Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи сулҳро бо мухолифин имзо кард, на бо ТТЭ ҲНИ»

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи сулҳро бо мухолифин имзо кард, на бо ТТЭ ҲНИ»

26 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ дар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Тавре хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори санаи таърихӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат ба кулли шаҳрвандони мамлакат хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ барору комёбӣ орзу карданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъкид доштанд, ки «Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад».
Барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, обод намудани манзилҳои зисту иншооти сӯхтаву валангоршуда тадбирҳои нахустин ва бобарори Ҳукумат ва мардуми тоҷик дар роҳи пойдории давлату миллат мебошад.
«Мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи мамлакат хотирнишон созам, ки Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи сулҳро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Яъне мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ҳеҷ гоҳ ягон санад имзо накардаем», — таъкид доштанд Сарвари давлат.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи рангини консертӣ, ки тараннумгари ваҳдати сартосарӣ буд, идома дод.
Устодони санъат, ҳунармандону ҳаваскорони ноҳияҳои водии Рашт дастагули суруду мусиқиро тақдими иштирокдорони барномаи фарҳангии идона карданд.


Манбаъ: www.avesta.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин