Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт

Ба истифода додани Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт” ва супоридани туҳфаҳо ба кӯдакони ятим аз оилаҳои камбизоат


26.06.2019 11:49, ноҳияи Рашт
Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт”-ро, ки аз ошхона, сехи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази хизматрасонии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Назрулло Алиев бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити марказ, ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо дар баробари имкониятҳои муосири хизматрасонӣ, ҳамчунин барои фаъолияти бонувони ноҳия ва соҳибкасб намудани духтарони маҳаллӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Зеро марказ дорои сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, ки дар он дастгоҳу таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ васлу насб гардидаанд, буда, имконият дорад, ки занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб ва баъдан соҳиби ҷойи корӣ доимӣ намояд.
Иброз гардид, ки сехи дӯзандагӣ дорои имконияти васеи корӣ буда, минбаъд метавонад муассисаҳои таълимии ноҳияро бо сару либоси ягона ба пуррагӣ таъмин намояд. Ҳамчунин дар ин ҷо рахти хоб ва сару либоси тиббӣ низ истеҳсол карда мешавад.
Дар баробар ин, маркази хизматрасонии мазкур дорои кошонаи ҳусн ва маркази таъмири дастгоҳу таҷҳизоти гуногун буда, ба ин васила аҳолии маҳаллӣ ба чунин хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо карданд.
Дар таҳхонаи бинои маркази хизматрасонӣ Чойхонаи миллӣ бунёд ёфтааст, ки имконият дорад якбора ба 120 нафар хизмат расонад.
Аз он ки минтақаи Рашт аз лиҳози табиӣ яке аз маконҳои зебову нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо аст ва сайёҳон ба мавзеъҳои он таваҷҷуҳи зиёд доранд, масъулин дар маркази хизматрасонии мазкур ҳамчунин меҳмонхонаи замонавиро бо 40 ҷойи хоб бунёд кардаанд, ки дар он хизматрасонии сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Дар баробар ин, Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт” дорои хобгоҳ бо 60 ҷой буда, аз хизматрасонии он донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд истифода намоянд. Ҳамчунин онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо дар ин маркази хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, соҳиби ҷойи хоб хоҳанд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид иқдомҳои созандаи соҳибкоронро боиси дастгирӣ хонда, дар ҳамин ҷо ба 70 нафари ниёзманд, ки 20 нафари онҳо ятими кулл мебошанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар ин рӯз оилаҳои ниёзманд низ аз туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат баҳраманд гардиданд.
Иштирокчиёни ин маросим барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба пиронсолону барҷомондагон, ятимону нафарони имконияташон маҳдуд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.



Гузоштани санги асоси Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар ноҳияи Рашт


26.06.2019 11:52, ноҳияи Рашт
Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд.
Иншооти хизматрасонӣ дар шафати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Салимов бунёд карда мешавад.
Ошёнаи якуми бино барои мағоза, ошёнаи дуюм, бо 14 ҳуҷра барои меҳмонхона ва се ошёнаи дигар барои хобгоҳ пешбинӣ шудаанд. Хобгоҳ дорои 54 ҳуҷра буда, дар он то 162 нафар донишҷӯён метавонанд дар вақти таҳсил истиқомат намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастуру маслиҳат доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ талаботи меъёрҳои меъморӣ ва унсурҳои миллиро риоя намоянд.
Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён аз 5 ошёна иборат буда, дар вақти бунёди он наздики 30 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мешаванд.
Барои бунёди бинои замонавӣ қариб 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён дар ноҳияи Рашт дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, то соли 2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.



Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Сияриён” дар ноҳияи Рашт


[h2]26.06.2019 11:54, ноҳияи Рашт
Имрӯз дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази ташхисию табобатии “Сияриён”-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир дар масоҳати умумии 2000 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони бинои беморхона моҳи марти соли 2018 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ризвоншоҳ Шоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.
Иншооти мазкур аз се ошёна ва таҳхонаи дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 50 кат барои муолиҷаи беморон иборат буда, дар ошёнаи якуми он утоқҳои томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, узи, гастроскопия, колоноскопия, ҳуҷраи бемориҳои занона, стомотология, дорухона, гӯшаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дар таҳхона ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхисгоҳ ва ошхона мавҷуд мебошанд.
Дар маркази муосири тиббӣ 40 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна, ба сокинону ниёзмандон, хизмат мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии харҷи зиёдатӣ, дар марказҳои тиббӣ, дар саросари кишвар ҳуҷраҳои махсус барои хатна бунёд мешаванд, ки дар онҳо хатнаи кӯдакон бо риояи қоидаҳои гигиенӣ сари вақт ва бенуқсон, бо ҷалби мутахассисони варзидаи тиббӣ ва дар шароити хуб, анҷом дода мешавад.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи амрози занона ва шуъбаи бемориҳои даруна мавҷуд мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхонаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Тавре иттиллоъ дода шуд, солҳои қабл аз сабаби набудани чунин марказҳои муосири ташхису табобат, сокинони ноҳияи Рашт роҳи дарозро тай карда, ба пойтахти мамлакат барои ташхису табобат мерафтаанд. Акнун бо бунёди чунин як маркази муосири тиббӣ мушкили сокинони ноҳия ҳал гардид.
Бунёди марказҳои муосири ташхисию табобатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри солимии ҷомеа амалӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, табибонро барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон, ҳидоят карданд.



Ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх” дар ноҳияи Рашт


26.06.2019 11:56, ноҳияи Рашт
Имрӯз дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 442,8 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои маъмурии наву замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-и ноҳияи Рашт аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷраи барҳавои корӣ, хазинаи “Амонатбонк” ва толори барҳавои маҷлис бо 60 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-и ноҳияи Рашт, табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав кормандони деҳоти мазкурро барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд ва ба мардум хизмат расондан, дастуру ҳидоятҳо доданд.



Ифтитоҳи бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт


26.06.2019 12:54, ноҳияи Рашт
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои наву муосири Агентӣ ва филиали маркази таълими калонсолон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он - ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон, ҳуҷраи кории роҳбарияти Филиали Муассисаи Давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.
Бинои мазкур дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар бунёд шуда, барои соҳиби касбу ихтисос кардани сокинон ва бо шуғл фаро гирифтани мардуми ноҳияҳои дурдасти мамлакат мусоидати фаъол мекунад.
Маркази таълим барои калонсол дар доираи супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар бинои нав барои омӯзондани касбҳои ороишии мӯй, омӯхтани нозукиҳои кор бо компютер барои маъюбон, синфхонаи замбурисалпарварӣ ва омӯзиши ҳунари кафшергарӣ шароит муҳайё карда шудааст.
Бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамчунин дорои бойгонӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва маҷлисгоҳ мебошад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони агентиро барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ кардани кор, беҳдошти сифати таълим ва касбомӯзӣ ҳидоят намуданд.
Бунёди иншооти нав дар маркази ноҳия туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми ноҳияҳои дурдаст дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буда, дар арафаи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.



Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт


26.06.2019 12:55, ноҳияи Рашт
Имрӯз дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шудааст.
Бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рашт аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он маҷлисгоҳ ва 9 утоқи барҳавои кории муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ барои кормандони ҳизб омода гардидаанд.
Дар ҳудуди иншоот барои ба талаботи меъёрҳои меъморӣ мутобиқ кардан саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш ва атрофи он сабзазору гулкорӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ноҳия, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаҷониба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар рушду пешрафти соҳаҳои муҳими ноҳияи Рашт саҳми сазовор мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба мардуми ноҳия барои ҷонибдории ҳадафҳои созанда изҳори сипос карданд.



http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин