Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Лахш


25.06.2019 14:22, ноҳияи Лахш
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Сарталои ноҳия бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ, ки дар ин минтақа зиёда аз 250 гектар заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардаанд, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Дашти Сарталои ноҳияи Лахш аз майдони умумии заминҳои обёришуда аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии Муҳаммад-2018 дар 54 гектар боғи нав бунёд намуданд.
Дар боғи мазкур, ки асосан бо тарзи интенсивӣ бунёд гардидааст, наздики 30 ҳазор ниҳоли дарахтони себ, олуи сиёҳ ва нок шинонида шуда, айни замон дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш нашъунамои ниҳолон таъмин мебошад. Ҳамзамон бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани замин кишоварзони Хоҷагии деҳқонии Муҳаммад-2018 дар байни қаторҳои боғ навъҳои гуногуни картошка кишт кардаанд. Дар маҷмӯъ картошказори ин хоҷагӣ дар Дашти Сарталои ноҳияи Лахш беш аз 90 гектарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин хоҷагӣ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, ба гуфти масъулон дар мавсими ҷамъоварии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ин нишондод ба 250 нафар хоҳад расид.
Дар боғи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба васеъ намудани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани намудҳои гуногуни ниҳоли дарахтон ва дар ҳамин замина афзоиш бахшидани содироти мева ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Пешвои миллат, бунёди боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад. Бо ҳамин мақсад дастур дода шуд, ки дар талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад.
Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шафати боғи мазкур аз ҷониби деҳқонони зарофари деҳоти ноҳияи Лахш ташкил карда шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
Тавре таъкид гардид, тибқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ инкишофи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ва омили муҳими беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб мераванд.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки кишоварзони ноҳияи Лахш дар истеҳсоли картошка таҷрибаи бағоят калон дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда мегузоранд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта кишоварзони ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат истеҳсоли картошкаро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расониданд.
Соли равон бошад аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Лахш дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст.
Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 78 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом оянда дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ майдони боғот дар ноҳия наздик ба 2 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамасола деҳқонон ба таври фаровон себу нок, шафтолу, гелос, зардолу, олу ва дигар намуди мева ҷамъоварӣ менамоянд.
Тайи солҳои охир занбӯрпарварони ноҳия низ ба пешрафти назаррас ноил гардиданд. Табиати ноҳияи Лахш, ки барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ аст, занбӯрпарварон ҳамасола зиёда аз 100 тонна асал ҷамъоварӣ менамоянд.
Давоми ду даҳсолаи охир дар ноҳияи Лахш бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи чорводорӣ низ рушд кард. Дар ин ҷо хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутос, ки саршумори он ба 624 сар расидааст, ба намоиш гузоштанд.
Имрӯз дар ноҳия 28 ҳазору 475 сар чорвои калон ва 135 ҳазору 198 сар моли майда мавҷуд аст.
Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар тамоми деҳоти ноҳияи Лахш баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камари мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.




Истиқбол дар фурудгоҳи ноҳияи Лахш


25.06.2019 14:34, ноҳияи Лахш
Нимаи дуюми 25 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз Деҳоти Сартало ба маркази ноҳияи Лахш - шаҳраки Ваҳдат ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Лахш роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш
25.06.2019 14:36, ноҳияи Лахш
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сараввал ҳамаи шумо, сокинони заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, табрик мегӯям ва барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.
Имрӯз мо бо вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия шинос шуда, аз он қаноатманд гардидем, ки сокинони ноҳияи Лахш дар ҷодаи истиқболи арзандаи ҷашни бузурги 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистони азизамон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва азми қатъӣ заҳмат кашида истодаанд.
Нисбат ба сафари қаблии мо маркази ноҳия хеле обод гардида, як қатор иншооти инфрасохтори иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд ёфтаанд, ки онҳо боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.
Сокинони ноҳия бо азми қавӣ ба корҳои ободонӣ машғул шуда, кӯшиш карда истодаанд, ки мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намоянд ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи худро боз ҳам беҳтар гардонанд.
Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини пешрафти ин ноҳияи дурдаст аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, дар давоми солҳои охир ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок ва татбиқи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.
Барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 750 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги инфрасохтори коммуникатсионӣ барои ноҳияҳои дурдаст мо роҳи байналмилалии Душанбе – Лахш – Қарамиқро бунёд карда, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро ба якчанд ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Лахш хеле осон намудем.
Дар баробари ин, Ҳукумат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бахусус, пардохти саривақтии маошу нафақа диққати аввалиндараҷа дода, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ менамояд.
Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки солҳои охир ноҳияи Лахш дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна торафт тараққӣ карда истодааст.
То аввали апрели соли 2019 дар ноҳияи Лахш 2400 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум қариб 100 субъект зиёд мебошад.
Дар баробари ин, то моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои хурди қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия ҳамагӣ 880 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки бисёр ночиз буда, зарур аст, ки аз ҷониби сохтору мақомот доир ба ин масъала чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Ҳоло раванди амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018-2020 идома дорад, ки дар доираи он 140 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва иҷрои он зери назорати Дастгоҳи иҷроияи Президент қарор дорад.
Бо вуҷуди ин, иҷрои барномаи зикршуда то имрӯз ҳамагӣ 11 фоиз таъмин гардидааст.
Илова бар ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ амалисозии 136 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо дигар ноҳияҳо нишондиҳандаи чандон қонеъкунанда нест.
То ба имрӯз ҳамагӣ 40 иншоот бунёд шуда, дар ин раванд, ташаббускорӣ кам ба назар мерасад ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои томактабӣ, умумӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ кам ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бояд ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
То ба имрӯз дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 565 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 2 лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 130 миллион сомонӣ идома дорад.
Татбиқи пурраи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Сайрон – Қарамиқ ва қитъаи Обигарм-Нуробод имкон медиҳад, ки тавассути он рафтуомади одамон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот бамаротиб афзоиш ёбад.
Вобаста ба ин, масъулон вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаи зикршуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои мавҷуда, инчунин, бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳал ва дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани иқтидори иқтисодӣ ва зиёд намудани даромади буҷети ноҳия, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии мардум мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ноҳияи Лахш барои истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, картошкаи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза, рушди сайёҳиву ҳунармандӣ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва дигар самтҳо имкониятҳои зиёд дорад.
Аммо то ҳол тамоми имкониятҳо ва иқтидорҳо истифода нашуда, заминҳои зиёд ба гардиши кишоварзӣ ворид нашудаанд ва канданиҳои фоиданок самаранок коркард нашуда истодаанд.
Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои ноҳия беш аз 10 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба соли 2016 ду баробар зиёд шудааст.
Аммо бо сабабҳои дастрасии нокифоя ба воситаҳои молиявӣ ва сатҳи пасти фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ дар ноҳия ҳамагӣ ду корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки чунин вазъ нигаронкунанда мебошад.
Ҳамчунин, таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ, рушди қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиву косибӣ таъмин нашуда истодаанд.
Ҳол он ки ин самт яке аз роҳҳои бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ, бахусус, занону духтарон ва омили муҳимми афзоиши даромади оилаҳо мебошад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати иҷрои супориши қаблӣ дар масъалаи ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои заршӯии хусусӣ дар дарёи Муксуи ноҳия бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ноҳияи Лахш бо шароити мусоиди иқлим иқтидори бузурги истеҳсол намудани картошкаи хушсифат ва навъҳои гуногуни меваро дошта, истифодаи ин имконият метавонад барои таъсис додани ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ноҳия нақши муҳим бозад.
Бо вуҷуди он, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ду соли охир қариб 40 фоизро ташкил додааст, вале таъкидҳои доимӣ ҷиҳати ба 150 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли картошка то ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд.
Масалан, истеҳсоли картошка соли 2018-ум 101 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба имкониятҳои ноҳия хеле кам мебошад.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки сабабу омилҳои асосии иҷро нагардидани нақша, бахусус, бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо, фаъолияти номуназзами иншооти обрасон ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Дар ноҳия имконияти боз 1000 гектар зиёд кардани майдони кишти картошка мавҷуд аст.
Дар ин раванд, роҳбарону мутахассисони ноҳия бояд ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати зиёд намудани майдони боғҳо, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, бунёди гармхонаҳо ва иншооти нигоҳдории меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар самти занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан, рушди қутоспарварварӣ шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода карда шаванд.
Бо мақсади рушди соҳаи қутоспарварӣ Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Мурғоб вазифадор гардида буданд, ки ба ноҳияи Лахш 600 - 700 сар қутос дастрас намоянд, вале бо сабабҳои гуногун ин супориш то ба ҳол иҷро нашудааст.
Умуман, дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, беҳтар кардани зоти чорво, инчунин, бо истифода аз алафи фаровони имсола барои ду сол захира намудани хӯроки дурушти чорво аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд.
Ҳамчунин, илова ба муассисаҳое, ки ҳоло бунёди онҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат идома дорад, роҳбарони ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҳалли мушкилоти мактабҳо, аз ҷумла таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва бо асбобу таҷҳизоти таълимӣ таъмин намудани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Тибқи маълумот дар чор соли охир 1000 нафар фарзандони сокинони ноҳияи Лахш баъди хатми мактаб ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар, аз ҷумла 215 нафар ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шудаанд, ки 45 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳанд ва барои як ноҳияи дурдаст дастоварди хуб мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли 2018 бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони ноҳия 36 муассисаи тандурустии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Дар баробари ин, норасоии мутахассисони дорои маълумоти олӣ, мавҷуд набудани шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона ва бемориҳои қалб, норасоии оби тозаи ошомиданӣ дар муассисаҳои тиббӣ аз қабили мушкилоти соҳаи тандурустии ноҳия мебошанд.
Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои бартараф кардани камбудиву мушкилоти зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.
Роҳбарону мутасаддиёни ноҳия вазифадоранд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таъмиру азнавсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан, бунёди марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, дар ин ҷода ҳамкориро бо соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша тақвият бахшанд.
Тайи солҳои 2017-2018 ва 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи мақсадноку самараноки заминҳо, хусусан, ғайриқонунӣ додани замин, ишғоли худсаронаи замин ва дар он бунёд намудани манзилҳои истиқоматӣ зиёд шуда истодаанд.
Инчунин, масъалаҳои вобаста ба ҷамъоварии андоз, пардохти истифодаи қувваи барқ ва оби полезӣ андешидани чораҳои қатъиро аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар сохторҳои марбута тақозо менамоянд.
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолияти худро бояд ҷиҳати риояи муқаррароти қонуни миллии дар ин самт қабулшуда тақвият бахшанд, зеро дар ин ҷода низ то ҳол як қатор қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки барои таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди ноҳия дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони он дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, сохтмон, маорифу тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода иҷрои вазифаҳои муҳим қарор дорад.
Тибқи маълумот дар ноҳия бунёди корхонаҳои коркарди мева ва истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмон ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии онҳо садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, ба хеле беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Лахш минбаъд низ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафту ободии ноҳия ва Тоҷикистони азизамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Бори дигар сокинони ватандӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги ноҳия дар иҷрои мақсаду мароми созанда ва амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!




Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш


25.06.2019 16:40, ноҳияи Лахш
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Лахш дар шаҳраки Ваҳдат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ дидан намуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон, ки дар сатҳи баланд ба намоиш гузошта шуд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд, оҳангарону табақтарошон, нонпазони моҳир аз 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсули ҳунари худро пешниҳод намуданд.
Дар ин рӯз, номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ, намадресӣ, қолинбофӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба маҳсули дастони бонувон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бояд дар ин ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони мамлакат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Ҳунармандон зимни суҳбат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии онҳо, додани имтиёзу имкониятҳои фарох, ба ин восита эҳё ва ривоҷу равнақ додани баъзе аз ҳунарҳои ба гӯшаи фаромуширафта изҳорӣ сипос намуда, дар кишвар эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иқдоми саривақтӣ унвон карданд.
Дар ноҳияи Лахш ҳамзамон ҳунармандон ба кандакорӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ бофандагӣ ва ғайра машғул буда, дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд ва аз ҳисоби маҳсулоти дастии омоданамудаи хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.
Маҳсулоти нонӣ, аз қабили гирдача, қоқфатир, чапотӣ, кулча, кулчақанд, орзуқ, занг-занг, таҳмол, самбуса, чалпак, шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, ки аз ҷониби нонпазон ва кадбонуҳои моҳир омода карда шудаанд, ба намоишгоҳ шаҳомати хоса зам намуданд, ки ин бори дигар аз ҳунари волои пазандагии занон шаҳодат медиҳад. Маҳсулоти ширӣ, аз қабили ҷурғот, қурут, дуғ, чака, панир, маска ва қаймоқ низ ба намоиш гузошта шуд.
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, тавассути ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки сол то сол дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ ва қолинбофии дастӣ ривоҷу равнақ меёбанд.
Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳунармандон таъкид намуданд, ки ташкил кардани бахшҳои ҳунаромӯзӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ноҳия ва ҳамчинин дар шароити хона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони бешуғл манфиатовар буда, ба ин восита дар оянда даҳҳо ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзонидани он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он чанд коргоҳи хурд сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи маълумоти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Лахш, бо мақсади ҷалби занону духтарони хонашин ба шуғли доимӣ ва соҳибҳунару соҳибкасб гардондани онҳо дар асоси шартномаҳои тарафайн бо филиали Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2018 140 нафар ва шаш моҳи соли равон 73 нафар бонувон ва духтарони бекор ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин дар Деҳоти Қашоти ноҳия як оила дастаҷамъона ба ҳунари намадрезӣ ва бо усули маҳаллӣ ороиш додани он машғул мебошад, ки маҳсули меҳнати онҳо дар дохили ноҳия ва берун аз он харидорони худро дорад. Ҳамчунин як оилаи дигар дар маркази ноҳия ба қолинбофии дастӣ машғул мебошад.



Боздид аз Коргоҳи дӯзандагии “Сумая” дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш


25.06.2019 16:41, ноҳияи Лахш
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Сумая” шинос шуданд.
Коргоҳи мазкур соли 2017 таъсис ёфта, то имрӯз 30 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла 25 нафар зани хонанишин ва як маъюбро соҳиби кор кардааст.
Дар бинои дуошёнаи коргоҳ коргарон асосан ба дӯхтани сару либоси мактабӣ машғул мебошанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи дӯзандагӣ пурра мактабҳои ноҳияро бо сару либоси мактабӣ таъмин менамояд. Барои соли хониши 2019-2020 шуъбаи маорифи ноҳия бо коргоҳ барои дӯхтани 6000 либос шартнома имзо кардааст.
Фаъолияти пурсамари корхонаро Сарвари давлат ҳамчун яке аз роҳҳои амалӣ кардани ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим маънидод карда, таъкид доштанд, ки бояд коргоҳҳои саноатии мамлакат муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони кишварро бо маҳсулоти ватанӣ - сару либоси босифат пурра таъмин намоянд.
Тавре роҳбари корхона Фирдавс Мирзоев иттилоъ дод, дар коргоҳ дар асоси фармоиш барои муассисаҳои давлатӣ, аз қабили идораи хизматрасонии коммуналӣ ва марказҳои савдои ноҳияи Лахш сару либоси махсус тайёр мекунанд.
Соҳибкори маҳаллӣ мақсад дорад, ки барои таъмини мардум бо ҷойи кор ва рушди деҳот дар ноҳия бозяк коргоҳи қаннодӣ ва ошхона барои сайёҳон сохта ба истифода диҳад.



Ба истифода додани майдони марказии ноҳияи Лахш бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ


25.06.2019 16:43, ноҳияи Лахш
Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ рамзи давлатдории қадимаи тоҷикон бо пояаш 8 метрро ташкил медиҳад.
Он аз ҷониби ҳунармандон ва ҳайкалсозони Донишкадаи рассомии кишвар сохта шудааст.
Барои сохтмони муҷассама сокинони ноҳия бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю ободгаронаи Ҳукумати кишвар камари ҳиммат баста, онро аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони ватандӯст бунёд карданд.
Дар майдони марказии ноҳия дар баробари муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мардуми ноҳияи Лахш тавассути ҳашар Нишони давлатиро бо баландии 14 метр сохта мавриди баҳрабардорӣ омода карданд.
Бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромада, омили муҳими муаррифии давлату миллати тамаддунофар ва рамзи ифтихори мардуми фарҳангсолору ватанхоҳи тоҷик мебошад.
Дар ноҳияи Лахш дар шафати варзишгоҳи марказӣ аз тарафи сокинони ноҳия Парчами миллӣ сохта ба истифода дода шуд, ки майдони он макони сайру тамошои мардуми меҳнаткаши ноҳия гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти кишвар рушд карда истодаанд.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум шароити созгор фароҳам оварда мешавад.
Дар ноҳияи Лахш низ барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёду ба истифода додани иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми сокинони ноҳияи Лахш барои бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин