Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

Ба озмуни «20-солагии Ваҳдати миллӣ»

Ваҳдати миллӣ ва ҷаҳони муосир
Натиҷа ва оқибати ҷанги шаҳрвандӣ пеш аз ҳама ҳалокати садҳои ҳазор шаҳр¬вандон, бехонаву манзил, овораву гуреза ва беватан гаштани мил¬лионҳо шахсони бегуноҳ мебошад. Вайрону валангор гаштани шаҳру деҳаҳо, корхона, заводу фабрика ва даҳҳо дигар инф-расохторҳои ҳаётан му¬хими давлатӣ, ҳатто аз байн рафтани давлатҳои алоҳида ва ба давлатҳои алоҳида тақсим шудани онҳо мебошад.
Ҷанги шаҳрвандӣ,– таъкид мекард Демокрит (сс. 460-370 то сол¬шу-мории мо)- барои ин ва он тарафи ба ҳам душман фалокат ба шумор ме¬равад. Он ҳам барои тарафи музаффар ва ҳам тарафи мағлуб якхела ҳалокатовар мебошад». Бадбахтии чунин ҷангҳо дар он аст, ки ин гуна ҷангҳо дар солҳои охир хусусияти «интернатсионалӣ» касб карда, ба он силоҳбадастон аз даҳҳо кишварҳои хориҷ ҷалб мегарданд. Бозингарони геополитикӣ он¬ҳоро зери таъсири худ дароварда, тавассути онҳо манфиатҳои гео¬по¬литикӣ, минтақавӣ ва ҳатто динии худро амалӣ менамоянд.
Як бозингар вобаста ба татбиқи манфиатҳои худ чунин қув¬ваҳои силоҳбадастро исьёнгар, тарафи дигар террорист ном бурда, чунин ҷангҳоро то ноил шудан ба манфиатҳои худ идома медиҳанд. Чунин дустандартӣ дар баҳодиҳӣ ба ҷангҳои шаҳрвандии замони муосир ба муносибатҳои байналмиллӣ халали ҷиддӣ ворид намуда, тарафҳоро метавонад ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ бурда расонад. Чунончи, дар ҷангҳои шаҳрвандии Сурия ва Ироқ шаҳрвандони зиёда аз 80 давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла зиёд аз 1000 шаҳрвандони гумроҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Ба ғайр аз ин, дар ин ҷангҳо эътилофи байналмилалии зиёда аз 60 давлат бо сардории ИМА аз як тараф ва эътилофи байналмилалии давлатҳои Руссия, Эрон, Сурия ва ҳаракати Ҳизбуллоҳ аз тарафаи дигар пайи ҳалли ин муноқиша қарор доранд. Аммо ин қазия ҳанўз аз ҳаллу фасл дур аст. Қаламрави давлатҳои мазкур пойгоҳи ҳарбӣ ва санҷиши яроқҳои нави давлатҳои дар он иштироккунанда гардида, ҳокимияти консти¬тут¬сонии ин давлатро касе ба инобат намегирад. Дар инҷо ҳукуқи байналмилалии муосир амал намекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷангҳои шаҳрвандӣ аслан ғолибу мағлуб нест. Музаффар ақли солим, такя бар таъриху фарҳанги воло ва хиради азалии ин ё он халқу мил¬лат ва фарзандони барўманди он аст, ки дар лаҳзаи ҳассос то чӣ андоза ин қувваи ҷозибанокро ба манфиати миллат ва давлат сафарбар карда метавонанд.
Мо худ шоҳиди онем, ки дар як муддати кутоҳтарини ҷанги шаҳр-вандӣ дар Тоҷикистон хуни зиёда аз 150 ҳазор ҳамватани мо рехта, 55 ҳазор кудак бе падар, 25 ҳазор занону модарон бесаробон монда, 1 миллион ҳамватанони мо гуреза шуданд. Ба иқтисодиёти ба даст¬гириву азнавкунӣ ниёздоштаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Аз ҳама хафнокаш ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мамла¬кат зери хавфу хатари ҷиддӣ монда буд.
Ба Ҷумҳурии Арабии Сурия, ба гуфтаи Президенти он- Башор Асад, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ (марти соли 2011 -марти соли 2017) зиёда аз 200 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонида шуда¬аст. Ба гуфтаи сарвазири давлати Ироқ Ҳайдер ал-Ибодӣ, давалт аз ҷанг бо Давлати Исломӣ, ки натиҷаи дахолати давлатҳои беруна ва ҷанги шаҳрвандӣ аст, зиёда 35 миллиард доллари амрикоӣ зарар дидааст.
Мутаассифона, на ҳама ҷангҳои шаҳрвандӣ чун Тоҷикистон дар сари мизи гуфтушунид ва бо сулҳу салоҳ, бахшиши гуноҳи тарафҳои даргир, оштии миллӣ, таъмини ҳузури мухолифин дар идоракунии давлат, ба Ватан баргардонидани миллионҳо гурезагон ва дар натиҷа суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ба вуҷуд овардани шароит барои фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом мерасанд.
На ҳама сар¬варони давлатҳо ва тарафҳои даргир чун Сарвари муаз-зами миллати мо Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари қудрат омадан кори худро аз сулҳ оғоз намуда, мақсади ниҳоии худро дар нав¬бати ав-вал хоти¬маи ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд. Сарвари давлати мо таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандиро, ки мақсади он порча-порча кардани дав¬лат ва бо ҳамин ба гирдоби фалокат дучор кардани халқи тоҷик буд, ба хубӣ мефаҳмид. Ў аз душворӣ наҳаросид, ҷиҳати рафъи он ба мардум такя кард. Бо як сар¬супурдагӣ ва далерию матонат душ-вориҳоро қадам ба қадам паси сар карда, халқи худро ба ваҳдат наздик оварда, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеӣ гузошт.
Ҳақ бар ҷониби Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар суханронии худ бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ чунин таъкид намуданд, « Ман имрўз гуф¬та метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд авввал пешпо хўрд, вале акнун пирўз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳ¬ри-маниро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркўб созад… Ақли солим ва хиради дурбин пирўз шуд…».
Муваффақият ва музаффарияти Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ў ба рисолати сулҳ¬парварии миллат ва фар¬зан¬до¬ни барўманди он боварии комил дошт. Масъулияти дар назди ў гузоштаи таърих ва миллатро эҳсос мекард. Тақдири талхи ҳазорсолаи ин миллати фарҳангофар аз ў пўшида набуд.
Аз замони ба имзо расидани Созиш¬номаи умумии истиқрори сулҳ ва ри¬зоияти миллӣ, ки он аз тариқи сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷанги шаҳр¬вандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тўлкашида хотима бахшид, 20 сол сипарӣ мегардад.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ як қатор омил¬ҳои дохилидавлатӣ му¬соидат доштанд. Аз ҷумла дарк накардани мазмун ва моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ; нафаҳмидани вазифаҳои дар марҳилаи аввали соҳиб¬истиқлолӣ дар назди давлат ис¬тода; рушд наёфтани заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Истиқлолияти давлатӣ; ташаккул наёфтани низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва элитаи сиёсии миллӣ баъди пош¬хўрии Ит¬тиҳоди Шў¬равӣ; таҳаммул карда ната¬вонистани принсипи инкишофи давлат дар асоси ра¬вия¬ҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ; набудани шуури баланди сиёсӣ ва таҷрибаи сиёсии муборизаи байни ҳизбҳо, ифротгароии динӣ, но¬баробарии тара¬қиёти минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ғ., омилҳое мебошанд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ таъсири бевосита доштанд.
Аз ҷониби дигар, таҳаввулоти бузурги геополитикии солҳои нава¬думи асри XX ба вуқўъпайваста тавонист ба раванди таърих, муно¬си¬бати байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ, андеша ва афкори сиёсию фал¬сафӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ тағйироти куллӣ ворид намояд.
Чунончи, аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ва низоми сотси¬алистӣ ҳамчун як қутби муайянкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, ки Ғарб маҳз мавҷудияти онро сабаби нооромии ҷаҳон, таҳдид ба де¬мок-ратия ва ҳуқуқи инсон арзёбӣ мекард, бояд ба раванди минбаъдаи сиё-сат ва тартиботи ҷаҳонӣ дигаргунӣ ворид намуда, ба муътадил гардидани сиёсати ҷаҳонӣ оварда мерасонид.
Аммо вазъ ба ин ҳол сурат нагирифт. Дар ин таҳаввулот Ғарб худ¬ро ғолиб эҳсос намуда, минбаъд ба муносибатҳои байналмилӣ ва бай¬ни-давлатӣ тавассути «фалокатҳои гуманитарӣ», «инқилобҳои ран¬га», «хиф¬зи ҳуқуқи инсон» таъсири манфии худро расонидан гирифт, ки дар натиҷа Тоҷикистоон низ аз ин раванд дар канор намонд. Баъдан, инсоният шоҳиди ҳодисаҳои бесобиқаи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо, аз байн бурдани низому суботи сиёсиву иқтисодӣ, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халқҳо дар Сербия, Ироқ, Судон, Тунис, Яман, Ливия, Сурия, Украина ва дигар давлатҳои Аф¬риқо гардид.
Аз ҷониби дигар ҳодисаҳои номатлуби замони муосир дар дав¬латҳои зикршуда нишон дода истодаанд, ки заминаи воқеии аз байн бур¬дани суботи сиёсию иҷ¬тимоӣ ва иқтисодиву ҳуқуқӣ, дахолат ба ни¬зоми сиёсиву давлатдорӣ ва ба гирдоби фалокатҳои фоҷиабори миллӣ каши-дани давлат ва миллатҳои алоҳида - ин пеш аз ҳама ҷудоӣ андохтан дар миёни шаҳрвандон ва вайрон намудани ваҳдату ягонагии халқҳо ба ҳисоб меравад.
Аз ин рў, аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ вақти зиёд нагузаштааст, вале мурури вақт собит намуд, ки сулҳу ваҳдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию ичтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва дав¬лат дар сари хат қарор дошта, он асоси пешравӣ, фаъолияи созандаву бунёдкорона, эҷодкорӣ, навоварӣ, нишон додани симои миллату чеҳраи миллӣ ва боло рафтани обрўю эътибори байналмилалии давлат ме¬бошад.
Ваҳдати миллӣ дар Энсиклопедияи сиёсии миллӣ ҳамчун раванди ичтимоӣ-сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ки мақсади он пешгирӣ кардани муноқиша, ба даст овардани ризоият миёни тарафҳои даргир, қатъ кардани амалиётҳои ҳарбӣ ва барқароор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ башумор меравад.
Сулҳу ваҳдати миллии мо буд, ки обрў ва эътибори байнал¬ми¬лалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўз то рўз боло меравад. Аз ҷониби Фо¬руми уму-миҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) бехавфтарин давлати минтақаи Осиёи Мар-казӣ эътироф шудани Тоҷикистон боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин рў, моро зарур аст, ки моҳият ва ҷавҳари аслии ваҳдати миллиро ҳамчун ғоя ва арзиши миллӣ дуруст дарк намоем ва онро сар¬машқи кор ва фаъолияти ҳаррўзаи худ қарор диҳем. Аз ҳодисаҳои пур¬тазод ва бе ниҳоят даҳшатовари замони муосир, оқибатҳои хатарноки ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало гаштани халқу миллатҳо хулосаи зарурии худро бароварда тавонем.
Ба инсон, нақш ва ҷойгоҳи ў дар давлат ва ҷомеа баҳои сазовор диҳем, халқро ҳамчун сарчашмаи воқеии ташаккули ҳокимият донем ва барои ба ҳар як шахс фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ кўшиш ба харҷ диҳем.

К. КАРИМЗОДА, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин