Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 22:48 – Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун 
  • 22:42 – Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов 
  • 22:37 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд 
  • 22:34 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд 

Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони кордону масъулиятшинос ва дорои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таъин гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин