Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-Шари деҳоти Себистон бо самимияти хосса сурат гирифт.
Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шар-Шар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Барои таълиму тарбия шароити муосир фароҳам буда, тамоми синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мебошанд.
Бинои нави муассиса дорои 17 синфхона буда, аз ин шумора 5 адади онро синфхонаи фаннӣ ташкил медиҳанд. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хатти алоҳидаи интернет таъмин буда, ҳамчунин барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд.
Як синфхонаи алоҳида барои омӯзонидани нозукиҳои бозии шоҳмот ташкил шуда, он бо тамоми дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин мебошад.
Бинои тозабунёди муассисаи таълимӣ ҳамзамон бо толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст таъмин мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дорои буғхонаи алоҳида буда, он дар асоси технологияи муосир бунёд ёфтааст ва дар фасли зимистон имконият дорад таълимгоҳро пурра бо гармӣ таъмин намояд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар бо назардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст.
Аснои шиносоӣ ва суҳбат Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.
Сипас дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат нишондиҳандаҳои чанд соли охирро дар тамоми бахшҳои ноҳия таҳлилу баррасӣ намуда, рушду нумуи ҳамаҷонибаи ин гӯшаи Тоҷикистонро натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва тадбирандешиҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳудуди Деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бомаром идома дошта, то ба имрӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шар - Шар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардида, мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд.
Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби бародарон Зубайдовҳо дар деҳаи мазкур Бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии кумаки аввалини тиббӣ беҳтар намуд.
Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Себистон боз чандин иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.




Суханронӣ дар маросими ба истифода додани мактаби рақами 28 дар деҳаи Шаршари деҳоти Себистони ноҳияи Данғара


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Устодону омӯзгорон ва шогирдони азиз!
Вақтҳои охир дар тамоми қаламрави кишварамон ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ босуръат ҷараён доранд.
Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара низ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили муассисаҳои таҳсилоти умумиву кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмону азнавсозии 87 иншоотро ба анҷом расонидаанд.
Мушоҳида мегардад, ки ҳоло дар ноҳия корҳои созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, хурду бузурги ноҳия бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хотири обод гардонидани зодгоҳи худ намунаи заҳмати аҳлона нишон дода истодаанд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба тамоми мардуми ноҳия, соҳибкорон ва ҳамаи шахсони ҳимматбаланд барои заҳмати созанда, фаъолияти ватандӯстона ва саҳми ҷавонмардонаашон изҳори сипос намоям.
Итминон дорам, ки то соли 2021, яъне ба истиқболи шоистаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда бо сифати баланд бунёд карда шуда, симои ноҳияи Данғара ва деҳоти он боз ҳам зебо ва муҳимтар аз ҳама, шароити зиндагии мардум хеле беҳтар мегардад.
Боиси хушҳоливу қаноатмандист, ки дар раванди корҳои бунёдкорӣ ба соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа ба шумор рафта, ба ояндаи осудаву ободи кишварамон нигаронида шудааст, эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Ҳоло сохтмон, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳҳо муассисаи таълимӣ дар деҳаву маҳалҳои дурдасти аҳолинишини ноҳия босуръат идома дорад.
Танҳо соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон 7 муассисаи таълимии нав сохта, ба истифода дода шуд, ки онҳо ба хеле коҳиш додани норасоии ҷойҳои нишаст мусоидат намуданд.
Дар доираи корҳои ободонӣ танҳо аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 33 муассисаи таҳсилоти умумии хурду миёна бунёд мегардад, ки ин иқдом ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Илова бар ин, дар ноҳия сохтмони биноҳои нав дар назди 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 7000 ҷойи нишаст идома дорад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Шаршари деҳоти Себистон, ки дар он барои 480 нафар фарзандони сокинони деҳаи зикршуда шароити беҳтарини таълиму тарбия муҳайё карда шудааст, натиҷаи заҳмати созандаи сокинони ноҳия мебошад.
Имрӯз, илова ба чандин иншооти навбунёди таъиноти гуногун, боз ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Талхоб ва Кули Сӯфиён, яъне деҳаҳои дурдасттарини ноҳия мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар се мактаби навбунёди имрӯза, дар деҳаҳои дурдасттарини ноҳия, дар маҷмӯъ, 1600 нафар толибилмон бо беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар оянда барои таъмин намудани шароити боз ҳам беҳтари илму ҳунаромӯзӣ ва машқу тамрини хонандагон дар муассисаҳои навбунёд сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ, маҷлисгоҳу ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла барои таъминот бо гармӣ ва оби ошомиданӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо бунёд гардидани мактабҳои зикршуда мушкилоти фарзандони сокинони деҳаҳои Талхоб, Кули Сӯфиён ва Шаршар пурра ҳал гардид.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони бонангу номуси ноҳия, инчунин, дар таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ низ фаъолона саҳм гузошта истодаанд.
Аз ҷумла роҳҳои дохилии деҳаи Шаршар, ки солҳои тӯлонӣ бисёр харобу валангор буданд, ба масофаи зиёда аз 4 километр азнавсозӣ карда шудаанд.
Ҳоло корҳои ободонӣ дар деҳоти дигар, аз ҷумла дар деҳаҳои Гулафшон, Боботӯпхона, Талхоб ва Кули Сӯфиён идома дошта, то имрӯз аз ҷониби соҳибкорону шахсони эҳсонкор мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, хатҳои барқ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.
Ҳамчунин, мо имрӯз роҳи навбунёди Шаршар ва Себистон-Кули Сӯфиёнро, ки дар маҷмӯъ, масофаи 25 километрро ташкил медиҳад, ба истифода медиҳем.
Яъне мушкилоти даҳҳо ҳазор нафар сокинони деҳаҳои Шаршар, Гулафшон, Боботӯпхона, Талхоб ва Кули Сӯфиён бартараф гардида, барои рафтуомади мусоиду осони одамон ва нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол шароит фароҳам оварда шуд.
Бунёди ин роҳҳо низ аз ҳисоби соҳибкорону фарзандони бонангу номуси диёр анҷом дода шудааст.
Бори дигар таъкид месозам, ки бунёди роҳ ва иншооти дигар дар арафаи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи ҳиммати баланду захмати ватандӯстонаи соҳибкорон ва мардуми ноҳияи Данғара мебошад.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки ҳамаи ободкориҳои то имрӯз амалигардида бидуни ҷалби маблағҳои буҷетӣ, яъне аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии деҳаҳои зикршуда анҷом дода шудаанд.
Ғайр аз ин, бо мақсади дастрасии сокинон ба хизматрасонии босифати тиббӣ бо ташаббуси соҳибкорони саховатманди деҳаҳои Иғрон ва Талхоб маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ бунёд ёфта, аз ҷониби соҳибкорони деҳаҳои дигар бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатӣ бо таваллудхона ва ҳуҷраҳои хатна ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Инчунин, дар доираи ҳамин сафар аз ҷониби сокини саховатманди деҳаи Талхоб маркази саломатӣ ва таваллудхона ба истифода дода мешавад.
Хотирнишон месозам, ки солҳои пеш мардуми деҳаҳои зикршуда барои ташхису табобат дар фаслҳои гармову сардӣ масофаи 50-60 километр роҳро бо заҳмати зиёд тай карда, ба маркази ноҳия мерафтанд.
Акнун ин мушкилоти онҳо бо бунёди таваллудхона ва маркази саломатӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ҳал гардид.
Ба фаъолият оғоз кардани муассисаи навбунёди таълимиро ба шумо- устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз самимона табрик гуфта, бори дигар ба ҳамаи соҳибкорону шахсони эҳсонкори ноҳия барои саъю талоши ватандӯстонаи онҳо ба хотири ободонии кишварамон миннатдорӣ изҳор менамоям.
Бовар дорам, ки чунин амалҳои хайру савоб минбаъд аз ҷониби дигар афроди бонангу номуси мамлакат вусъати бештар хоҳанд ёфт.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки сокинони меҳмоннавозу заҳматпешаи ноҳияи Данғара барои дар сатҳи баланд ва бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азму талоши бештар мекунанд ва зодгоҳу диёри хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияи Данғара хонаи обод, иқболи баланд ва дар ҷодаи ободонии Ватан барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!



Ифтитоҳи роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” дар ноҳияи Данғара


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон”-ро ифтитоҳ карданд.
Роҳи мазкур дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардид.
Роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон” 21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Дар доираи навсозии роҳи “Себистон-Гулафшон” корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 қубури калонҳаҷми обпарто хобонда шуда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро гардид.
Деҳоти Оқсу аз маркази ноҳия дар масофаи 25 километр дур ҷойгир аст ва акнун бо навсозӣ роҳ чандин маротиба наздик ва вақти сафар кӯтоҳ карда шуд.
Дар корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозони маҳаллӣ бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Сохтмончиён дар вақти анҷоми корҳо ба масъалаи таъмини босифати он таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз техникаи муосири роҳсозӣ истифода бурданд.
Роҳи навсозишуда ҳудуди деҳаҳои Себистон, Гулафшон, Талхов ва Қули Суфиёнро дар бар мегирад ва 14 километри роҳ аз ҷониби бародарон Пировҳо пурра таъмир шуда буд.
Дар 14 деҳаи деҳоти Оқсу 3520 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд ва аҳолии он 25 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.
Қули Суфиён дуртарин деҳаи деҳоти Оқсу мебошад, ки аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ҷойгир аст.
Акнун аҳолии деҳаҳои деҳоти Оқсу бемамониат тамоми фасли сол аз роҳи тахту ҳамвор самаранок истифода мебаранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳи навро ба сокинони ин деҳаҳои ноҳияи Данғара муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногун хизмат мекунанд. Бунёди роҳҳои нав ин пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ буда, барои коҳиш додани арзиши маҳсулот низ хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара барои истиқболи сазовор аз санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аз ин миқдор аллакай қариб 80 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Ҳамаи тадбирҳое, ки дар доираи эълони солҳои 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар амалӣ мешаванд, ба хотири рушди деҳот, таъмини инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоӣ барои сокинон роҳандозӣ мегардад.



Ифтитоҳи Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд.
Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ дар ин деҳаи дурдасти ноҳия дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуда, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Қули суфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.
Маркази саломатӣ ва таваллудхона бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо бунёд шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, 1 ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.
Аз рӯи лоиҳа дар Маркази саломатӣ 7 ҳуҷра ва дар таваллудхона 9 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, шикастабандӣ, муолиҷавӣ, хатна ва таваллуд бунёд шуда, ҳамаи утоқҳо барои муолиҷаи беморон, таваллуд ва нигоҳубини модару кӯдак бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки оилаи Ҷамиловҳо дар партави дастгириҳои роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии ватан ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби даромади Хоҷагии деҳқонии худ - “Шингиҳо” ва маблағи барои ҳаҷ ҷамъ намудаашон тадбирҳои ободониро дар ватан вусъат медиҳанд.
Масоҳати умумии замини Беморхонаи марказии байниноҳиявӣ 1 ҳазору 775 метри мураббаъро ташкил дода, аз рӯи тарҳ роҳравҳои атрофи он сафолакпӯш ва барои табибону сокинон ҷойи мувофиқи истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Маркази саломатӣ ва таваллудхона ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро барои анҷоми хизмати софдилона ба аҳолии деҳот ҳидоят карданд.
Солҳои охир дар доираи таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат соҳаи тандурустӣ дар деҳот рушд карда, баҳри фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои бузурги созандагӣ амалӣ карда шуданд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст назаррас ва шоистаи таҳсин аст.




Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар деҳаи Кули Сӯфиён


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кули Сӯфиёни деҳоти Оқсу Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.
Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супорида шуд.
Масоҳати умумии замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 - 1,8 гектарро ташкил дода, дар маркази деҳа бунёд карда шудааст.
Муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур дорои 10 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, физика, химия, биология, китобхона ва дигар утоқҳои лозима мебошад.
Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, аз қабили мизу курсӣ ва муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд
Баъди ба истифода супоридани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагону омӯзгорон дастур доданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи омӯзиши илмҳои муосир ва соҳибкасб гаштан дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд.
Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақона хонандагону омӯзгорони ин деҳаи кӯҳистони мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карданд.
Қаблан дар деҳаи Кули Сӯфиён муассисаи таълимӣ бо 150 ҷойи нишаст фаъолият дошт, вале бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон ба мушкилот дучор гашта буданд.
Вобаста ба ин ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва беҳтар кардани инфрасохтори деҳот аз ҷониби соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯсти ноҳияи Данғара ин мушкилоти сокинону хонандагони деҳаи Кули Сӯфиён бартараф карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи деҳоти ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯст сохтмони иншооти гуногун бо маром ҷараён дорад, ки ҳамаи ин аз ҷонибдории кулли сокинони ноҳияи Данғара аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.



Ифтитоҳи бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ҳамчунин бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсуро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ мебошад ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои ин бинои нави таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 оғоз гардида буд ва инак қабл аз муҳлат иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат дар самти рушди деҳоти дурдаст сохта шудааст ва дар ҷараёни корҳои бунёдӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар бинои муосири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоб ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин имконот барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳидоят намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави ин даргоҳи илму маърифат дар заминаи иморати қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки соли 1987 барои 90 нафар хонанда аз ҷониби аҳолии ин деҳа бо тариқи ҳашар бунёд шуда буд, сохта шудааст.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии мактаби нав барои аҳолии 840-нафараи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукӯҳ аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд дониста мешавад.
Феълан корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, ки толори маҷлис барои 100 нафар, толори варзишӣ барои 128 ҷойи нишаст ва ошхона барои 28 нафарро дар бар мегирад, идома дорад.
Зимни муаррифии лоиҳаи бинои дуюми муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки аслан татбиқи барномаи бунёди ин иншоот ду солро дар бар мегирад, вале муҳандисону сохтмончиён дар асоси дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуданд, то бинои асосии онро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Масоҳати умумии замини мактаб 1,5 гектарро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи лоиҳа дар он барои таъмини беҳтари илму ҳунаромӯзӣ ва ба машқу тармин фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаи Талхоб муосиртарин шароит фароҳам оварда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ва лоиҳаи бунёди бинои дуюми ин даргоҳи илму маърифат ва дигар иншооти ёрирасон дар он хонандагонро ба омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят намуда, ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин имконоти фароҳамкардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Талхоб таърихи тарқрибан 200-сола дорад ва маънои он дар гирди чашмаи оби талх пайдо шудани маҳалли аҳолинишин мебошад.



Боздид аз Боғи “Чашмаи Нуқра”-и ноҳияи Данғара


Сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Заминҳои Боғи “Чашмаи Нуқра” низ дар як мавзеи беоб ҷойгир буд ва дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлонаи коргарон дар муҳлати кутоҳи се чор соли охир ин мавзеъ ба як минтақаи обод мубаддал гардид.
Нашъунамои хуби дарахтон ва ҷамъоварии ҳосили фаровони дарахтони мевадиҳандаи боғ натиҷаи бобарори талошҳҳои судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” 1130 гектар буда, 402 гектарро майдони боғу токзор ва қитъаҳои боқимондаро заминҳои талу теппа ва чарогоҳ ташкил медиҳад.
Боғдорон дар майдони 32,6 га ангур ва дар заминҳои боқимондаи боғ навъҳои беҳтарини дарахтони биҳӣ, бодом, гелос, зардолу, нок, олу, олуча, олучабандак, себ, хуч, чормағз ва дигар меваҷот парвариш мекунанд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи боғу токзор дар Боғи “Чашмаи Нуқра” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, нигоҳубини хуби дарахтон, истеҳсол ва содироти меваҷот ҳидоят карданд.


http://www.president.tj/
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин