Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи соҳторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот таъин гардиданд, иброз доштанд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии оддӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва ҳориҷӣ таъин гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини якум ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардорони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва дар сохтори марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифтанд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ ва камбудиву норасоӣ дар фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни воҳиду сохтори низомиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди ҳар як роҳбар ва масъули соҳа ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти шаффоф ва дар чорчӯбаи қонун ба роҳ мондани фаъолияти кории хизматчиёни низомӣ ва давлатӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як мутахассис вобастагӣ дорад.
Зимни сӯҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити ҳубу мусоиди таълиму тарбия, обутоби бадан дар қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ таъкид карда, барои пурра решакан кардани омилҳои номатлуб, аз қабили ришваситонӣ, зӯроварӣ, тасарруфи молу ашёи давлатӣ ва мубориза бар зидди омилҳои қонунвайронкуниҳо ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок дода шуд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин