Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат

Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат

ДУШАНБЕ, 26.06.2019/АМИТ «Ховар»/. «Нури Ваҳдат», таҳти чунин унвон дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, нашриёти «Истеъдод» ҷилди 31-уми маҷмӯаи мазкурро пешкаши хонандагон гардонид.
Мураттибони китоби «Нури Ваҳдат» Рамазонӣ Давлатов, Умриддин Юсуфӣ ва муҳаррири масъули он Мирозошоҳрух Асрорӣ мебошанд.
То ҷое мусаллам аст, рисолати асосии адабиёти миллӣ, ки ҷузви таркибии ҳаёти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҳамсафи замона будану инъикоси дастовардҳо ва пешрафтҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ доир ба бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи Барқи Обии Роғун 5 январи соли 2009 гуфта буданд, «дар чунин шароит зарур аст, ки адибону олимон ва умуман аҳли зиё, пирони рӯзгордидаву ҷавонони ғаюр, мардони оқилу дурандеш ва занону модарони боҳиммати Ватан, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамиятӣ ва ходимони дин дар масъалаи даъвати мардум ба ин кори фаъол бошанд ва бо саҳми шахсии худ ба дигарон ибрат нишон диҳанд». Дар ин росто дар китоби «Нури Ваҳдат» шеърҳои шоирони шинохтаи тоҷик, назири Муъмин Қаноат- «Панҷаи нур», Бозор Собир- «Роғун», «Меҳрнома», «Кафшер», Гулназар -«Таронаи Роғун», «Муборакбодӣ», «Файзи Истиқлол», Аскар Ҳаким — «Истиқлолияти кишвари тоҷик», Камол Насрулло — «Чист Роғун?», «Роғун башорат аст», Ҳақназар Ғоиб — «Созем Роғунро зи меҳр», Салимшо Ҳалимшо — «Ахтари Роғун», Саидалӣ Маъмур — «Роғун», Муҳаммад Ғоиб -«Ифтихор», «Нури Роғун», «Васфи Роғун», «Мавҷи нур» гирд оварда шудааст. Дар маҷмӯъ дар ин китоб шеърҳои ба васфи Роғун бахшидаи беш аз ҳаштод шоири тоҷик ҷой дода шудааст.
Мусаллам аст, ки воқеан бунёди Неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба корзори мардонагӣ табдил гардида, он орзуи деринаи миллати тоҷикро дар роҳи тавлиду интишори нур ба воқеияти пурифтихори таърихӣ табдил хоҳад дод.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин