ноҳия барои рушди саноат шароит ва захираҳои зарурӣ зиёданд ва тавассути густариш додани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ барои ҳазорон нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё кардан мумкин аст.
Ҳамчунин, имкониятҳои ноҳия ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла коркарди маҳсулоти чорводорӣ хеле зиёд буда, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ - гиёҳу растаниҳо ва чашмаҳои шифобахши мавзеъҳои Гӯгирдону Алмалик ба рушди сайёҳӣ мусоидат карда метавонанд.
Дар робита ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёду барқарор намудани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, беҳтар кардани ҳолати инфрасохтори маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо дарназардошти он, ки сокинони ноҳияи Тоҷикобод асосан ба кишоварзӣ машғул буда, даромади мардум ва буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби ҳамин шуғл вобаста аст, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад.
Ноҳия барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва боғдорӣ шароити хеле мусоид дорад. Гарчанде дар ду соли охир майдони кишти зироатҳо зиёд шудааст, вале ҳосилнокии баъзе намудҳои он, масалан, картошкаву сабзавот коҳиш ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва объёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бояд доир ба тараққӣ додани соҳаи чорводориву картошкапарварӣ, зиёд намудани майдони кишт, тавассути таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои нав тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зарур аст, ки ба масъалаи барқарорсозии боғҳои куҳна, бунёди боғҳои нав ва парвариши меваҳои содиротӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Тибқи таҳлилҳо солҳои охир бо сабаби сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ҳосилнокии аксар боғҳои ноҳия бисёр паст шудааст.
Ҳол он ки шароити ҷуғрофӣ ва иқлими ноҳия имконият медиҳад, ки аз ҳисоби навъҳои гуногуни дарахтони серҳосил майдони боғҳоро зиёд намуда, талаботи аҳолӣ таъмин ва содироти мева афзоиш дода шавад.
Андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт, инчунин, бунёди сардхонаву анборҳои нигоҳдории меваю сабзавот, ташкили инфрасохтори боркашонӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи роҳбарону мутахассисони ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдор мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давраи истиқлолият дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 49 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 7000 нафар хонанда ва танҳо дар ду соли охир 7 бинои нави дорои беш аз 2000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 6 бинои мактаб барои 2200 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт тезонида шаванд.
Дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба фароҳам овардани шароити мусоиди таълим тайи ду соли охир 465 нафар ҷавонони ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ, аз ҷумла 21 нафар ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шуда, ин нишондиҳанда дар чор сол панҷ баробар афзудааст.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз амалигардида, ҳоло дар ноҳия биноҳои 6 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, 7 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва дар баробари ин, муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба 76 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои иловагӣ андешида, аз натиҷаи он то охири сол ба Ҳукумати мамлакат гузориш манзур намоянд.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия низ норасоии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва таҷҳизоти замонавии тиббӣ, инчунин, таъмирталаб будани аксари муассисаҳои тиббӣ аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддӣ мебошанд.
Ҳоло аз ноҳияи Тоҷикобод дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 20 нафар ҷавонон таҳсил мекунанд, ки 7 нафари онҳо тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаи паст мебошад.
Инчунин, на ҳамаи донишҷӯён баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ тибқи тақсимот ба ноҳия барои кор ҳозир мешаванд.
Роҳбарони ноҳия бояд бо дарназардошти имтиёзҳои ба кадрҳои ҷавон пешбинишуда ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби бештари мутахассисони соҳаи тиб шароити мусоид фароҳам оваранд.
Вобаста ба ин масъалаҳо як нуктаи муҳимро таъкид месозам, ки то ҳол 23 нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд.
Тавре ки борҳо гуфта будам, таҳсилоти ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар яке аз роҳҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад.
Тибқи маълумот аз 30 нафар сокинони бо созмони террористии “Давлати исломӣ” алоқаманди ноҳия ҳоло 7 нафарашон дар маҳбас ва 17 нафари дигар дар хориҷа қарор доранд.
Роҳбарону фаъолон, падару модарон ва хешу табори чунин шахсон вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо фаъолона кор кунанд.
Масъалаи вобаста ба нигоҳдориву таъмири роҳҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани баъзе пулҳои мошингузар мушкилоти дигари ноҳия мебошанд, ки ҳаллу фасли онҳо вазифаи Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мебошад.
Таъминоти аҳолии маркази ноҳия ва деҳоти он бо оби тозаи ошомиданӣ низ масъалаи ҳалталаб ба шумор меравад, ки аз сохторҳои марбута андешидани чораҳои бетаъхир, аз ҷумла таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро доир ба таъмин намудани аҳолии ноҳия бо оби босифати нӯшокӣ тақозо менамояд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти таҷрибаи солҳои гузашта, зарур аст, ки доир ба таҳияи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ оид ба пешгирӣ кардани ҳолатҳои фавқулода ва тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳамаи мавзеъҳои хавфноки ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳозирини арҷманд!
Таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти соҳибкориву сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои аҳолӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин, вусъат додани раванди ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз қобилияти кордониву ташкилотчигии роҳбарони ноҳия, ҷамоатҳо, фаъолон ва ҳар як фарди бонангу номус вобаста мебошад.
Бовар дорам, ки барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва албатта, бо заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ марҳала ба марҳала таъмин гардида, дар ояндаи наздик симои ноҳия аз марказ то деҳоти дурдасттарини он дигаргун ва сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани ободу озод дорем ва дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунем. Бинобар ин, бояд минбаъд низ ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори давлати соҳибистиқлоламон ва болоравии нуфузу обрӯи он аҳлонаву содиқона заҳмат кашем.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод анъанаҳои неки аҷдодамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди кишвари маҳбубамон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд ва бо заҳмати ватандӯстонаву созандаи худ ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин